Замин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 14:
 
== Тавсифи Замин ҳамчун сайёра ==
Шакли Заминро ба [[геоид]] қиёс мекунанд, ки аз шакли куравӣ кам фарқ мекунад. Геоид сатҳи барҷастаи маҳдудест, ки ба сатҳи миёнаи оби баҳру уқёнусҳо дар ҳолати оромӣ мувофиқ меояд (нигар Геоид). Радиуси Замин андаряк 6371,032 км, радиуси қутбии Замин – 6356,777 км. Масоҳаташ – 510∙106 км2км<sup>2</sup>  (аз ин 29,2%-аш хушкӣ), ҳаҷмаш – 1,083∙1012 км3км<sup>3</sup>, массааш 5,9733∙1024  кг, ки ин ба 1332946-и массаи Офтоб баробар аст. Зичии миёна – 5518 кг/м3м<sup>3</sup>. Тезшавии қувваи вазнинӣ дар хатти истиво ба 9,7803278 м/с2, дар қутбҳо ба 983,209 см/с2с<sup>2</sup>  баробар аст. Суръати гардиши Замин дар мадор ба ҳисоби миёна 29,7859 км/с. Замин якҷо бо Офтоб дар атрофи маркази Галактика (як даври гардиши галактикӣ тақр. ба 200 млн сол баробар аст), дар атрофи Офтоб (як давраш як сол) ва дар атрофи меҳвари худ (дар як шабонарӯз як бор) давр мезанад; дар натиҷаи претсессия (тақр. дар 26000 сол) ва нутатсия (тақр. дар ҳар 18,6 сол) оҳиста-оҳиста самти меҳвари гардишашро тағйир медиҳад. Кунҷи тамоюли меҳвари гардиши Замин нисбат ба ҳамвории мадори он 66о33’66°33' аст. Бадал шудани фаслҳои сол натиҷаи ба тарафи сатҳи мадор – эклиптика майл кардани меҳвари гардиши Замин мебошад. Радифи табии Замин – Моҳ дар гирди Замин аз рӯйи мадори эллипсӣ дар масофаи ба ҳисоби миёна 384400 км (~ 60,3 радиуси миёнаи Замин) давр мезанад. Массаи Моҳ (73,484∙1021 кг) тақр. ба 1:81,5 массаи Замин баробар аст. Маркази массаҳои манзумаи Замин – Моҳ аз маркази Замин ба андозаи ¾ радиуси он (тақр. 4700 км) ақиб мемонад. Ҳар ду ҷирм – Замин ва Моҳ дар атрофи маркази массаҳои манзума давр мезананд. Нисбати массаи Моҳ ба массаи Замин дар байни тамоми сайёраҳои манзумаи Офтоб ва радифони онҳо аз ҳама бештар аст, бинобар он манзумаи Замин – Моҳро аксар ду сайёра (сайёраҳои дугона) мешуморанд.
 
Аз сабаби мадори эллипсӣ доштани Замин масофаи байни Замин ва Офтоб дар давоми сол аз 147,100 млн км (дар перигелий) то 152,100 млн км (дар афелий) тағйир меёбад. Масофаи миёнаи аз Замин то Офтобро воҳиди астрономӣ меноманд ва он ба ҷойи воҳиди ченкунии масофа дар ҳудудҳои манзумаи Офтоб истифода мешавад. Давраи гардиши Замин, ки бо фосилаи вақти байни ду гузариши Офтоб аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ мувофиқат мекунад, соли тропикӣ номида мешавад ва асоси тақвимҳои имрӯза мебошад. Давоми соли тропикӣ ба 365, 2422 шабонарӯзи офтобии миёна баробар аст.
 
Меҳвари гардиши Замин ба ҳамвории эклиптика таҳти кунҷи 23о26’2123°26'21,448» майл мекунад (дар 12 соат 1.1.2000); Ин кунҷ дар сад сол ба 46,84024» кам мешавад. Ҳангоми ҳаракати Замин дар мадор, дар атрофи Офтоб дар давоми сол меҳвари гардиши он самти доимиро дар фазо қариб нигоҳ медорад. Ин боиси бадалшавии вақтҳои сол дар сайёра мегардад. Таъсири ҷозибавии Моҳ, Офтоб, сайёраҳо боиси тағйироти даврии дурударози экссентриситети мадор ва тамоюли меҳвари Замин мегардад, ки шояд яке аз сабабҳои тағйироти бисёрасраи иқлим бошад.
 
Гардиши Замин дар атрофи меҳвари худ боиси бадалшавии рӯзу шаб дар рӯйи Замин гардида, даврияти бисёр равандҳои табииро муайян мекунад. Таъсири ҷозибавии Моҳ ва ба дараҷаи кам Офтоб боиси мадд дар уқё­нусҳо ва обшӯйшавии хушкӣ мегардад. Дар уқёнуси кушод дар наздикии хатти истиво маддҳои моҳтобӣ ба 1 м мерасанд. Дар ха­лиҷҳои танг баландии маддҳо чанд маротиба афзуда, ба 18 м мерасанд. Даври гардиши Замин яке аз воҳидҳои асосии ҳисоб кардани вақт мебошад.
Сатри 24:
Табақаҳо ва сохти дохилии Замин Замин аз табақаҳои ҳамшафат (геосфераҳо)-и маг­нитосфера, атмосфера, ҳидросфера, ин­чу­нин биосфера иборат аст. Муҳити фазои наздизаминиро магнитосфера меноманд. Ин табақаи аз ҳама тӯлонии Замин аст. Хусусияти физикии он бо майдони магнитии Замин ва ама­лиёти мутақобили ин майдон бо ҷараёни мутақобили заряднок муайян карда мешавад. Замин ҳамеша дар зери ҷараёни корпускулавии Офтоб (ба истилоҳ боди офтобӣ) қарор до­рад. Дар назди мадори Замин суръати самтии ҳаракати зарраҳо аз 300 то 800 км/с мерасад. Плазмаи Офтоб майдони магнитиро ҳам­ро­ҳи худ меорад, ки шиддатнокиаш ба ҳисоби миёна ба 4,8∙103 А/м (6∙10–5 Э) баробар аст. Сарҳадди магнитосфераи маг­нитопауза аз ҷойе мегузарад, ки дар он фишори ди­намикии боди офтобӣ бо фишори майдони магнитии Замин баробар аст.
 
