Африқо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х БОТ: Заменено растровое изображение на изображение в формате SVG.
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 35:
Онро уқёнусҳои Атлантику Ҳинд ва Баҳри Миёназамину Баҳри Сурх иҳота кардаанд. Африқоро гарданаи борики Суэтс (120 км) ва канали Суэтс бо Осиё мепайвандад ва гулугоҳи Гибралтар (бараш 14–44 км) аз Аврупо ҷудо мекунад. Хатти истиво қариб аз байни Африқо мегузарад. Димоғаи шимолтарини Африқо – Алабёз дар 37020′ а. ш., димоғаи ҷанубтаринаш – Сузан дар 340 52′ а. ҷ. воқеанд. Африқо аз Шимол ба Ҷануб 8000 км ва аз Ғарб ба Шимол то 7500 км тӯл кашидааст. Ҷазираҳои назди Африқо дар Шарқ – Мадагаскар, Комор, Маскарен, Амирант, Сейшел, Пемба, Мафия, Занзибар, Сокотра (дар Уқёнуси Ҳинд); дар Ғарб – Канар, Димоғаи Сабз, Аннобон, Сан-Томе, Принсипи, Фернандо-По (Биоко), Мадейра, ҷазираҳои дур – Вознесение, Еленаи Муқаддас, Тристанда – Куня (дар Уқёнуси Атлантик). Соҳилҳои Африқо каме каҷу ноҳамворанд. Халиҷҳои калонтарин: дар Ғарб – Гвинея, дар Шимол – Сидра, дар Шимол – Суэтс ва Адан. Нимҷазираи калонтарини Африқо – Сомалӣ.
 
== РелйефРелеф ==
Аз рӯйи ҳисоби миёнаи баланд будан аз сатҳи баҳр Африқо қораи баландтарини олам мебошад (750 м). Қисми шимолиаш аз сатҳи баҳр 200–500 м, ҷанубиаш (ҷанубтар аз 100 а. ҷ.) 1000–2000 м баланд буда, дар Африқои Шарқӣ низ ба 2000 м мерасад. Баландии баъзе кӯҳҳои оташфишон 5000 м ва аз он ҳам бештаранд. Ба Африқо пуштакӯҳҳои зина-зина ва суффа­кӯҳу баландиҳо (Ҳабашистон, Аҳаҷҷар, Тибест ва ғайра) хоссанд, ки дар онҳо тафтаҳои оташфишонӣ қабати базалтиро ба вуҷуд овардаанд. Дар фурӯхамидагиҳои таҳ­курсии Африқо пастхамиҳои Калахари, Конго, Чад ҷойгир шудаанд. Дар қисми шим. ғарбии он кӯҳҳои Атлас ва дар қисми ҷанубу шарқӣ кӯҳҳои Аждар воқеанд. Ба ташаккули релйефи Африқоҳаракатҳои тектоникии эраи мезозой таъсири зиёд расондаанд. Қисми шарқии қораро, аз халиҷи Суэтс то дарёи Замбези, пастхамиҳои фурӯрафта бурида мегузаранд, ки дар онҳо Баҳри Сурх, биёбони Донакил, кӯлҳои Африқои Шарқӣ (ғайр аз Виктория) ҷой гирифтаанд. Қад-қади тарқишҳои қишри замин кӯҳҳои оташфишони хомӯшшуда ва амалкунандаи Килиманҷаро (5895 м – нуқтаи баландтарини Африқо), Кения (5199 м), Рувензори (5109 м) ва ғайра воқеанд.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Африқо"