Замин: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
|||
Сатри 1:
{{Дигар мазмунҳо|Замин (мазмунҳо)}}
{{Ҷаъбаи сайёра}}
'''Зами́н''' ({{lang-fa|زمین}}; аз ''зам
== Баъзе тасаввуроти бостонӣ ва таҳқиқоти аввалия дар шинохти Замин ==
Ба назари одами бостонӣ Замин ҳамчун як чизи паҳну ҳамворе менамуд, ки дар маркази Олам қарор дошта, болояш бо гунбази фалак пӯшида шудааст. Ин гумони сода дар имтидоди таърихи тӯлоние ҳукмрон буд, ҳатто ба ҳамин гуна тасаввур ба таркиби динҳо ҳам ворид шуда буд. Баъдан дар ҳамон дунёи қадим ақоиди мухталифи илмию фалсафӣ оид ба шаклу андоза ва мақоми Замин дар Коинот низ шакл гирифта, то ҳадде ба дараҷаи як ақидаи томе расида буд, ки ба пояи мустаҳками таҷрибаву мушоҳидаҳои дақиқ такя мекард. Ин табақаи баъдӣ медонистанд, ки Замин курашакл буда, дар фазо муаллақ аст. Тақр. дар асрҳои
Андозаҳои Замин (дарозии давра ва радиус)-ро бори нахуст донишмандони юнонӣ Эвдокс (асри 4 то
== Пайдоиши Замин ==
Ба омӯзиши пайдоишу инкишофи Замин файласуфон ва астрономҳои қадим (Фисоғурис, Арасту, Аристарх ва дигарон) ибтидо гузошта буданд. Дар Ховарзамин Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулҳасани Ахворӣ, Абунасри Ҷелонӣ, Абулхайри Розӣ, Маҳмуди Хоразмӣ ва дигар мутафаккирони барҷаста дар ҷараёни ҷунбишу тағйироти тадриҷӣ (эволютсия) будани қишри Заминро таъкиду таъйид намуда, аз ин мавқеи назар сабабҳои пайдоиши кӯҳу чашмаҳо, водиву дараҳо ва зилзиларо аз ҷиҳати илмӣ маънидод кардаанд. Нахустин фарзияи илмии аз абри ғубормонанд пайдо шудани ҳамаи сайёраҳои манзумаи Офтобро соли 1755 табиатшинос ва файласуфи олмонӣ И. Кант баён карда буд. Соли 1796 математики фаронсавӣ П. Лаплас фарзияи космогонии худро дар бораи пайдоиши сайёраҳои манзумаи Офтоб чоп кард. Бино бар ин фарзия ҷирмҳои ин манзума аз туманоти газӣ пайдо шудаанд. Мувофиқи фарзияи пешниҳодкардаи олими шӯравӣ О.
Мувофиқи хулосаҳои илмии имрӯза Замин дар манзумаи Офтоб қариб 4,5
== Тавсифи Замин ҳамчун сайёра ==
Шакли Заминро ба [[геоид]] қиёс мекунанд, ки аз шакли куравӣ кам фарқ мекунад. Геоид сатҳи барҷастаи маҳдудест, ки ба сатҳи миёнаи оби баҳру уқёнусҳо дар ҳолати оромӣ мувофиқ меояд. Радиуси Замин андаряк 6371,032
Аз сабаби мадори эллипсӣ доштани Замин масофаи байни Замин ва Офтоб дар давоми сол аз 147,100
Меҳвари гардиши Замин ба ҳамвории эклиптика таҳти кунҷи 23°
Гардиши Замин дар атрофи меҳвари худ боиси бадалшавии рӯзу шаб дар рӯйи Замин гардида, даврияти бисёр равандҳои табииро муайян мекунад. Таъсири ҷозибавии Моҳ ва ба дараҷаи кам Офтоб боиси мадд дар уқёнусҳо ва обшӯйшавии хушкӣ мегардад. Дар уқёнуси кушод дар наздикии хатти истиво маддҳои моҳтобӣ ба 1
Табақаҳо ва сохти дохилии Замин Замин аз табақаҳои ҳамшафат (геосфераҳо)-и магнитосфера, атмосфера, ҳидросфера, инчунин биосфера иборат аст. Муҳити фазои наздизаминиро магнитосфера меноманд. Ин табақаи аз ҳама тӯлонии Замин аст. Хусусияти физикии он бо майдони магнитии Замин ва амалиёти мутақобили ин майдон бо ҷараёни мутақобили заряднок муайян карда мешавад. Замин ҳамеша дар зери ҷараёни корпускулавии Офтоб (ба истилоҳ боди офтобӣ) қарор дорад. Дар назди мадори Замин суръати самтии ҳаракати зарраҳо аз 300 то 800 км/с мерасад. Плазмаи Офтоб майдони магнитиро ҳамроҳи худ меорад, ки шиддатнокиаш ба ҳисоби миёна ба 4,8∙103 А/м (
Замин бо атмосфера ё табақаи ҳаво иҳота шудааст. Доираи берунии атмосфера минтақаи радиатсионии Заминро дар бар мегирад. Массаи атмосфераи Замин тақр. баробари (5,
Ҳидросфера табақаи обии Замин буда, байни атмосфера ва қишри сахти Замин (литосфера) ҷойгир аст. Ҳидросфера тамоми оби баҳру уқёнусҳо, обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ (дар хушкиҳо), яху барфи Арктикаю Антарктика, инчунин обҳои атмосферӣ ва биологӣ (оби организмҳои зинда)-ро дар бар мегирад.