Замин бо атмосфера ё табақаи ҳаво иҳота шудааст. Доираи берунии атмосфера минтақаи радиатсионии Заминро дар бар мегирад. Массаи атмосфераи Замин тақр. баробари (5,15–5,3)∙1018  кг, фишори он ба сатҳи Замин ба ҳисоби миёна 101,325 кПа (1 ат.) аст. Зичии фишори атмосфера бо афзудани баландӣ зуд кам мешавад. Атмосфера аз қабатҳои тропосфера, стра­тосфера, термосфера, экзосфера, ионосфера иборат буда, ҳар қабат бо хусусияти физикию кимиёияш фарқ мекунад. [[Атмосфераи Замин]] барои нури Офтоб, ки сатҳи Заминро то ҳарорати миёнаи +22оС22°С гарм мекунад, шаффоф аст. Ба сатҳи Замин нобаробар омада расидани энергияи гармӣ боиси буғшавии оби уқёнусҳо дар миқёси васеъ ҷойивазкунии массаҳои атмосферӣ ва боришот мегардад. Абрҳо гармии Офтобро инъикос мекунанд, газҳои гуногун (буғи об, гази карбон, метан, оксиди нитроген ва ғ.) дар атмосфе­ра ба сардшавии сайёра монеъ мешаванд. Тавозуни гар­мии мавҷудбудаи сайёра ноустувор аст ва дар таърихи Замин он боиси баландшавии ҳарорати глобалӣ (дар давраи ангиштсанг) ва ҳам пастшавии он (дар давраҳои яхбандӣ) гардидааст (нигар Атмосфераи Замин).
 
Ҳидросфера табақаи обии Замин буда, байни атмосфера ва қишри сахти Замин (литосфера) ҷойгир аст. Ҳидросфера тамо­ми оби баҳру уқёнусҳо, обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ (дар хушкиҳо), яху барфи Арктикаю Антарктика, инчунин обҳои атмосферӣ ва биологӣ (оби организмҳои зинда)-ро дар бар мегирад.
Сатри 33:
Дар ҳоли ҳозир аз нигоҳи илмӣ Замин аз қишр, мантия ва ҳаста (ядро) иборат аст, ки онҳо бо хусусиятҳои физикӣ, таркиби кимиёӣ ва минералогии худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар геофизика ин қабатҳоро бо ҳарфҳо ифода мекунанд: А – қишри Замин, B, C ва D – қабатҳои мантияи Замин, Е – ҳастаи берунии Замин, G – ҳастаи дохили (субядро)-и Замин
 
