Шоҳаншоҳии Ашконӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 35:
 
=== Давраи ҳукумронии Фарҳоди V ===
Соли 2 то милод Фарҳоди V ба тахт нишаста, баъди ду сол ба қатл расонда шуд. Тахти портҳо бе подшоҳ монд ва ашрофи порт ба Август муроҷиат карданд, ки яке аз писарони Фарҳоди IV-ро, ки Муза онҳоро дар Рим пинҳон карда буд, барои подшоҳӣ бифиристанд. Барои сарварӣ ба сулола Вонони I фиристода шуд. Пас аз ӯ соли 12-и милод Артабони III соҳиби тахт гардид. Дар давоми подшоҳии тӯлониаш Артабони III ҳудуди кишварашро хеле васеъ карда, мамлакати мутамарказеро ба вуҷуд овард. Минбаъд набераи Фарҳоди IV (соли 35) Тиридоти III ба тахт соҳиб мегардад, вале пас аз муддате аъёну ашроф, ки хулқу атвори римишудаи ӯро қабул надоштанд, Артабони солҳои қаблӣ дар Гургон (Ҳирканиё) дарвешгардидаро пайдо карда, ба тахт нишонданд. Пас аз фавти Артабон (соли 38) Гударз (Готарз) соҳиби Порт мегардад. Гударз ҳам мисли Артабон мустақиман аз аҷдоду авлоди Ашкониён набуд. Баъдан Порт байни Гударз ва бародараш Вардан тақсим меша­вад, вале ба зудӣ дар шикоргоҳ Вардан ба қатл мерасад. Вонони II – меросбари Гударз фақат чанд моҳ тахт­нишинӣ кард ва фармонбардорона Модро ба бародараш Пакор ва Арманро ба бародари Тиридот бахшид. Дар давраи ҳукмронии Вологези I (соли 80) асосан маданияти портҳо ба тариқи шарқӣ рушд ёфт. Вологез баъди ҷангҳои шадид бо римиён ба тахти Арман бародараш Тиридотро нишонд, ки минбаъд саравлоди Ашкониёни Арман маҳсуб мегардад.
 
=== Ибтидои асри 1 м. ===
Тибқи маълумоти Плиний, Порт дар ибтидои асри 1 м. ба 18 кишвари ниммустақил тақсим шуд. Соли 105 м. Вологези II ба сари ҳокимият омад. Дар ин вақт аз шарқ Кушониён ва аз шарқ аланҳои кӯчӣ таҳдид мекарданд, вале хатари асосӣ аз Рим буд. Соли 109 Ороз соҳиби тахт гардид. Соли 148 Вологези III, ки сарлашкари варзида ва шахси адолатхоҳ буд, ба тахт нишаста, с. 161 барои тасхир намудани Сурияи Рим талош кард, вале ба натиҷае нарасид. Соли 197 писари Вологези III–Вологези IV кӯшид, ки Байнаннаҳрайни Шимолиро тобеъ созад, вале муваффақ нашуд. Парокандагии ҳокимони дохили мамлакат ва ҳамлаҳои пайдарҳами душманони берунӣ сулолаи Ашкониёнро сӯи таназзулёбӣ кашонданд. Пас аз фавти Вологези IV (с. 208) писари ӯ Вологези V ба тахт нишаст, вале андаке нагузашта с. 213 муқобили ӯ бародараш Артабони V бархест. Пас аз муқовимати шадиди тӯлонӣ ӯ Мод, Порт як қисми Байнаннаҳрайну Тайсафунро тасхир кард, вале дар баробараш Вологез ҳам Селевк, Бобул ва чанд шаҳри дигарро нигоҳ дошт. Соли 216 ба Байнаннаҳрайн сипоҳи Рим бо сипаҳсолории Каракалл ҳамла овард. Барои портҳо ин ҳуҷум ногаҳонӣ буд ва бад-ин сабаб Артабон танҳо баъди як сол сипоҳ ҷамъ карда муқобилашон баромад. Дар ноҳ. Нисибин ҷанги шадиде сурат гирифт, вале ҳеч кадом дастболо нашуд. Ин ҷанги охирин байни Рим ва Порт буд. Соли 224 Ардашери I аз авлоди Сосониён дар ҳамвории Урмуздакон Вологези V ва с. 228 Артабони V-ро шикаст дод. Артабон ба кӯҳҳои Эрон паноҳ бурд, вале оқибат дастгир ва дар Тайсафун ба қатл расонда шуд. Бо ҳамин ба сулолаи Ашкониён ва ҳукмронии чаҳорсадсолаи портиҳо хотима гузошта шуд. Ба сари қудрат сулолаи эронии Сосониён омаданд.
 
