Амрикои Марказӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Аме́рикаи Марказӣ''' — қисми ҷанубии Америкаи Шимолӣ, байни гарданаҳои Теуантепек ва Даре...
(бе тафовут)

Нусха 08:00, 23 май 2018

Аме́рикаи Марказӣ — қисми ҷанубии Америкаи Шимолӣ, байни гарданаҳои Теуантепек ва Дарен.

Дар ҳудуди Амрикои Марказӣ давлатҳои Гватемала, Салвадор, Гондурас, Никарагуа, Коста-Рика, Панама ва Белиз (мулки Британияи Кабир) ҷой гирифтаанд. Масоҳ. умумиаш 521 ҳазор км2. Аҳолиаш зиёда аз 40 млн нафар (2010). Дар Амрикои Марказӣ забони испанӣ ҳукмрон аст. Танҳо аҳолии Белиз англисзабонанд. Барои Амрикои Марказӣ туризм манбаи асосии даромад буда, ба ҳисоби миёна соле 7,5 млрд долларро ташкил медиҳад. Дар ин соҳа Коста-Рика дар сафи пеш аст (соле қариб 1 млн 600 ҳазор сайёҳ). Соли 2010 Амрикои Марказӣ 8 млн сайёҳ қабул кардааст.

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.