Қишри Замин қабати ғайриякҷинса ва мураккабтарин буда, қариб 1 дарсади ҳаҷми Заминро ташкил медиҳад. Аз чандин навъ (тип)-и қишри Замин континентӣ (хушкӣ) ва уқёнусии он бештар паҳн шудааст. Ғафсии қишри Замин дар уқёнусҳо 5–10 км, дар континентҳо то 40–70 км аст. Сохти навъи котинентӣ се қабат дорад: болоӣ – таҳшинӣ (аз 0 то 20 км), мобайнӣ, номи шартиаш «гранитӣ» (аз 10 то 40 км) ва поинӣ – ба истилоҳ «базалтӣ» (аз 10 т о 70 км), ки онро сатҳи Конрад аз қабати «гранитӣ» ҷудо мекунад. Қишри Замин аз ҷинсҳои таҳшину магмавӣ таркиб ёфта, аз мантия бо сатҳи Мохоровичич ё мухтасаран ҳудуди Мохо ҷудо шудааст (нигар Қишри Замин). Мантияи Замин поинтар аз ҳудуди Мохо сар шуда, то умқи 2980 км мерасад. Он байни қишри Замин ва ҳастаи ЗЗамин ҷойгир буда, 83 дарсади ҳаҷм (ғайр аз атмосфера) ва 67 дарсади массаи Заминро ташкил медиҳад. Мантияро ба қабатҳои болоӣ (В), мобайнӣ (С) ва поинӣ (D) ва қабати поини (охири)-ро ба қабатҳои D› ва D» ҷудо мекунанд. Мантияи болоӣ (қабати В) поинтар аз ҳудуди Мохо хобида, умқи то 400 км, мантияи мобайнӣ (қабати С) умқи аз 400 то 670 км ва мантияи поинӣ (қабати D) умқи аз 670 то 2980 км-ро дар бар мегирад. Қисми болоии онро, ки бевосита дар таги қишр хобидааст, субстрат меноманд, қишру субстрат якҷо литосфераро ташкил медиҳанд. Моддаи мантия асосан сахт буда, дар умқи байни 100–400 км тадриҷан нарм шудан мегирад ва ба ҳолати моеъ мерасад. Дар ин ҷо манбаъҳои тафта (магма) ба вуҷуд меоянд, ки онҳо амалиёти вулканҳоро таъмин мекунанд. Равандҳои тектоникӣ, зилзила, вулканизм, пайдо шудани кони сарватҳои зеризаминӣ бо модда ва энергияи мантия вобастаанд (нигар Мантияи Замин). Радиуси миёнаи ҳастаи Замин тақр. 3,5 км буда, ба ҳастаи берунӣ (қабати Е) ва ҳастаи дохилӣ (қабати G) тақсим мешавад, ки аз ҷиҳати хосиятҳои физикӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Он қариб 15 дарсади ҳаҷми Заминро ташкил медиҳад. Ҳастаи берунӣ умқи 2980–5150 км-ро ишғол мекунад. Ҳастаи берунӣ моеъ буда, дар он ҷо суръати мавҷҳои арзии зилзила то сифр коҳиш меёбад. Ҳамчунин суръати мавҷҳои тӯлии зилзила аз 13,6 км/соат дар ҳудуди болоӣ то 8,3 км/соат дар ҳудуди поинӣ кам мешавад. Ҳангоми гузариш аз мантия ба ҳаста зичии муҳит зуд меафзояд (аз 5600 кг/м3 то 10000 кг/м3). Дар натиҷаи ҳаракати ҳастаи моеъ дар атрофи меҳвари гардиши Замин дар ҳас­таи берунӣ ҷараёни электр пай­до мешавад, ки он майдони асо­­сии магнитии Заминро ба вуҷуд меоварад. Ҳастаи дохилӣ (қаба­ти G) поинтар аз қабати Е то мар­каз ҷойгир аст. Ҳастаи беру­нӣ сахт буда, дар он мавҷҳои тӯлии зилзила қариб 11,2 км/соатро ташкил медиҳанд ва қа­риб тағйир намеёбанд, чунки дар ин фосилаи умқ фишор қа­риб доимист. Дар охири асри 20 му­қаррар карда шуд, ки сур­ъати кунҷии даврзании ҳастаи дохилӣ нисбат ба суръати қа­батҳои сахти берунии Замин 1–2% баландтар аст. Ин нисбат ба ҳастаи моеъ ва сахт ғеҷидани мантия, инчунин анизотропияи меридиании хосси суръати ҳас­таи дохилиро мефаҳмонад. Му­ҳаққиқон тахмин мекунанд, ки ҳастаи дохилӣ аз ҳисоби ҳастаи берунӣ афзоиш меёбад (нигар Ҳастаи Замин).
 
== Тавсифи физикии Замин ==
Ҳангоми ҳаракат ба маркази Замин қимати зичӣ, фишор, қувваи вазнини, хосиятҳои чандирии моддаҳо ва ҳарорати Замин тағйир меёбад. Зичии миёнаи қишри Замин – 2800 кг/м3м<sup>3</sup>. Зичии миёнаи қабати таҳшинии қишри Замин 2400–2500кг/м3м<sup>3</sup>, қабати «гранитӣ» 2700 кг/м3м<sup>3</sup>, қабати «базалтӣ» 2900 кг/м3м<sup>3</sup>. Дар сарҳадди қишри Замин ва мантия зичӣ якбора то 3100–3500 кг/м3м<sup>3</sup> меафзояд. Баъд он ҳамвор афзуда, дар қисми поини атмосфера ба 3600 кг/м3м<sup>3</sup> ва дар сарҳадди ҳаста ба 5600 кг/м3м<sup>3</sup> мерасад.  Ҳангоми гузариш ба ҳаста зичӣ якбора то 10000 кг/м3м<sup>3</sup> баланд шуда, баъд дар  маркази Замин ҳамвор то 12500 кг/м3м<sup>3</sup>  меафзояд.
 
Шитоби қувваи вазнинӣ дар Замин то умқи 2500 км кам тағйир ёфта, аз қимати 10 м/соат2  камтар аз 2% фарқ мекунад. Дар сарҳадди ҳаста он ба 10,7 м/соат2 баробар буда, баъд дар маркази Замин ҳамвор то сифр коҳиш меёбад. Аз рӯи маълумоти зичӣ ва шитоби қувваи вазнинӣ фи­шореро, ки баробари афзоиши умқ пайваста баланд ме­шавад, ба ҳисоб мегиранд. Он дар таги қишри материкӣ ба 1 гПа наздик буда, дар таги қабати В қариб 1,4 гПа, қабати С қариб 35 гПа, сарҳадди ҳаста қариб 136 гПа ва дар маркази Замин қариб 361 гПа (3,6 млн атмосфера)-ро ташкил медиҳад.
Сатри 51:
Бино ба фарзияҳои космо­гонии замони ҳозира таркиби кимиёии сайёраҳо, ради­фони онҳо ва шиҳобҳо бояд ба таркиби Офтоб наздик бошад (нигар Геокимиё). Таҳлили кимиёии ҷинсҳои за­минию қамарӣ, шиҳобҳо ва таҳлили спектрии Офтобро бо ҳам муқоиса карда, маълумотро доир ба зичӣ ва дигар хусусиятҳои физикии моддаҳои зеризаминӣ ба назар гирифта, таркиби Замин ва геосфераҳои гуногуни онро ба таври умумӣ тавсиф намудан мумкин аст.
 
