Нешзании тухм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[File:Sunflower seedlings.jpg|thumb|right|250px|Нешзании тухми офтобпараст]]
'''Нешзанӣ''', '''нешзании тухм''', '''рушди тухм'''  — раванди аз ҳолати оромӣ ба фаъолияти пуршиддати ҳаётӣ гузаштани [[Тухм (рустанӣ)|тухм]], ки дар натиҷаи он чунин сабзида, навниҳол ташаккул меёбад; марҳалаи ибтидоии онтогенези [[рустанӣ]] мебошад.
 
== Раванд ==
Нешзанӣ фақат ҳангоми будани миқдори кофии намӣ, оксиген, ҳарорати муайяни гармӣ ва баъзан режими муайяни рӯш­ноӣ ба амал меояд. Нешзанӣ бо афзоиши мубодилаи моддаҳо дар ҷанин ва эн­досперма тавсиф мешавад. Ҳангоми ба тухм расидани об он варам карда, ферментҳояш фаъол гашта, ҷараёни таодили моддаҳои захиравӣ (оҳар, равған, сафедаҳо) ва асосан таҷзияи онҳо ба қанд, кислотаҳои равған, аминокислотаҳо шиддат меёбад.
 
Ин бошад, тухмро бо энергия ва моддаҳои пластикӣ таъмин менамояд. Баъди варам кардани тухм ҷанини он неш мезанад. Одатан, аввал реша месабзад, ки он пӯсти тухмро сӯрох карда мебарояд. Сипас дар баъзе растаниҳо гипокотил (ин дам тухмпалла ва сармуғча ба рӯи хок меба­рояд) ва дар растаниҳои дигар эпикотил (тухмпалла дар зери хок мемонад ва ба рӯи хок фақат сармугғча мебарояд) нумӯ мекунад. Эҳтиёти тухм ба об ҳангоми нешзанӣ ба таркиби химиявӣ ва ғайра ҳолати физиологии тухм вобаста аст. Ҳангоми нарасидани оксиген, масалан, муддати дароз дар об нигоҳ доштан ё сафолак бастани хок дар тухм спирти этил, кислотаи шир, аммиак ва дигар моддаҳои барои ҷанин зарарнок ҳосил мешаванд.