Биосфера табақаи махсуси кураи Замин буда, ҷойи зисти организмҳои зинда аст. Он қисми поинии атмосфера (тропосфера), тамоми ҳидросфера ва қисми болоии қишри Замин (литосфера)-ро то умқи
== Сохти дохилии Замин (Замини сахт) ==
Дар ҳоли ҳозир аз нигоҳи илмӣ Замин аз қишр, мантия ва ҳаста (ядро) иборат аст, ки онҳо бо хусусиятҳои физикӣ, таркиби кимиёӣ ва минералогии худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар геофизика ин қабатҳоро бо ҳарфҳо ифода мекунанд: А
Қишри Замин қабати ғайриякҷинса ва мураккабтарин буда, қариб 1 дарсади ҳаҷми Заминро ташкил медиҳад. Аз чандин навъ (тип)-и қишри Замин континентӣ (хушкӣ) ва уқёнусии он бештар паҳн шудааст. Ғафсии қишри Замин дар уқёнусҳо
== Тавсифи физикии Замин ==
Ҳангоми ҳаракат ба маркази Замин қимати зичӣ, фишор, қувваи вазнини, хосиятҳои чандирии моддаҳо ва ҳарорати Замин тағйир меёбад. Зичии миёнаи қишри Замин
Шитоби қувваи вазнинӣ дар Замин то умқи 2500
Ҳарорати Замин баробари афзоиши умқ баланд мешавад. Ченкунии бевоситаи ҳарорат танҳо то умқи барои пармакунӣ дастрас (12,26
Аз рӯи зичӣ ва суръати мавҷҳои зилзила бузургиҳоеро, ки хосиятҳои чандирии моддаҳои Заминро нишон медиҳанд, ҳисоб мекунанд. Часпакии моддаи мантия баланд ва поинтар аз сарҳадди астиносфера (сохти дохилии Замин), шояд, на камтар аз 1023 Па∙соат аст; часпакии астиносфера хеле паст (
Инкишофи Замин ва қишри он ба равандҳои геологӣ вобастаанд, ки бо таъсири қувваҳои дохилӣ (эндогенӣ) ва хориҷӣ (экзогенӣ) ба амал меоянд. Аз таъсири мутақобили ин қувваҳо иқлим, тарҳи материкҳо, паҳноии баҳру уқёнусҳо, самти ҷараёни дарёҳо ва ғ. тағйир меёбанд. Тағйироти сохти қишри Заминро равандҳои тектоникӣ ва ҷойи зуҳуроти онҳоро тектоносфера меноманд.