Дар авоили мавҷудияти давлатдории Ашкониён маданияти эллинии шаҳрҳои юнонӣ ва аҳолии маҳаллӣ аз ҳам ҷудо, қариб дар алоҳидагӣ тараққӣ мекарданд. Аз ибтидои асри 1 м. омезиши ин ду маданият оғоз гардид. Тадриҷан унсурҳои санъати эллинӣ аз байн рафта, унсурҳои санъати маҳаллӣ ҷойгузини онҳо гардиданд. Чунончи маъбади Тахти Ҷамшед ба оташкада монанд буд, дар атрофи қасри марказӣ биноҳои гуногуни айвондор сохта шуданд. Шоҳони ашконӣ шаҳрҳои зебое эъмор карда буданд, ки Тайсафун, Дура–Европос, Вологезия, Селевкия, Ошур, Шуш, Кӯҳи Хоҷа, Хатра ва Ансову Марви таҷдидшуда аз қабили онҳоянд. Аксари хонаҳо аз хишти хом сохта шуда мисли ҳозира ҳавлии дарун ва берун доштанд. Вазъи иҷтимоии давраи Ашкониён хеле гуногун буд: ғуломдорӣ сахт маъмул набуд, танҳо дар баъзе қисматҳои Бобулу Байнаннаҳр ба назар мерасид. Аҳолии асосиро деҳқонони озоди деҳот ташкил медоданд, вале бо мурури замон онҳо ба ашроф тобеъ гаштанд. Тибқи маълумоти ҳафриёти бостоншиносон боғдорӣ, токпарварӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ дар қаламрави Ашкониён ривоҷ ёфта буд. Ҳунармандӣ низ ба сатҳи хеле баланд расида, қолиҳои Ашкониён ва маснуоти филиззии Марғиён хеле шуҳратёр буданд. Аз ҳудуди давлатдории Ашкониён Роҳи бузурги абрешим мегузашт. Тоҷирони маҳал ба Рум пӯст, матоъ, оҳан ва бахусус абрешим мебурданд ва бо Хитой, Палмира, Миср, Фаластин низ робитаҳои тиҷоратӣ доштанд.
 
== Дин ==
Дар даврони салтанати Ашкониён дини ягонаи давлатӣ низ вуҷуд надошт. Мардум ба худоёни маҳаллӣ, юнонӣ, эронӣ, байнаннаҳрӣ, бобулӣ ва амсоли инҳо ибодат мекард. Дар вилоятҳои шарқӣ зардуштия нуфуз дошт. Мутобиқи баъзе маъхазҳо дар даврони ҳукмр. Вологези I як қисмати китоби аз тарафи Искандари Мақдунӣ сӯзондашудаи Авесто дар муҷалладе барқарор шуд. Мақоми зардуштия минбаъд барои дар давраи Сосониён ба дини давлатӣ табдил ёфтани он заминаи мусоид фароҳам овард.
 
Шаҷараи сулолаи Ашкониёнро маъхазҳо, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо, «Парфяне»-и Малколм Коллеҷ бо тафовутҳои хеле бориз ба қалам додаанд.
 
== Эзоҳ ==
Line 41 ⟶ 51:
 
== Адабиёт ==
 
* Иванов М. С. Очерк истории ИранАшкониён М., 1952;
* Кошеленко Г. Ашкониён Культура Парфии. М., 1966;
* Гафуров Б. Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. М., 1972;
* Фрай Р. Наследие ИранАшкониён М., 1972;
* Ҳамон. Мероси Осиёи Марказӣ. Д., 2004;
* Малькольм Колледж. Парфяне. Последователи пророка Заратусры. М., 2004;
* Дьяконов М. М., Очерк истории древнего Ирана, М., 1961;
* Массон М. Е., Народы и области южной части Туркменистана в составе парфянского государства, «Труды Южно-Туркменистанской археологической комплексной экспедиции», Аш., 1955, т. 5;
* Бокщанин А.Ашкониён Г., Парфия и Рим, [ч. 1—2], М., 1960—66;
* Дьяконов И. М., Лившиц В. А.Ашкониён, Документы из Нисы. 1 в. до н. э. Предварительные итоги работы, М., 1960;
* Кошеленко Г. А.Ашкониён, Культура Парфии, М., 1966;
* Кошеленко Г. А.Ашкониён, Некоторые вопросы истории ранней Парфии; «Вестник древней истории», 1968, № 1;
* Debevoise N., A political history of Parthia, Chi., 1938;
* Wolski J., L’historicité d’Arsace I, «Historia», 1959, Bd 8, № 2;
* Ghirshman R., Persian art. The Parthian and Sassanian dynasties…, N. Y., [1962]: _Schlumberger D., L’orient hellénisé, P., 1970.
* سیری در هنر ایران. از دوران بیش از تاربح تا ابمروز. ج.۱، تهران،۱۳۸۷. دانشنامۀ دانشگستر. ج۲. تهران، ۱۳۸۹
 
== Сарчашма ==