Бабр: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 31:
| iucn = 15955
}}
'''Бабр''' ({{lang-la|Panthera tigris}})  [[ҳайвон]]и ҳайвони дарандаи[[даранда]]и ваҳшӣ, ки ба [[паланг]] шабоҳат дорад.
 
== Таснифот ва тавсифоти зоологӣ ==
Мансуби оилаи гурбашаклҳост. Ҷонвари хеле калон буда, дарозии баданаш то 3, думаш то 1,1  м аст; вазнаш 275–320275—320 кг (дар шароити сунъӣ то 423 кг); баландиаш то сари устухони шона — 1,15  м. Модинааш хурдтар аст. Хусусан бабрҳои ҳиндӣ (банголӣ) ва амурӣ (сибирӣ) ҷуссаи бузург доранд. Қисми пеши бадани паланг нисбат ба қисми қафо бештар инкишоф ёфтааст. Пойҳои пеши паланг 5 ва пойҳои қафояш 4 ангушт дошта, чанголашон гиро аст. Тани бабрро пашми зичи паст пӯшидааст. Ранги тахтапушт ва паҳлуҳояш сурхчатоб; зери манаҳ ва шикамаш сафед буда, рахҳои борики сиёҳ дорад.
 
== Паҳншавӣ ==
Бабр асосан дар [[Осиёи Ҷанубу Шарқӣ]], [[Покистон]], [[Ҳиндустон]], Ҳиндухитой, галаҷазираҳои Малай зиндагӣ мекунад. Дар Моварои Қафқоз ва [[Осиёи Марказӣ]] низ дучор меомад.
 
Солҳои 30 асри 20 дар дунё тақрибан 30 ҳазор сар бабр зиндагӣ мекард; солҳои 60-ум адади онҳо ба 2500 коҳиш ёфт. Дар муддати солҳои 1995–20051995—2005 ҳудуди сукунати бабр дар [[Осиё]] тақр. 40 % кам гаштааст. Бинобар ин, онро ба «Китоби сурх»-и Ҷаъмияти байналхалқии ҳифзи табиат дохил кардаанд. Шикори бабр дар тамоми дунё мамнуъ аст.<br />Каплан дар найзору бешазори кӯҳӣ ва буттазорҳо зиндагӣ мекунад. Аз мавзеъҳои сербарф худро канор мегирад; ба сармо тобовар аст. Ғизои бабр асосан ҷонварони сумдори хурд мебошанд. Гоҳ-гоҳ ба ҳайвоноти хонагӣ, одамон ва ҳатто хирс низ ҳамла мекунад. Бабрҳои одамхор асосан бабрҳои пир ва касал мебошанд, ки аз уҳдаи сайди ҷонварон намебароянд. Бабр сайдро ногаҳон ва чолокона ҷаҳида мегирад; дар сурати бебарор омадани шикор сайдро то 100–150 100—150 м таъқиб мекунаду бас. Бабр дар 2–32-3 сол як маротиба бача (2–42-4, баъзан 6) мезояд. Даври ҳамли он 105 шаборӯз аст. Дар тарқиши шах, ғор ва байни буттаҳо хона месозад. То 20 сол ва бештар аз он умр мебинад. Асосан ҷонвари шабгард аст. Нағз шино мекунад; ба дарахт низ баромада метавонад (бештар бабрҳои ҷавон). Паланг ба баландии то 2  м ва дарозии то 7  м меҷаҳад. Дар шароити сунъӣ низ насл меорад.<br />Палангҳо (паланги туронӣ) то ибтидои асри 20 дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон (дар поёноби д. Вахш) ва Афғонистон низ дучор меомаданд. Бино ба баъзе маълумот бабри охиринро дар «Полвонтукай» («Бешаи палангон») солҳои 50 асри 20 дидаанд.
 
== Бабр дар асотир ==
Дар асотир ва адабиёт бабр дарандаест, ки тасвираш дар осори ҳунарии рӯйи санг ва деворнигораҳо, муҷассамаҳои давраи неолит (ҳазораҳои 8–68-6 то милод) дар баъзе минтақаҳои Осиёи Хурд ба сурати ҳайвон бо ними бадани инсон, одамони палангинапӯш ва иҷрокунандаи рақси ибодатӣ тасвир ёфтаанд. Дар давраи ҳукмронии шоҳони Хетт (ҳазораи 2-юми то милод) бабр ба илоҳаи фаровонҳосилӣ табдил ёфтааст. Инчунин бабр ҳайвони эзадӣ ба шумор мерафт, ки онро дар вуҳушхонаи шоҳон нигоҳ медоштанд. Дар давраи шоҳони Хетт паланг ва шер рамзи давлат буданд. Дар навиштаҳои хеттӣ аз одамоне сухан меравад, ки ба мисли бабр мерақсиданд. Баъзе халқҳои африқоӣ палангро тотем тасаввур мекарданд.
 
=== Бабр ар осори адабӣ ===
Дар осори адабӣ — ҳамосаҳо, таърихҳои дар манотиқи гуногуни олам офаридашуда паҳлавон-қаҳрамони пӯсти каплан ба бар карда дар «Иллиада»-и Ҳомер (Менелай ва дигар паҳлавонон), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (Рустам ҳангоми ба ҷанг ворид шудан «паланги баён» − пӯсти паланг − паланг мепӯшад − Таҳамтан бипӯшид бабри баён, Нишаст аз бари аждаҳои жаён − Фирдавсӣ), Гурҷистон («Палангинапӯш»-и Шота Руставели, ки дар таъсири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ офарида шудааст), дар адабиёти Аврупои Ғарбӣ («Достони Роланд» − ҳамосаи фаронсавӣ, «Дӯ­зах»-и Данте Алигери) ва минтақаҳои дигар ба назар мерасад.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 51:
 
== Адабиёт ==
* Фарҳани забони тоҷикӣ. Ҷ.1. М., 1969;
* Мифы народов мира. Т. 2. М., 1988;
* Дунишенко Ю. М., Куликов А.  Н.  Амурский тигр. Хабаровск, 1999;
* Красная книга Приморского края. Животные. Владивосток, 2005.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бабр"