Иморат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Амора́т''' (ар. – амрдиҳанда, фармондиҳанда, ҳукмраво), 1) мулк ё давлат дар мамолики исломии Ос...
(бе тафовут)

Нусха 04:11, 23 май 2018

Амора́т (ар. – амрдиҳанда, фармондиҳанда, ҳукмраво), 1) мулк ё давлат дар мамолики исломии Осиё ва Африка, ичунин мавзеъҳои мусулмоннишини таърихии Европа, мас., А.-и Кордова (756 – 929) ва А.-и Гранада (1228 – 1492) дар Испания, А.-и Барӣ (847 – 871) ва А.-и Ситсилия (965 – 1072) дар Италия, А.-и Тбилисӣ (736 – 1122), ки амир (ҳокими мутлақи маврусӣ) идора мекард. Сараввал А.-ҳо дар хилофати Араб ба вуҷуд омаданд ва ҳокимонашонро халифа таъйин мекард. Бино ба таълимоти динӣ, ҳокимияти динӣ – имомат ва ҳокимияти сиёсӣ – А. ягона буда, ҷудоӣ надоранд. Яъне халифаҳо – «амир-ал-мӯъминин» (ниг. Амиралмӯъминин) ҳокими ҳамаи мусулмонон мебошанд; 2) воҳиди тақсимоти маъмурӣ (вилоят) дар сохтори давлатҳои исломӣ (мас., Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ).

Ҳамчунин нигаред

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.