Дар таркиби Замин (ҳам аз ҷиҳати масса ва ҳам аз ҷиҳати миқдори атомҳо) оҳан, оксиген, силитсий ва магний бартарӣ доранд. Ҷамъулҷамъи онҳо беш аз 90 дарсади массаи Заминро ташкил медиҳад. Қариб нисфи қишри Замин аз оксиген ва зиёда аз чоряки он аз силитсий иборат аст. Ҳиссаи алюминий, магний, калсий, натрий ва калий низ кам нест. Оксиген, силитсий ва алюминий пайвастҳои дар қишр хеле паҳншудаи дуоксиди силитсий (SiO2SiO<sub>2</sub>) ва гилзамин (Al2O3Al<sub>2</sub>O<sub>3</sub>)-ро ташкил медиҳанд.
 
Қисми зиёди рӯи Заминро уқёнуси Олам ишғол кардааст (361,1 млн км2км<sup>2</sup> ё 70,8%). Уқёнуси Олам аз уқёнусҳои Ором, Атлантика, Ҳинд ва Яхбастаи Шимолӣ иборат аст; баъзе муҳаққиқон қисмҳои наздиарктикии уқёнусҳои Атлантика, Ором ва Ҳиндро ба уқёнуси алоҳида – Ҷанубӣ ҷудо мекунанд. Ҷойи амиқтарини уқёнус – новаи Мариана дар уқёнуси Ором, 10920 м, умқи миёнаи уқёнус – 3900 м. Хушкӣ 149,1 млн км2км<sup>2</sup> (29,2%)-ро ташкил медиҳад, ки шаш материки калон: Авруосиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Антарктида, Австралия ва ҳамчунин ҷазираҳои сершуморро ба вуҷуд овардааст. Ба материкҳо тақсим кардани хушкӣ бо тақсимот ба тарафҳои олам мувофиқат намекунад: Авруосиё ду тарафи олам – Ав­рупо ва Осиё ва материкҳои амрикоӣ як тарафи олам – Амрикоро дар бар мегиранд; баъзан ҷазираҳои уқёнуси Оромро ҳамчун қисмати махсус – Уқёнусия ҷудо меку­нанд, ки масоҳати он якҷо бо Австралия ҳисоб карда мешавад. 100,5∙106 км2км<sup>2</sup>-и материкҳо дар Нимкураи шимолӣ ва 48,5∙106 км2км<sup>2</sup>-аш дар Нимкураи ҷанубӣ ҷой гирифтаанд. Баландии миёнаи хушкӣ – 875 м. Нуқтаи баландтаринаш 8848 м (қ. Ҷомолунгма дар қ-кӯҳҳои Ҳимолой). Бештари материкҳо (48,2∙106 км2) аз пастиҳо (аз с. б. 0–200 м) иборат аст. Баландию пуштакӯҳҳо (аз с. б. 200–500 м) 33∙106 км2км<sup>2</sup>-и масоҳати хушкӣ, кӯҳҳои аз 500 м баландтар қисми боқимондаи хушкӣ, аз ҷумла кӯҳҳои баландиашон аз 200 м зиёд танҳо 16.106 км2км<sup>2</sup>-ро ташкил медиҳанд. Қариб 800000 км2км<sup>2</sup>-и хушкӣ аз с. б. пасттар ҷой гирифтааст, ки депрессия ном дорад.
 
Табақаи ҷуғрофиёӣ, яъне табақаи ландшафтӣ дорои хусусиятҳои табиии Замин аст, ки ғафсии он аз 40 км зиёд нест. Фаъолияти хоҷагии инсон дар ҳамин ҷо мегузарад. Энергияи манбаъҳои гуногун (асосан Офтоб) дар ҳудуди табақаи ҷуғрофиёӣ (ландшафтӣ) ба гармӣ, молекулавӣ, кимиёӣ, кинетикӣ, потенсиалӣ, электрӣ барин шаклҳои энергия табдил меёбад. Ба сабаби курашакл будани Замин табақаи ҷуғрофиёӣ ба минтақаҳои арзӣ тақсим шудааст, ки онҳо чун минтақаҳои гармии аз ҷиҳати иқлим фарқкунанда зоҳир мегарданд. Намуди рӯи Замин аз таъсири қувваҳои табиӣ ва фаъолияти хоҷагии инсон тамоман тағйир ёфтааст.
Сатри 63:
Ҳама таркибҳои ҳидросфера ё табақаи обии Замин об дорад. Ин об ҳамаи геосфераи Заминро фаро мегирад. Беш аз 94 дарсади ҳаҷми умумии ҳидросфера дар уқёнусу баҳрҳо, қариб 4% дар обҳои зеризаминӣ, қариб 2% дар таркиби криосфера ва ҳамагӣ 0,013% дар обҳои рӯизаминии хуш­кӣ (дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, ботлоқҳо) ҷойгир аст. Дар таркиби обҳои табиӣ қариб ҳамаи унсурҳои кимиёӣ мавҷуданд. Дар оби уқёнусҳо оксиген, ҳидроген, хлор ва натрий, дар оби хушкӣ карбонатҳо бартарӣ доранд. Миқдори моддаҳои минералӣ дар обҳои хушкӣ (шӯр) вобаста аз шароити маҳал ва пеш аз ҳама иқлим фарқ мекунад. Минералнокии дарёҳо ва кӯлҳои обашон ширин кам буда, шӯрии онҳо аз 50 то 1000мг/л тағйир меёбад. Шӯрии оби баҳрҳо аз 1 то беш аз 40‰ (баҳри Сурх) буда, ба ҳисоби миёна қариб 35‰-ро ташкил медиҳад. Намак аз ҳама бештар дар кӯлҳои обашон шӯр (баҳри Майит то 310‰) ва обҳои шӯри зеризаминӣ (то 600‰) ба назар мерасад. Барои уқёнуси Олам гардиши фаъоли об хос аст.
 
