Ашрафӣ (Миррамузӣ): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
{{Адиб}}
'''АШРАФӢАшрфӣ''' (форсӣ أشرفی) (вафоташ тақрибан солҳои 1598/99), шоири тоҷик. Бо номи Миррамузӣ низ шуҳрат дорад. Дар зодгоҳаш – [[Самарқанд]] ба камол расида, сипас барои такмили дониш ба шаҳру кишварҳои дигар (аз ҷумла [[Балх]]) сафар кардааст ва аз суҳбатҳои аҳли илму адаби замонаш баҳравар гаштааст. Оид ба муаммо чанд рисола таълиф кардааст. Тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» овардааст, ки «дар илми арӯз низ ба фақир дахлҳо карда, ки суханаш холӣ аз маъқулият набувад, гӯё накӯ медонад. Ва дар гуфтани таворихи маснуъ низ моҳир зоҳир мешавад». Абёти зерин аз ӯст:
:Моҳи ман мерасад аз айни иноят шаби ид,
:Ки дари айш кушояд ба зарандуд калид.