Замин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 32:
== Сохти дохилии Замин (Замини сахт) ==
{{Асосӣ|Қишри Замин|Мантия|Ҳастаи Замин}}
Дар ҳоли ҳозир аз нигоҳи илмӣ Замин аз қишр, мантия ва ҳаста (ядро) иборат аст, ки онҳо бо хусусиятҳои физикӣ, таркиби кимиёӣ ва минералогии худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар геофизика ин қабатҳоро бо ҳарфҳо ифода мекунанд: А — қишри Замин, B, C ва D — қабатҳои мантияи Замин, Е — ҳастаи берунии Замин, G — ҳастаи дохили (субядро)-и Замин.
 
{| class="wikitable" style="margin:4px; margin-right:0; width:100%; text-align:center;"
|+ Сохтори умумии сайёраи Замин<ref name=pnas76_9_4192/>
|-
! rowspan="8" style="font-size:smaller; text-align:center; padding:0;"|[[File:Earth-crust-cutaway-ru.svg|300px|center]]<br>
!Чуқурӣ, <span style="font-size: smaller;">км</span>
!style="vertical-align: bottom;"|Қабат
!Зичӣ, <span style="font-size: smaller;">г/см<sup>3</sup></span><ref name=robertson2001/>
|-
|style="text-align: center;"|0—60
|[[Литосфера]] (дар баъе ҷойҳо аз 5 то 200 км тағйир мекунад)
|style="text-align: center;"| —
|- style="background: #FEFEFE;"
|style="text-align: center;"|0—35
|[[Қишри Замин|Қишр]] (дар баъе ҷойҳо аз 5 то 70 км тағйир мекунад)
|style="text-align: center;"| 2,2—2,9
|- style="background: #FEFEFE;"
|style="text-align: center;"|35—60
|Қисми аз ҳама болои мантия
|style="text-align: center;"| 3,4—4,4
|-
|style="text-align: center;"|35—2890
|[[Мантияи Замин|Мантия]]
|style="text-align: center;"| 3,4—5,6
|- style="background: #FEFEFE;"
|style="text-align: center;"|100—700
|[[Астеносфера]]
|style="text-align: center;"| —
|-
|style="text-align: center;"|2890—5100
|[[Ҳастаи Замин|Ҳастаи берунӣ]]
|style="text-align: center;"| 9,9—12,2
|-
|style="text-align: center;"|5100—6378
|[[Ҳастаи Замин|Ҳастаи дарунӣ]]
|style="text-align: center;"| 12,8—13,1
|}
 
=== Қишри Замин ===
Қишри Замин қабати ғайриякҷинса ва мураккабтарин буда, қариб 1 дарсади ҳаҷми Заминро ташкил медиҳад. Аз чандин навъ (тип)-и қишри Замин континентӣ (хушкӣ) ва уқёнусии он бештар паҳн шудааст. Ғафсии қишри Замин дар уқёнусҳо 5-10 км, дар континентҳо то 40-70 км аст. Сохти навъи котинентӣ се қабат дорад: болоӣ — таҳшинӣ (аз 0 то 20 км), мобайнӣ, номи шартиаш «гранитӣ» (аз 10 то 40 км) ва поинӣ — ба истилоҳ «базалтӣ» (аз 10 т о 70 км), ки онро сатҳи Конрад аз қабати «гранитӣ» ҷудо мекунад. Қишри Замин аз ҷинсҳои таҳшину магмавӣ таркиб ёфта, аз мантия бо сатҳи Мохоровичич ё мухтасаран ҳудуди Мохо ҷудо шудааст (нигар Қишри Замин). Мантияи Замин поинтар аз ҳудуди Мохо сар шуда, то умқи 2980 км мерасад. Он байни қишри Замин ва ҳастаи Замин ҷойгир буда, 83 дарсади ҳаҷм (ғайр аз атмосфера) ва 67 дарсади массаи Заминро ташкил медиҳад. Мантияро ба қабатҳои болоӣ (В), мобайнӣ (С) ва поинӣ (D) ва қабати поини (охири)-ро ба қабатҳои D› ва D" ҷудо мекунанд. Мантияи болоӣ (қабати В) поинтар аз ҳудуди Мохо хобида, умқи то 400 км, мантияи мобайнӣ (қабати С) умқи аз 400 то 670 км ва мантияи поинӣ (қабати D) умқи аз 670 то 2980 км-ро дар бар мегирад. Қисми болоии онро, ки бевосита дар таги қишр хобидааст, субстрат меноманд, қишру субстрат якҷо литосфераро ташкил медиҳанд. Моддаи мантия асосан сахт буда, дар умқи байни 100—400 км тадриҷан нарм шудан мегирад ва ба ҳолати моеъ мерасад. Дар ин ҷо манбаъҳои тафта (магма) ба вуҷуд меоянд, ки онҳо амалиёти вулканҳоро таъмин мекунанд. Равандҳои тектоникӣ, зилзила, вулканизм, пайдо шудани кони сарватҳои зеризаминӣ бо модда ва энергияи мантия вобастаанд (нигар Мантияи Замин). Радиуси миёнаи ҳастаи Замин тақр. 3,5 км буда, ба ҳастаи берунӣ (қабати Е) ва ҳастаи дохилӣ (қабати G) тақсим мешавад, ки аз ҷиҳати хосиятҳои физикӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Он қариб 15 дарсади ҳаҷми Заминро ташкил медиҳад. Ҳастаи берунӣ умқи 2980-5150 км-ро ишғол мекунад. Ҳастаи берунӣ моеъ буда, дар он ҷо суръати мавҷҳои арзии зилзила то сифр коҳиш меёбад. Ҳамчунин суръати мавҷҳои тӯлии зилзила аз 13,6 км/соат дар ҳудуди болоӣ то 8,3 км/соат дар ҳудуди поинӣ кам мешавад. Ҳангоми гузариш аз мантия ба ҳаста зичии муҳит зуд меафзояд (аз 5600 кг/м3 то 10000 кг/м3). Дар натиҷаи ҳаракати ҳастаи моеъ дар атрофи меҳвари гардиши Замин дар ҳас­таи берунӣ ҷараёни электр пай­до мешавад, ки он майдони асо­­сии магнитии Заминро ба вуҷуд меоварад. Ҳастаи дохилӣ (қаба­ти G) поинтар аз қабати Е то мар­каз ҷойгир аст. Ҳастаи беру­нӣ сахт буда, дар он мавҷҳои тӯлии зилзила қариб 11,2 км/соатро ташкил медиҳанд ва қа­риб тағйир намеёбанд, чунки дар ин фосилаи умқ фишор қа­риб доимист. Дар охири асри 20 му­қаррар карда шуд, ки сур­ъати кунҷии даврзании ҳастаи дохилӣ нисбат ба суръати қа­батҳои сахти берунии Замин 1-2 % баландтар аст. Ин нисбат ба ҳастаи моеъ ва сахт ғеҷидани мантия, инчунин анизотропияи меридиании хосси суръати ҳас­таи дохилиро мефаҳмонад. Му­ҳаққиқон тахмин мекунанд, ки ҳастаи дохилӣ аз ҳисоби ҳастаи берунӣ афзоиш меёбад.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Замин"