Қисми бештари ҳидросфера дар қишри Замин (ҳидрогео­сфера) ва мантияи Замин ҷойгир аст, вале обҳои зеризаминие, ки дар мубодилаи об бо муҳити атроф фаъолона иштирок мекунанд, фақат 0,7 дарсади захираҳои умумиро ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди хушкӣ обҳои рӯизаминӣ дар кӯлҳо, обанборҳо, ботлоқҳо ва дарёҳо ҷамъ шудаанд. Миқдори зиёди об дар кӯлҳо (аз рӯйи баҳодиҳиҳои гуногун аз 176 то 275 ҳазор км3км<sup>3</sup>) мавҷуданд. Кӯлҳои сарбаста индикатори хосси тағйирёбии иқлим мебошанд.
 
Дар асри 20 обанборҳои калон сохта шуданд. Масоҳати обанборҳо аз 400 ҳазор км2км<sup>2</sup> зиёд буда, якҷо бо масоҳати кӯлҳои танбаӣ (Байкал, Онега, Зайсан, Виктория, Онта­рио ва ғ.) ба 800 ҳазор км2км<sup>2</sup> мерасад. Ҳавзҳои сунъӣ ҷо­ришавии устувори дарёҳои хушкиро тақр. 25% зиёд мекунанд. Ҳаҷми асосии обҳои рӯизаминӣ дар бот­лоқҳо ҷамъ шудаанд. Масоҳати уму­мии ботлоқҳо қариб ба 3 млн км2км<sup>2</sup>  (қариб 2 дарсади хушкӣ) мерасад. Ҳаҷми умумии оби ботлоқҳо – қариб 11,5 ҳазор км3км<sup>3</sup>. Қисми аз ҳама серҳаракати ҳидросфера дарёҳо ме­бошанд. Ҳаҷми умумии оби дарёҳои ҷаҳон кариб 2120 км3км<sup>3</sup>-ро ташкил медиҳад, вале ин ҳаҷм дар давоми сол ба ҳисоби миёна қариб 24 бор нав мешавад; захираҳои обии дарёҳо дар як сол – қариб 43 ҳазор км3км<sup>3</sup>.
 
Дар табиати Замин криосфера, ки дар он захираҳои бузурги об (дар намуди яху барф) ва сардӣ ҷамъ шудаанд, нақши бузург дорад. Ях­ои табиӣ (аз ҷумла зеризаминӣ) масоҳати 72,4 млн км2км<sup>2</sup> (14,2 дарсади рӯйи Замин ва 50 дарсади сатҳи хушкӣ), пиряхҳо ва пӯшишҳои пиряхӣ 16 млн км2км<sup>2</sup> (11 дарсади хушкӣ), яхи зеризаминӣ 32 млн км2км<sup>2</sup> (21,5 дарсади хушкӣ), яхи баҳрӣ 26 млн км2км<sup>2</sup> (7 дарсади уқёнус)-ро ташкил медиҳанд; барфу ях рӯи Заминро дар давоми сол аз 53,6 то 91,2 млн км2км<sup>2</sup> (дар охири асри 20 – ибтидои асри 21 ба 99,2 млн км2км<sup>2</sup> расид) мепӯшонанд. Массаи аз ҳама зиёди яхҳои рӯизаминиро пиряхҳо ва пӯшишҳои пиряхӣ ташкил медиҳанд (30∙1015, қариб 5 баробар зиёд аз массаи моеъҳои рӯйизаминӣ дар хушкӣ), дар онҳо 98,2 дарсади ҳамаи массаи ях ҷамъ шудааст. Яхбандии ҳозира дар Антарктида (ҳаҷмаш 23296630 км3, масоҳати паҳншавиаш 13979 ҳазор км2км<sup>2</sup>), Амрикои Шимолӣ бо Гренландия (2431773 км3км<sup>3</sup>, 2076,6 ҳазор км2), Аврупо (21082 км3км<sup>3</sup>, 92,1 ҳазор км2км<sup>2</sup>), Осиё (16260 км3, 136,8 ҳазор км2км<sup>2</sup>), Амрикои Ҷанубӣ (12690 км3, 32,3 ҳазор км2км<sup>2</sup>), Уқёнусия (550 км3км<sup>3</sup>, 0,82 ҳазор км2км<sup>2</sup>), Африқо (<1 км3км<sup>3</sup>, 0,02 ҳазор км2км<sup>2</sup>) паҳн шудааст. Масоҳати қабати мавсимии барф дар Нимкураи шимолӣ бештар буда, дар он ҷо он материки бузургро мепӯшонад; дар Нимкураи ҷанубӣ барф камтар буда, бештар дар хушкии уқёнуси Олам ба назар мерасад. Яхҳои баҳрӣ зимистон дар Нимкураи ҷанубӣ дар масоҳатҳои калони уқёнуси Олам дар атрофи Антарктида, дар минтақаи бараш 500–2000 км ба вуҷуд омада, тобистон об мешаванд ва аз онҳо танҳо изи борик боқӣ мемонад. Дар натиҷаи гармшавии глобалии иқлим ҳаҷми криосфера кӯтоҳ ва масоҳати яхҳои бисёрсола дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ кам мешавад: дар 10 соли охири асри 20 – ибтидои асри 21 қариб 9% дар моҳи декабр ва 2,5% дар моҳи март. Давомоти яхбандӣ дар дарёҳо ва кӯлҳо кам шуда, дар аксарияти ноҳияҳои кӯҳистон пиряхҳо об шуда завол меёбанд.
 