Замин майдонҳои магнитии ҷозибавӣ ва электрикӣ дорад. Ба амали майдони ҷозибавии Замин шакли куравии Замин, бисёр нишонаҳои релефи сатҳи замин, маҷрои дарёҳо, ҳаракати пиряхҳо ва дигар равандҳо сабаб шудаанд. Манбаи асосии майдони магнитии Замин дар ҳастаи сайёра ҷойгир аст (нигар Магнетизми Замин). Соҳаи фазои наздизаминӣ, хосияти физикии он, ки аз рӯйи майдони магнитии Замин ва таъсири мутақобилаи он бо боди офтобӣ муайян карда мешавад, магнитосфера ном дорад. Бо майдони магнитии Замин майдони электрикии он сахт алоқаманд аст. Замини сахт заряди электрикии манфӣ (қариб
== Таркиби кимиёии Замин ==
Сатри 53:
Дар таркиби Замин (ҳам аз ҷиҳати масса ва ҳам аз ҷиҳати миқдори атомҳо) оҳан, оксиген, силитсий ва магний бартарӣ доранд. Ҷамъулҷамъи онҳо беш аз 90 дарсади массаи Заминро ташкил медиҳад. Қариб нисфи қишри Замин аз оксиген ва зиёда аз чоряки он аз силитсий иборат аст. Ҳиссаи алюминий, магний, калсий, натрий ва калий низ кам нест. Оксиген, силитсий ва алюминий пайвастҳои дар қишр хеле паҳншудаи дуоксиди силитсий (SiO<sub>2</sub>) ва гилзамин (Al<sub>2</sub>O<sub>3</sub>)-ро ташкил медиҳанд.
Қисми зиёди рӯи Заминро уқёнуси Олам ишғол кардааст (361,1
Табақаи ҷуғрофиёӣ, яъне табақаи ландшафтӣ дорои хусусиятҳои табиии Замин аст, ки ғафсии он аз 40
Манбаи асосии ҳамаи равандҳои дар табақаи ҷуғрофиёӣ баамалоянда энергияи Офтоб мебошад. Байни тропикаи шимолӣ ва ҷанубӣ Офтоб дар як сол ду бор дар самтурраъс қарор мегирад; давомоти рӯз дар хатти истиво дар давоми сол ба 12 соат баробар буда, байни тропикаҳо аз 11 то 13 соат фарқ мекунад. Дар арзҳои муътадил байни тропикаҳо ва доираҳои қутбӣ дар самтурраъс қарор намегирад, баландии нисфирӯзии вай тобистон нисбат ба зимистон хеле зиёд аст. Ин тафовутҳои мавсимӣ баробари наздикшавӣ ба қутб меафзоянд. Тобистон Офтоб дар паси доираҳои қутбӣ ғуруб ва зимистон вақти зиёд тулӯъ намекунад. Дар қутбҳо сол ба 6 моҳи рӯзона ва 6 моҳи шабона тақсим мешавад.
Сатри 61:
Дар ҳудудҳои атмосфера радиатсияи Офтоб таъсири минтақавӣ надорад, ки ба ин миқдори гуногуни буғи об ва ғубор, абрнокии гуногун ва дигар хусусиятҳои ҳолати газӣ ва коллоидии атмосфера сабаб мешаванд. Тақсимшавии хушкӣ ва баҳрҳо, хусусиятҳои орография, маҷрои баҳрҳо ҳам хусусияти ғайриминтақавӣ дорад.
Ҳама таркибҳои ҳидросфера ё табақаи обии Замин об дорад. Ин об ҳамаи геосфераи Заминро фаро мегирад. Беш аз 94 дарсади ҳаҷми умумии ҳидросфера дар уқёнусу баҳрҳо, қариб 4 % дар обҳои зеризаминӣ, қариб 2 % дар таркиби криосфера ва ҳамагӣ 0,013 % дар обҳои рӯизаминии хушкӣ (дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, ботлоқҳо) ҷойгир аст. Дар таркиби обҳои табиӣ қариб ҳамаи унсурҳои кимиёӣ мавҷуданд. Дар оби уқёнусҳо оксиген, ҳидроген, хлор ва натрий, дар оби хушкӣ карбонатҳо бартарӣ доранд. Миқдори моддаҳои минералӣ дар обҳои хушкӣ (шӯр) вобаста аз шароити маҳал ва пеш аз ҳама иқлим фарқ мекунад. Минералнокии дарёҳо ва кӯлҳои обашон ширин кам буда, шӯрии онҳо аз 50 то 1000мг/л тағйир меёбад. Шӯрии оби баҳрҳо аз 1 то беш аз
Қисми бештари ҳидросфера дар қишри Замин (ҳидрогеосфера) ва мантияи Замин ҷойгир аст, вале обҳои зеризаминие, ки дар мубодилаи об бо муҳити атроф фаъолона иштирок мекунанд, фақат 0,7 дарсади захираҳои умумиро ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди хушкӣ обҳои рӯизаминӣ дар кӯлҳо, обанборҳо, ботлоқҳо ва дарёҳо ҷамъ шудаанд. Миқдори зиёди об дар кӯлҳо (аз рӯйи баҳодиҳиҳои гуногун аз 176 то 275 ҳазор км<sup>3</sup>) мавҷуданд. Кӯлҳои сарбаста индикатори хосси тағйирёбии иқлим мебошанд.
