Куштӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 56:
 
== Таърих ==
Куштӣ — камарбанди сафед ва борику баланд аст, ки порсиён ва зартуштиён ҳангоми ғуруби офтоб ба камари худ мебастанд ва ба дуо хондан мепардохтанд. Куштӣ - (Гуштӣ) гирифтан ба маънии камари якдигарро гирифтан аст, баъди пирузи.
Куштӣ яке аз қадимитарин ва фарогиртарин варзишҳои дунё аст ва эҳтимолан дар даврони пешини таърих бо тағйири шакл дар ҷангҳои танбатан ва ҷойгузин кардани марг ё садамоти шадид бо як пирӯзии намодин эҷод шудааст. Шоҳидҳои бисёре аз ҳузури куштӣ дар тамоми тамаддунҳои оғозини башари вуҷуд дорад.
Асли он дар забони паҳлавӣ, кустик ва дар забон дарӣ гуштӣ хонда мешавад.
 
Куштӣ — камарбанде аст ки аз ҳафтоду ду нахи пашми гӯсфанд (ба адади ҳафтоду ду фасли Ясно) тобида мешавад ва ҳар шоха аз ин риштаҳо шомили дувоздаҳ нах (ишора ба дувоздаҳ моҳи сол) ва маҷмӯан шаш риштаи (ишора ба шаш гоҳанбор) дувоздаҳтоӣ аст.
Албатта аввалин бор дар [[Юнони Бостон]] ба як варзиши воқеӣ табдил ва дар соли 704 то мелод вориди [[бозиҳои олимпӣ]] шуд. Дар бозиҳои олимпии бостон қаҳрамони куштӣ пас аз қаҳрамони партоби диск муҳиммтарин паҳлавони Юнон шумурда мешуд.
 
Кустиро се бор бар камар мебастанд, ки ёдовари се асли Зартушт яъне «гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек» оинест, ки ҳар зардуштӣ дар ҳафтсолагӣ мукаллаф ба анҷоми он будааст. Дар «Авасто» синни кустӣ бастан понздаҳсолагӣ муайян шуда ва зардуштии муъмин фақат ҳангоми шустушӯ ва вузу кустиро аз худ дур мекунад.
 
Ба назар мерасад, бастани кустӣ нишонаи оғози даврони фархундаи шабоб буда ва тасаввур мешудааст, ки аз таъсири ин банд колбади ҷавон аз нуфузи Аҳреман маҳфуз мемонад. Кустӣ бастан (ё судрапӯшон) дар Эрони куҳан туи маросими бошукӯҳе баргузор ва аз он рӯз ба баъд навҷавон вориди ҷамъи беҳдинон мешуд. Ин расм то ин авохир дар байни мароғиёни Рӯдбор ҷорӣ будааст. Кустиро «банди дин» низ мегӯянд, зеро ҳар зардуштӣ мукаллаф будааст, онро ба камар бандад.
Расми кустӣ бастан ба замонҳои бисёр куҳан марбут мешавад ва ибтидои онро ба Ҷамшед нисбат додаанд.
 
Берунӣ овардааст:
"Ҷамшед ба шукронаи пирӯзӣ бар Заҳҳок мардумро ба бастани кустӣ ва замзама амр кард ва ин кор дар эшон суннат монд".
 
Калимаи кустӣ ё куштӣ дар «Позанд» ба маънии мутлақи ришта ва бандест, ки ба миён мебанданд. Бинобар ин, ба назар мерасад, куштӣ гирифтан ҳам гирифтани куштии (кустии) ҳариф буда, ки баъдҳо ба сурати варзише асил даромада ва маънии нахустини он аз ёдҳо рафтааст:
 
Фарёди ман рас акнун, к-ам дасту пой баста, Бо чун фалак ҳарифе бояд гирифт кустӣ. (Камоли Исмоил)
 
Дар шеъри тоҷикӣ, ба расми куҳани кустӣ бастан ба ҳамон мафҳуми зардуштии он низ таваҷҷуҳ шудааст:
 
Ҳама назди шоҳи замин омаданд,
Бибастанд куштӣ, ба дин омаданд.
(«Шоҳнома»)
 
Ба бурзу фари шоҳи эрониён
Бибандед куштӣ ҳама бар миён.
(Дақиқӣ)
 
Кустии Ҳирқал ба теғи ҳиндӣ бигсал,
Бар сари қайсар салибҳо ҳама бишкан.
(Фаррухӣ)
 
Бибастанд миёнро ба кустию банд,
Бидониста лахте зи Вастову Занд.
(Баҳроми Пажду)
 
Ресмон бигусастанду кустӣ бофтанд,
Гавҳари қандил бишкастанду соғар сохтанд.
(Хоқонӣ)
 
Носири Хусрав дар шеъре онро ба ду маънӣ ба кор бурдааст:
 
Ба кустӣ бо фалак берун чаро рафтӣ,
Куҷо дорӣ ту бо ӯ тоқати кустӣ?!
(Носири Хусрав)
 
Ту бо тарсо суи доно ба як нархӣ,
Агарчи ту камар бастию ӯ куштӣ.
(Носири Хусрав)
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Куштӣ"