== Минтақа ва ноҳияҳои ҷуғрофиёӣ ==
Минтақаҳои ҷуғ­рофиёӣ ва ноҳияҳои ҷӯрофиёӣ дар рӯи Замин мувофиқи қо­нуни сайёравии минтақавии ҷуғрофиёӣ тақсим карда мешаванд. Ҳамзамон ба сохтори минтақавии тақсимкунии хушкӣ ва уқёнусҳо тарҳи материкҳо ва масоҳати хушкӣ дар арзҳои гуногун, хусусияти шаклҳои калони релеф ва ғ. таъсири зиёд мерасонанд. Минтақаҳои ҷуғрофиёӣ вобаста ба он, ки ташаккули онҳо дар навбати аввал ба  ҳаҷми радиатсияи Офтоб вобаста аст, масоҳати дақиқи арзии дохилӣ доранд. Дар ҳудуди минтақаҳо, ки дар хушкии Замин ҳудудҳои нисбатан васеъро ишғол мекунанд, дар натиҷаи тавозунҳои гуногуни энергия ва шароитҳои намнокӣ тафовутҳои тӯлию бахшӣ зоҳир мешаванд. Хушкии Заминро ба минтақаҳои арктикӣ, антарктикӣ, суб­арктикӣ, субантарктикӣ, муътадил, субторопикӣ, тро­пикӣ, субэкваторӣ ва экваторӣ тақсим мекунанд.
 
Минтақаи арктикӣ масоҳати 6 млн км2км<sup>2</sup> ё 4 дарсади хушкиро ишғол мекунад. Дар ноҳияҳои биёбонҳои арктикӣ ва тундраҳои арктикӣ, ки васеъ паҳн шудаанд, ҷазираҳои Канадаи галаҷазираҳои Арктика, ҷазираи Шписберген, қисми шимолии нимҷазираҳои Ямал, Гидан, Таймир ва ғ. ҷойгиранд.
 
Минтақаи антарктикиро қариб пурра биёбонҳои яхпӯши Антарктика фаро гирифтаанд, ки масоҳати 14 млн км2  ё 9,4 дарсади хушкиро ишғол мекунанд.
 
Минтақаи субарктикӣ масоҳати 13,5 млн км2км<sup>2</sup>  ё 9 дарсади хушкиро ишғол мекунад. Ноҳияҳои ҷуғрофиёӣ дар ҳудуди минтақа густариш ёфта, тундраҳои шимол дар ҷануб ба бешаҳои сираки тундра иваз мешаванд.
 
Минтақаи субантарктикиро марғзорҳои назди­уқё­нусӣ асосан дар ҷазираҳои қисми ҷанубии уқёнуси Ат­лантика фаро гирифтаанд.
Сатри 82:
Минтақаҳои муътадил дар Замин аз ҳама паҳновартарин буда, масоҳати 38,8 млн км2 ё 26 дарсади хушкиро ишғол мекунанд. Дар минтақаи муътадили Нимкураи шимолӣ ҳаҷми хушкӣ дар арз аз ҳама зиёдтар буда, дар Нимкураи ҷанубӣ хеле танг ва тадриҷан ба ҷануб дохил мешавад. Бинобар ин ландшафтҳои хушкӣ дар арз тӯл кашидаанд ва сарҳадди ноҳияҳо дар арз хеле васеъ шудааст. Тафовути шиддати гардиши биологӣ дар минтақаи муътадили Ним­кураи шимолӣ, ки боиси афзоиши таъминоти гармӣ дар самти ҷануб гардидааст, имкон медиҳад, ки дар ҳудуди он ду зерминтақа – бореалӣ дар шимол ва суббореалӣ дар ҷануб ҷудо карда шавад. Минтақаи бореалӣ бештар ноҳияи тайгаро, ки хеле васеъ аст, дар бар мегирад ва ба се зерноҳия – шимолӣ, миёна, ҷанубӣ ҷудо карда ме­шавад. Дар ҳудудҳои минтақаи суббореалӣ, ки таъминоти гармӣ хеле баланд аст, таносуби гармӣ ва намӣ на танҳо дар арз, балки дар тӯл низ хеле тағйир меёбад, ки ин боиси гуногунии зиёди сохтори он мегардад. Дар ҳудудҳои бахши уқёнусӣ бешаҳои дарахтони паҳнбарг бартарӣ доранд. Дар бахшҳои уқёнусии ғарбии Авруосиё ва Амрикои Шимолӣ зери таъсири аз ғарб воридшавии шамол ва ҷараёнҳои уқёнусии гарм (Голфстрим, Куросио) ноҳияҳои ҷуғрофиёӣ васеъ шудаанд ва ба самти шимол ҷой иваз намудаанд, вале дар бахшҳои наздиуқёнусии шарқӣ ҷараёнҳои сарди уқёнусӣ ҳудуди ноҳияҳоро дар ҷануб танг кардаанд. Дар бахшҳои хушкии ноҳияҳои Авруосиё бешадаштҳо, даштҳо, нимбиёбонҳо ва биёбонҳо васеъ паҳн шудаанд, вале дар Амрикои Шимолӣ дар робита ба нақши монеавии Кордилера густариши субмеридианӣ доранд.
 