Дар асри 20 обанборҳои калон сохта шуданд. Масоҳати обанборҳо аз 400 ҳазор км<sup>2</sup> зиёд буда, якҷо бо масоҳати кӯлҳои танбаӣ (Байкал, Онега, Зайсан, Виктория, Онтарио ва ғ.) ба 800 ҳазор км<sup>2</sup> мерасад. Ҳавзҳои сунъӣ ҷоришавии устувори дарёҳои хушкиро тақр. 25 % зиёд мекунанд. Ҳаҷми асосии обҳои рӯизаминӣ дар ботлоқҳо ҷамъ шудаанд. Масоҳати умумии ботлоқҳо қариб ба 3
Дар табиати Замин криосфера, ки дар он захираҳои бузурги об (дар намуди яху барф) ва сардӣ ҷамъ шудаанд, нақши бузург дорад. Яхои табиӣ (аз ҷумла зеризаминӣ) масоҳати 72,4
== Минтақа ва ноҳияҳои ҷуғрофиёӣ ==
Минтақаҳои ҷуғрофиёӣ ва ноҳияҳои ҷӯрофиёӣ дар рӯи Замин мувофиқи қонуни сайёравии минтақавии ҷуғрофиёӣ тақсим карда мешаванд. Ҳамзамон ба сохтори минтақавии тақсимкунии хушкӣ ва уқёнусҳо тарҳи материкҳо ва масоҳати хушкӣ дар арзҳои гуногун, хусусияти шаклҳои калони релеф ва ғ. таъсири зиёд мерасонанд. Минтақаҳои ҷуғрофиёӣ вобаста ба он, ки ташаккули онҳо дар навбати аввал ба
Минтақаи арктикӣ масоҳати 6
Минтақаи антарктикиро қариб пурра биёбонҳои яхпӯши Антарктика фаро гирифтаанд, ки масоҳати 14
Минтақаи субарктикӣ масоҳати 13,5
Минтақаи субантарктикиро марғзорҳои наздиуқёнусӣ асосан дар ҷазираҳои қисми ҷанубии уқёнуси Атлантика фаро гирифтаанд.
Минтақаҳои муътадил дар Замин аз ҳама паҳновартарин буда, масоҳати 38,8
Минтақаҳои субтропикӣ масоҳати 21,6
Минтақаҳои тропикӣ масоҳати 29,1
Минтақаҳои субэкваторӣ масоҳати 19,6
Минтақаи экваторӣ дар масоҳати 6,4
== Таърихи геологии Замин ==
Дар тӯли беш аз 4,5
Дар давраи тоархей (то 4
Замин дар давоми 1
Ба плитаҳо (порчаҳо)-и андозаашон хурд тақсимшавии литосфераи ибтидоӣ қариб 4,
Дар давраи архей (қариб
Дар давраи протерозою фанерозой (2,
Дар аввали протерозойи ибтидоӣ хушкии бузурги охири архей дар натиҷаи пайдо шудани рифҳои континентӣ ва минбаъд ба рифҳои байниконтинетӣ табдил ёфтани онҳо ва оғози пайдошавии қишрҳои уқёнусии нав аз байн рафт. Ҳавзаҳои уқёнусии пайдошуда, ки хушкиҳоро ҷудо карда, минтақаҳои серҳаракати протерозойи ибтидоиро ба вуҷуд овардаанд, аз рӯйи давраи Вилсон инкишоф ёфтаанд. Басташавии ҳавзаҳои уқёнусӣ дар натиҷаи бархӯрди блокҳои хушкии онҳоро маҳдудкунанда дар охири протерозой (1,
Дар натиҷаи тақсимшавии Пангей дар ҳудуди юраи ибтидоӣ ва миёна (қариб 175
Дар охири кайнозой, дар давраи тектоникии нави инкишофи Замин сохтори ҳозира ва релефи Замин комилан шакл гирифт. Бархӯрди бардавоми хушкиҳои бузурги Ҳиндустон бо Авруосиё боиси пайдоиши баландтарин кӯҳҳои Ҳимолой ва ташаккули кӯҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (Ҳиндукуш, Қарақорум, Помир, Тиёншон, Кунлун, Наншан, Синлин, Олтой, Саяна, кӯҳҳои Назди Байкал ва Паси Байкал) гардид. Дар қисми шимолу шарқии
== Таърихи инкишофи олами органикӣ дар Замин ==
