Замин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 83:
Дар таркиби Замин (ҳам аз ҷиҳати масса ва ҳам аз ҷиҳати миқдори атомҳо) оҳан, оксиген, силитсий ва магний бартарӣ доранд. Ҷамъулҷамъи онҳо беш аз 90 дарсади массаи Заминро ташкил медиҳад. Қариб нисфи қишри Замин аз оксиген ва зиёда аз чоряки он аз силитсий иборат аст. Ҳиссаи алюминий, магний, калсий, натрий ва калий низ кам нест. Оксиген, силитсий ва алюминий пайвастҳои дар қишр хеле паҳншудаи дуоксиди силитсий (SiO<sub>2</sub>) ва гилзамин (Al<sub>2</sub>O<sub>3</sub>)-ро ташкил медиҳанд.
 
== Гидросфера ==
Қисми зиёди рӯи Заминро уқёнуси Олам ишғол кардааст (361,1 млн км<sup>2</sup> ё 70,8 %). Уқёнуси Олам аз уқёнусҳои Ором, Атлантика, Ҳинд ва Яхбастаи Шимолӣ иборат аст; баъзе муҳаққиқон қисмҳои наздиарктикии уқёнусҳои Атлантика, Ором ва Ҳиндро ба уқёнуси алоҳида — Ҷанубӣ ҷудо мекунанд. Ҷойи амиқтарини уқёнус — новаи Мариана дар уқёнуси Ором, 10920 м, умқи миёнаи уқёнус — 3900 м. Хушкӣ 149,1 млн км<sup>2</sup> (29,2 %)-ро ташкил медиҳад, ки шаш материки калон: Авруосиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Антарктида, Австралия ва ҳамчунин ҷазираҳои сершуморро ба вуҷуд овардааст. Ба материкҳо тақсим кардани хушкӣ бо тақсимот ба тарафҳои олам мувофиқат намекунад: Авруосиё ду тарафи олам — Ав­рупо ва Осиё ва материкҳои амрикоӣ як тарафи олам — Амрикоро дар бар мегиранд; баъзан ҷазираҳои уқёнуси Оромро ҳамчун қисмати махсус — Уқёнусия ҷудо меку­нанд, ки масоҳати он якҷо бо Австралия ҳисоб карда мешавад. 100,5∙106 км<sup>2</sup>-и материкҳо дар Нимкураи шимолӣ ва 48,5∙106 км<sup>2</sup>-аш дар Нимкураи ҷанубӣ ҷой гирифтаанд. Баландии миёнаи хушкӣ — 875 м. Нуқтаи баландтаринаш 8848 м (қ. Ҷомолунгма дар қ-кӯҳҳои Ҳимолой). Бештари материкҳо (48,2∙106 км²) аз пастиҳо (аз с. б. 0-200 м) иборат аст. Баландию пуштакӯҳҳо (аз с. б. 200—500 м) 33∙106 км<sup>2</sup>-и масоҳати хушкӣ, кӯҳҳои аз 500 м баландтар қисми боқимондаи хушкӣ, аз ҷумла кӯҳҳои баландиашон аз 200 м зиёд танҳо 16.106 км<sup>2</sup>-ро ташкил медиҳанд. Қариб 800000 км<sup>2</sup>-и хушкӣ аз с. б. пасттар ҷой гирифтааст, ки депрессия ном дорад.
 
== Табақаи ҷуғрофиёӣ ==
Табақаи ҷуғрофиёӣ, яъне табақаи ландшафтӣ дорои хусусиятҳои табиии Замин аст, ки ғафсии он аз 40 км зиёд нест. Фаъолияти хоҷагии инсон дар ҳамин ҷо мегузарад. Энергияи манбаъҳои гуногун (асосан Офтоб) дар ҳудуди табақаи ҷуғрофиёӣ (ландшафтӣ) ба гармӣ, молекулавӣ, кимиёӣ, кинетикӣ, потенсиалӣ, электрӣ барин шаклҳои энергия табдил меёбад. Ба сабаби курашакл будани Замин табақаи ҷуғрофиёӣ ба минтақаҳои арзӣ тақсим шудааст, ки онҳо чун минтақаҳои гармии аз ҷиҳати иқлим фарқкунанда зоҳир мегарданд. Намуди рӯи Замин аз таъсири қувваҳои табиӣ ва фаъолияти хоҷагии инсон тамоман тағйир ёфтааст.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Замин"