Минтақаҳои субтропикӣ масоҳати 21,6 млн км2км<sup>2</sup> ё 14,5 дарсади хушкиро ишғол мекунанд. Барои онҳо иваз­шавии хеле мураккаби ноҳияҳо хос аст, ки бо дараҷаи гуногун ва хусусияти намнокӣ алоқаманд мебошад. Дар Нимкураи шимолӣ минтақаи субтропикӣ аз маҷмӯи томи ноҳияҳо ва спектрҳои баланди ландшафтҳо иборат буда, сохтори ноҳиявии минтақаи субтропикӣ дар Нимкураи ҷанубӣ хеле сода аст. Дар бахши наздиуқёнусии ғарбии ҳамаи материкҳо ноҳияҳои бешаҳои ҳамешасабзи да­рах­тони дуруштбарг инкишоф ёфтаанд, дар бахши хуш­кӣ нимбиёбону биёбонҳо доман густурдаанд, ки дар Нимкураи шимолӣ масоҳати васеъро ишғол мекунанд. Ҳангоми ҳаракат ба соҳилҳои шарқии материкҳо ним­биё­бонҳо ва биёбонҳоро даштҳо ва прерияҳо (даштҳои васеъ дар Амрикои Шимолӣ) иваз карда, тадриҷан ба бешаҳои омехтаи намнок табдил меёбанд.
 
Минтақаҳои тропикӣ масоҳати 29,1 млн км2км<sup>2</sup> ё 19,5 дарсади хушкиро ишғол мекунанд. Дар ин минтақаҳо ландшафтҳои гарму хушки биёбонӣ ва нимбиёбонӣ инкишоф ёфта, дар Африқо, Австралия, Осиё, инчунин Амрикои Ҷанубӣ масоҳати васеъро фаро гирифтаанд. Ба туфайли гардиши устувори боди хушк (пассатӣ) дар соҳилҳои ғарбии материкҳо биёбонҳои соҳилии нисбатан сернам (Атакама, Намиб) ташаккул ёфтаанд. Дар Нимкураи ҷанубӣ дар соҳилҳои ғарбии материкҳо зери таъсири ҷараёни сарди уқёнусӣ сарҳадди минтақаи тропикӣ ба шимол наздик мешавад. Дар канораҳои шарқии материкҳо дар ҳудудҳои минтақаҳои тропикӣ бешаҳои мавсимӣ ва намноки доимӣ ташаккул меёбанд.
 
Минтақаҳои субэкваторӣ масоҳати 19,6 млн км2 ё 13,1 дарсади хушкиро ишғол мекунанд. Мувофиқи афзоиши намнокии умумӣ аз зонаҳои тропикӣ то экватор саваннаҳои биёбоншуда, бешаҳои сирак, буттазорҳо, бе­шаҳои намноки ҳамешасабз ва намноки мавсимӣ ҳам­дигарро дар масоҳати васеъ иваз мекунанд. Дар Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ ивазшавии васеи арзии ноҳияҳо равшан маълум аст. Дар Осиё дар робита ба гардиши атмосфера ва нақши монеавии релеф ҳудуди ноҳияҳо бештар тамоюли субмеридианӣ дорад.
 
Минтақаи экваторӣ дар масоҳати 6,4 млн км2км<sup>2</sup> ё 4,4 дарсади хушкӣ, дар Амрикои Ҷанубӣ, Африқо ва Осиё доман густурдааст. Сохтори ноҳиявии минтақа хеле сода аст: дар ҳудуди он ноҳияҳои бешаҳои ҳамешасабзи серборон мавҷуданд, ки аз шимол, шарқ ва ҷануб бо ноҳияҳои бешаҳои ҳамешасабзи омехта бо дарахтони баргрез фаро гирифта шудаанд.
 
== Таърихи геологии Замин ==
Сатри 110:
 
== Таърихи инкишофи олами органикӣ дар Замин ==
Тасав­вуроти ҳозира дар бораи давраҳои аввали инкишофи ҳаёт дар Замин асосан фарзиявӣ мебошанд, чунки давраи син­тези абиогенӣ ва таҳаввулоти пайвастҳои органикӣ аз ҳудудҳои аз ҷиҳати геологӣ ҳуҷҷатикунонидаи таърихи Замин (қариб 4 млрд сол пеш) берун мебароянд. Эҳтимол, ин равандҳо ба давраи сайёраи нахустин тааллуқ доранд ва шояд шакли аввалини тоҳуҷайравии ҳаёт дар рӯйи Замин макони муваққатии ассамблеяҳои худҳосилкунандаи молекулаҳои кислотаҳои рибонуклеат (КРН) буданд, ки дар сатҳҳои намнок дар натиҷаи хушк шудани ҳавзҳои хурд пайдо шудаанд. Дар ин асос шаклҳои бештар устувор ва сервазифаи КРН (ба ном риботситҳо) пайдо шуданд, ки дар худ моддаҳои ҳидрофибиро синтез ва адсорбсия карда тавонистанд. Пайдоиши дастгоҳи синтези сафеда ва [[Кислотаи дезоксирибонуклеат|кислотаҳои дезоксирибонуклеат]] (КДН) барои таҳаввулоти биологӣ шароит муҳайё карданд.
 