Тасаввуроти ҳозира дар бораи давраҳои аввали инкишофи ҳаёт дар Замин асосан фарзиявӣ мебошанд, чунки давраи синтези абиогенӣ ва таҳаввулоти пайвастҳои органикӣ аз ҳудудҳои аз ҷиҳати геологӣ ҳуҷҷатикунонидаи таърихи Замин (қариб 4
Таърихи инкишофи ҳаёт дар Замин аз рӯи бозёфтҳои боқимондаи организмҳо ва изи фаъолияти ҳаётии онҳо, ки дар таҳнишастҳои ҷинсҳои кӯҳӣ боқӣ мондаанд, аз нав барқарор карда мешавад.
Дар ибтидои архей дар шароити атмосфераи гази карбон ва нитрогенаш нисбатан зич ва ҳарораташ хеле баланд аввалин прокариотҳо пайдо шуданд. Қадимтарин боқимондаҳои онҳо дар ҷинсҳои метаморфии Гренландия (синнашон қариб 3,85
Дар давраи протерозой намудҳои гуногуни эукариотҳо ба қайд гирифта шудаанд: қариб 2,
Дар давраи венд (қариб
Дар давоми протерозой тадриҷан миқдори О2 зиёд ва миқдори гази карбон дар атмосфера кам шуд, низоми намаки ҳидросфера тағйир ёфт. Эҳтимол, дар робита ба ин равандҳо дар давоми давраҳои венд ва кембрий (қариб
Дар давраи кембрий (қариб
Дар давраи ордовик (қариб
Дар давраи силур (қариб
Дар нимаи дуввуми палеозой (қариб
Дар давраи ангишт (карбон, қариб
Олами органикии давраи перм (қариб
Эраи мезозой (қариб
Олами органикии давраи юра (қариб
Дар давраи табошир (қариб
Эраи кайнозой (65
Дар давраи неоген минтақаҳои биоҷуғрофиёии ҳозира ташаккул ёфтанд, олами ҳайвоноти рӯи Замин ба замони ҳозира наздик шуд. Дар натиҷаи муттаҳидшавии материкҳои ҷудогона ва ё қисмҳои онҳо, инчунин робитаҳои баъдии олами ҳайвонот бисёр ҳайвонҳои муҳрадори хушкӣ нобуд ва баъзе гурӯҳҳо хеле паҳн шуданд. Дар замони миотсен ба Африқо аз Авруосиё гурбашаклҳо, гургҳо, каркаданҳо, халикотерияҳо, гурозҳо, ковокшохон, заррофаҳо ва ба Авруосиё аз Африқо хартумдорон (мастондитҳо, динотерия) ва маймунҳо, инчунин аспшаклҳо аз Амрикои Шимолӣ ворид шуданд. Дар натиҷаи мутобиқшавии дарандаҳои ҳозира креодонтҳо тамоман нобуд гардиданд. Дар охири миотсен (қариб
Дар давраи чорумин
== Одам ва Замин ==
Наздиктарин ниёгони одам дар Замин тақр. 6
Дар раванди истеҳсолоти ҷамъиятӣ одам ба муҳити табиии атрофаш таъсир расонидааст ва дар он нақши меҳнати чандин насли одамоне, ки дар шароити форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодии мухталиф умр ба сар бурдаанд, боқӣ мондааст. Шаклҳои таъсири одам ба табиат гуногунанд. Нахустин дигаргунии калонмиқёси антропогенӣ бо истифодаи оташ барои ҳимоя аз дарандагон ва шикори дастаҷамъӣ алоқаманд аст. Аз ҷониби одам зиёд исифода бурда шудани оташ боиси ташаккули бисёр гунаҳои ба ном пирогении рустаниҳо дар қитъаҳои гуногун гардид. Дар давоми плейстотсен ва ибтидои голотсен одам на камтар аз садҳо намуди ширхӯрҳои калонҷуссаи алафхӯр (аз ҷумла, мамонтҳо, мастодонтҳо
Давраи дигари таъсири миқёсан бузурги одам ба табиат гузариш аз ҷамъоварии ғизои табиӣ ва шикор ба тарзи ҳаёти ниммуқимӣ ва муқимӣ аз ҳисоби парвариши рустаниҳо ва хонагӣ кардани ҳайвонот мебошад. Чорводорон ва кишоварзони қадим нисбат ба он ки худашон истеъмол менамуданд, ба ҳар сари аҳолӣ бештар маҳсулот истеҳсол мекарданд; гузариш ба иқтисодиёти истеҳсолӣ ба амал омад, ки боиси муқимишавӣ ва тез афзудани шумораи аҳолӣ гардид. Шумораи аҳолии Замин соли 1804
