Куштӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 5:
<ref>{{Cite journal|url=https://vazhaju.com/search/%D0%9A%D1%83%D1%88%D1%82%D3%A3|title=Куштӣ чист? Маънои вожаи куштӣ|author=|website=vazhaju.com|date=|publisher=Вожаҷӯ|lang=tg|accessdate=2018-03-02}}</ref>.
 
Куштӣ — камарбанди сафед ва борику баланд аст, ки порсиён ва зартуштиён ҳангоми ғуруби офтоб ба камари худ мебастанд ва ба дуо хондан мепардохтанд. Куштӣ - (Гуштӣ) гирифтан ба маънии камари якдигарро гирифтан аст, баъди пирузи.
== Ном ==
Номи куштӣ аз камарбанде ба номи кустӣ гирифта шуда, ки порсиён ва зартуштиён ҳангоми ғуруби офтоб ба камари худ мебистанд ва дар баробари конуни оташ ба дуо хондан мепардохтанд. Куштӣ гирифтан ба маънии камари якдигарро гирифтан аст. Асли он дар забони паҳлавӣ, кустик ва дар забон форсии дарӣ гуштӣ хонда мешавад.
 
Куштӣ — камарбанде аст ки аз ҳафтоду ду нахи пашми гӯсфанд (ба адади ҳафтоду ду фасли Ясно) тобида мешавад ва ҳар шоха аз ин риштаҳо шомили дувоздаҳ нах (ишора ба дувоздаҳ моҳи сол) ва маҷмӯан шаш риштаи (ишора ба шаш гоҳанбор) дувоздаҳтоӣ аст.
Ин камарбанд, ки зартуштиён онро «бандарин» низ меноманд, камарбанде аст бо 72 нах, ки аз пашми гӯсфанд тавассути зани мӯбади бофта мешавад. 72 ба шаш ришта тақсим мегардад ва ҳар даста дувоздаҳ нах дорад, ки ҳафтод ва ду ишора дорад ба ҳафтод ва ду фасли [[Ясно]] (яке аз бахшҳои [[Авасто|Авесто]]) ва дувоздаҳ ба дувоздаҳ моҳи сол ва шаш ишора дорад ба шаш гоҳанбор (ҳабашҳои дини сол). Кустиро се бор бар камар мебастанд, ки ёдовари се асли [[Зартушт]] яъне «гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек» буд<ref>{{Cite journal|last=|first=|date=2018-02-23|title=کشتی (ورزش)|url=https://fa.wikipedia.org/w/index.php?title=%DA%A9%D8%B4%D8%AA%DB%8C_(%D9%88%D8%B1%D8%B2%D8%B4)&oldid=22202040|journal=Википедияи Форсӣ|language=fa|doi=|pmid=|access-date=2018-03-02}}</ref>.
 
Кустиро се бор бар камар мебастанд, ки ёдовари се асли Зартушт яъне «гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек» оинест, ки ҳар зардуштӣ дар ҳафтсолагӣ мукаллаф ба анҷоми он будааст. Дар «Авасто» синни кустӣ бастан понздаҳсолагӣ муайян шуда ва зардуштии муъмин фақат ҳангоми шустушӯ ва вузу кустиро аз худ дур мекунад.
 
Ба назар мерасад, бастани кустӣ нишонаи оғози даврони фархундаи шабоб буда ва тасаввур мешудааст, ки аз таъсири ин банд колбади ҷавон аз нуфузи Аҳреман маҳфуз мемонад. Кустӣ бастан (ё судрапӯшон) дар Эрони куҳан туи маросими бошукӯҳе баргузор ва аз он рӯз ба баъд навҷавон вориди ҷамъи беҳдинон мешуд. Ин расм то ин авохир дар байни мароғиёни Рӯдбор ҷорӣ будааст. Кустиро «банди дин» низ мегӯянд, зеро ҳар зардуштӣ мукаллаф будааст, онро ба камар бандад.
Расми кустӣ бастан ба замонҳои бисёр куҳан марбут мешавад ва ибтидои онро ба Ҷамшед нисбат додаанд.
 
Берунӣ овардааст:
"Ҷамшед ба шукронаи пирӯзӣ бар Заҳҳок мардумро ба бастани кустӣ ва замзама амр кард ва ин кор дар эшон суннат монд".
 
Калимаи кустӣ ё куштӣ дар «Позанд» ба маънии мутлақи ришта ва бандест, ки ба миён мебанданд. Бинобар ин, ба назар мерасад, куштӣ гирифтан ҳам гирифтани куштии (кустии) ҳариф буда, ки баъдҳо ба сурати варзише асил даромада ва маънии нахустини он аз ёдҳо рафтааст:
 
Фарёди ман рас акнун, к-ам дасту пой баста, Бо чун фалак ҳарифе бояд гирифт кустӣ. (Камоли Исмоил)
 
Дар шеъри тоҷикӣ, ба расми куҳани кустӣ бастан ба ҳамон мафҳуми зардуштии он низ таваҷҷуҳ шудааст:
 
Ҳама назди шоҳи замин омаданд,
Бибастанд куштӣ, ба дин омаданд.
(«Шоҳнома»)
 
Ба бурзу фари шоҳи эрониён
Бибандед куштӣ ҳама бар миён.
(Дақиқӣ)
 
Кустии Ҳирқал ба теғи ҳиндӣ бигсал,
Бар сари қайсар салибҳо ҳама бишкан.
(Фаррухӣ)
 
Бибастанд миёнро ба кустию банд,
Бидониста лахте зи Вастову Занд.
(Баҳроми Пажду)
 
Ресмон бигусастанду кустӣ бофтанд,
Гавҳари қандил бишкастанду соғар сохтанд.
(Хоқонӣ)
 
Носири Хусрав дар шеъре онро ба ду маънӣ ба кор бурдааст:
 
Ба кустӣ бо фалак берун чаро рафтӣ,
Куҷо дорӣ ту бо ӯ тоқати кустӣ?!
(Носири Хусрав)
 
Ту бо тарсо суи доно ба як нархӣ,
Агарчи ту камар бастию ӯ куштӣ.
(Носири Хусрав)
<ref>{{Cite journal|last=|first=|date=2018-02-23|title=کشتی (ورزش)|url=https://fa.wikipedia.org/w/index.php?title=%DA%A9%D8%B4%D8%AA%DB%8C_(%D9%88%D8%B1%D8%B2%D8%B4)&oldid=22202040|journal=Википедияи Форсӣ|language=fa|doi=|pmid=|access-date=2018-03-02}}</ref>.
 
== Таърих ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Куштӣ"