Таърихи инкишофи ҳаёт дар Замин аз рӯи боз­ёфтҳои боқимондаи организмҳо ва изи фаъо­ли­яти ҳаётии онҳо, ки дар таҳнишастҳои ҷинс­ҳои кӯҳӣ боқӣ мондаанд, аз нав барқарор карда ме­шавад.
Сатри 162:
Истифодаи сарватҳои барқароршаванда, вайрон кар­дани системаҳои экологии табиӣ дар натиҷаи вусъатёбии истеҳсолоти аграрии экстенсивӣ, аз ҷумла заминдорӣ дар заминҳои решаканшуда ва сӯзондашудаи бешаҳои табиӣ, боиси хосиятҳои глобалӣ гардид. Ҳанӯз дар ибтидои асри 20 майдони заминҳои киштшаванда 7 млн км2 ё 5 дарсади хушкии барои кишоварзӣ мувофиқро ташкил медод. Дар давоми 100 сол майдони кишт то 15,1 млн км2 зиёд шуд. Ҳолати чарогоҳҳо дар ибтидои асри 21 бештар фалокатовар шуд. Системаҳои экологии табиии барои чарогоҳ мувофиқ дар майдони 34 млн км2 пурра навсозӣ шуданд. Мас., дар ҳамвориҳои Амрикои Шимолӣ замоне то 50 млн бизон зиндагӣ мекард (баъди ғасби аврупоиҳо дар охири асри 19 саршумори онҳо то 1 ҳазор сар кам шуд, яъне комилан нобуд шуд), ҳоло танҳо дар ИМА қариб 100 млн сар чорвои хонагӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Чарогоҳҳои табиие, ки аз ҳайвоноти ваҳшӣ гирифта шу­данд, бодлес шуда, рустаниҳои табиӣ ва маҳсулнокии худро гум кардаанд.
 
Қариб 20 дарсади заминҳои кишоварзиро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Масоҳати заминҳои обӣ зиёд мешавад ва мувофиқан сарфи оби ширин (ба захираи об дар асри 21 талабот хеле зиёд шуд ва дар оянда он метавонад дар содироти баъзе мамлакатҳо мавқеи муҳимро ишғол на­мояд) меафзояд. Дар Замин барои истифодаи хоҷагӣ камтар аз 1% оби ширин дастрас аст.  Қисми зиёди дарёҳо ва кӯлҳо ифлос шудаанд. Истеъмоли воқеии об дар Замин дар як сол беш аз 9000 км3км<sup>3</sup> (70% дар кишоварзӣ, 22% дар саноат, 8% барои эҳтиёҷоти маишӣ)-ро ташкил медиҳад. Таъминоти оби баргарданда ба ҳисоби миёна – ҳамагӣ 10%. Мам­лакатҳои гуногун аз 1 то 100 дарсади захираҳои обҳои рӯизаминии худро истифода мебаранд. Дар Арабистони Саудӣ, Исроил, Қувайт ин нишондиҳанда аз ҳисоби ис­тифодаи обҳои артезианӣ, ширинкунии оби баҳр ва ман­баъҳои берунӣ якчанд маротиба зиёдтар аст. Беш аз 6300 км3км<sup>3</sup> об дар даҳҳо ҳазор обанбор ҷамъ мешавад. Бун­ёди дарғотҳо боиси танзим ва кам шудани оби бисёр дарёҳо, вайрон шудани системаҳои экологии дарёбодҳо, камбуди оби ширин ва ифлосшавии дуввумбораи объект­ҳои об гардид. Дар рӯи Замин қариб як млрд одамон ба оби ошомидании босифат дастрасӣ надоранд. Имрӯз масъалаи таъмини аҳолии Замин бо оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст.
 
Дар охири асри 20 дар рӯи Замин бешаҳо беш аз 38 млн км2км<sup>2</sup> ё 28,4 дарсади хушкиро ишғол мекарданд. Дар даҳсолаи охири асри 20 дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии одам дар ҷаҳон 940 ҳазор км2км<sup>2</sup> (ҳар сол қариб 0,3%) бешаҳо нобуд карда шуданд. Қисми зиёди бешаҳо дар натиҷаи сӯхтор нобуд мешаванд; солҳои охир сӯхтани бешаҳо хусусияти хатарзоро гирифтааст.
 
Таъсири ҷаҳонишавии (глобалии) одам ба атмосфера пеш аз ҳама бо инкишофи энергетика алоқаманд аст. Ҳамзамон бо истифодаи О2О<sub>2</sub>-и атмосфера он бо оксидҳои нитроген, сулфур ва карбон (мас., ҳангоми истеъмоли 12,9 кг О2О<sub>2</sub> қариб 10 м3м<sup>3</sup> газҳои дар боло номбурда, инчунин сулфид хориҷ мешаванд) ифлос мешавад. Одам ба истифодаи сарватҳои табиӣ – сӯзишворӣ (нафт, газ, ангиштсанг, варақсангҳои сӯзанда), маъданҳои филиззоти сиёҳу ранга ва ғ. нисбат ба сарватҳои барқароршаванда хеле дертар сар кард. Одам истихроҷ ва истифодаи сар­ватҳои табииро ёд гирифта, ба марҳалаи инқилоби сано­атӣ дохил шуд. Агар ҳаҷми истеъмоли сарватҳо дар ҳар 30 сол ду маротиба афзояд, захираи баъзе маъданҳо тахми­нан танҳо барои чанд даҳсола кифоя мекунад.
 
=== Оқибатҳои таъсири антропогенӣ ба системаи экологии Замин ===
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Замин"