=== Истифодаи сарватҳои табиӣ ===
Сатри 158:
Истеъмоли сарватҳои биологӣ ҳанӯз аз давраҳои аввалини ташаккули инсоният шакли аз ҳама муҳимми робитаи мутақобилаи одам ва табиат шуд. Одам дар давраҳои аввали таҳаввулоти худ ҳамчун намояндаи олами зинда якҷо бо хӯроки омехта маҳсулоти аввалия (наботӣ) ва дуввумдараҷа (ҳайвонотӣ)-и системаҳои экологиро истифода мебурд. Одамони муқимии Австралия, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ қариб то замони мо ҳамин тавр зиндагӣ мекарданд. 10 ҳазор сол пеш ниёгони мо дар Африқо, ҷануби Авруосиё ва Амрико ба парвариши рустаниҳо ва хонагӣ кардани ҳайвонот сар карданд.
Одам ҳангоми гузариш аз иқтисодиёти содаи азхудкунанда ба иқтисодиёти истеҳсолкунанда ба соҳаи истеъмолоти худ амалан тамоми захираҳои барқароршавандаро дохил кард. Дар бораи миқёси навсозиҳои баъдии системаҳои экологии табиӣ аз рӯи ҳолати ҳозираи манзараҳои баҳри Миёназамин, Осиёи Пеш ва Марказӣ, Африқои Шимолӣ, ки дар ин ҷоҳо аз ибтидои ҳазорсолаи 1-уми то
Истифодаи сарватҳои барқароршаванда, вайрон кардани системаҳои экологии табиӣ дар натиҷаи вусъатёбии истеҳсолоти аграрии экстенсивӣ, аз ҷумла заминдорӣ дар заминҳои решаканшуда ва сӯзондашудаи бешаҳои табиӣ, боиси хосиятҳои глобалӣ гардид. Ҳанӯз дар ибтидои асри 20 майдони заминҳои киштшаванда 7
Қариб 20 дарсади заминҳои кишоварзиро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Масоҳати заминҳои обӣ зиёд мешавад ва мувофиқан сарфи оби ширин (ба захираи об дар асри 21 талабот хеле зиёд шуд ва дар оянда он метавонад дар содироти баъзе мамлакатҳо мавқеи муҳимро ишғол намояд) меафзояд. Дар Замин барои истифодаи хоҷагӣ камтар аз 1 % оби ширин дастрас аст.
Дар охири асри 20 дар рӯи Замин бешаҳо беш аз 38
Таъсири ҷаҳонишавии (глобалии) одам ба атмосфера пеш аз ҳама бо инкишофи энергетика алоқаманд аст. Ҳамзамон бо истифодаи О<sub>2</sub>-и атмосфера он бо оксидҳои нитроген, сулфур ва карбон (мас., ҳангоми истеъмоли 12,9 кг О<sub>2</sub> қариб 10 м<sup>3</sup> газҳои дар боло номбурда, инчунин сулфид хориҷ мешаванд) ифлос мешавад. Одам ба истифодаи сарватҳои табиӣ
=== Оқибатҳои таъсири антропогенӣ ба системаи экологии Замин ===
Таъсири фаъолияти хоҷагии одам ба табиати зиндаи Замин дар асри 20 миқёси васеъро фаро гирифт ва боиси нестшавии бисёр намудҳои организмҳо гардид. Ба ҳар чаҳор намуди ширхӯрҳо ва ҳар ҳашт намуди парандаҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Дар давоми се садсолаи охир ба дасти одам нест шудани беш аз 400 намуди рустаниҳо дақиқ маълум аст. Ин раванд, шояд, ба на камтар аз 10 ҳазор намуди ҳайвоноти муҳрадор дахл дошта бошад.
Дар охири асри 20 дар рӯи Замин 63 дарсади сатҳи хушкӣ (ба истинои пиряхҳо, биёбонҳои қутбӣ, баландкӯҳҳо ва нишебиҳои ростфуромада) вайрон шуда, қариб 40 дарсади он комилан тағйир ёфтааст. Дар Аврупо ба ҳиссаи системаҳои экологии антропогенӣ 85 дарсади хушкӣ, дар Африқо
Дар ҷаҳон ҳар сол беш аз 300
Уқёнуси Олам ба андозаи бузург ифлос шудааст, чунки вай 75 дарсади боркашонӣ дар рӯи Заминро таъмин мекунад. Ҳар сол ба он обҳои ҷорие, ки дар таркибашон нафт ва маҳсулоти нафтӣ, пеститсидҳо, радионуклеидҳо, пайвастҳои хлорорганикӣ, филиззоти вазнин ва ғ. доранд, дохил мешаванд. Дар натиҷаи ифлосшавии уқёнуси Олам низоми равшанӣ ва кимиёии қабатҳои болоии об халалдор мегардад, ки ба маҳсулнокии биологии он таъсир мерасонад.
Вусъат ёфтани робитаҳои иқтисодӣ боиси ифлосшавии биологии глобалӣ ва шиддатёбии мубодилаи намудҳо байни минтақаҳои биоҷуғрофиёии Замин гардид. Даҳҳо ҳазор намуди наботот ва ҳайвонот ба интродуксияи табиӣ ва стихиявӣ (номуташаккилона) кашида шуданд. Пайдоиши намудҳои бегона дар Австралия, Зеландияи Нав, минтақаҳои муътадили Авруосиё ва Амрикои Шимолӣ аллакай боиси хеле кам шудани хоҷагиҳо ва хатарҳои экологӣ гардидааст. Ифлосшавии биологӣ махсусан дар ҳавзҳои обашон ширин ва баҳрҳои дохилӣ бештар зоҳир мешавад. Аҳолии ин ҷо барои нест кардани биосфераи аборигенӣ (қадимӣ) ва кам кардани маҳсулнокии махзанҳои об (обанборҳо) қодиранд. Оид ба кам кардани таъсири антропогенӣ ба биосфераи Замин чандин созишнома ва конвенсияҳо ба тасвиб расиданд: дар соҳаи муътадилгардонии иқлим ва ифлосшавии атмосфера
=== Ташаббуси Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти Замин ===
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли ин мушкилоти глобалии ҷаҳон аз ибтидои асри 21 ташаббус нишон дода, барои тоза нигоҳ доштани об ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии сайёраи Замин аз минбари Ассамблеяи генералии СММ се бор пешниҳоди бунёдиву ҷолиб кард, ки онҳоро аксарияти кулли мамлакатҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ намуданд: «Соли 2003
== Эзоҳ ==
Сатри 186:
== Адабиёт ==
* {{cite book|title=Discovering the Essential Universe|last=Comins|first=Neil F.|publisher=W. H. Freeman|year=2001|isbn=0-7167-5804-0|edition=2nd|bibcode=2003deu..book.....C}}
* {{cite web|url=http://solarsystem.nasa.gov/planets/profile.cfm?Object=Earth|title=Solar System Exploration: Earth|publisher=NASA|accessdate=2013-05-03|archiveurl=https://www.webcitation.org/6GVr8TSgV?url=http://solarsystem.nasa.gov/planets/profile.cfm?Object=Earth|archivedate=2013-05-10}}
Line 199 ⟶ 198:
{{Навигатсия}}
== Сарчашма ==
{{ЭМТ}}
{{Системаи офтобӣ}}
|