Замин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 255:
 
== Таърихи геологии Замин ==
Дар тӯли беш аз 4,554 млрд соли мавҷудият сайёраи Замин таҳаввулоти мураккабро аз сар гузаронидааст<ref name=age_earth/>. Фаҳмиши ягонаи таърихи геологии Замин, бахусус давраҳои ибтидоии инкишофи сайёра вуҷуд надорад. Таърихи геологии Замин дақиқан аз 1 млрд сол пеш оғоз меёбад. Дар таърихи инкишофи геологии Замин давраҳои венд (600—535 млн сол пеш), кембрий (535—490 млн сол пеш), ордовик (490—443 млн сол пеш), силур (443—418 млн сол пеш), девон (418—360 млн сол пеш), ангиштсанг (360—295 млн сол пеш), перм (295—251 млн сол пеш), триас (251—200 млн сол пеш), юра (200—145 млн сол пеш), табошир (145-65 млн сол пеш), палеоген (65-23 млн сол пеш), неоген (23-1,8 млн сол пеш), давраи чорумин (1,8 млн сол пеш — то имрӯз)-ро ҷудо мекунанд. Давраҳо дар эраҳои палеозой (535—251 млн сол пеш), мезозой (251-65 млн сол пеш) ва кайнозой (65 млн сол пеш — то имрӯз) муттаҳид шудаанд. Пораҳои калонтарини таърихи геологии Замин — эонҳо (мас. фанерозой — 535 млн сол пеш) ва арконҳо [архейҳо (то 2,5 млн сол пеш) ва протерозой (2,5-0,535 млн сол пеш), ки дар токембрий ҷудо карда мешаванд] дар баробари эраҳои палеозой, мезозой ва кайнозой ба давраҳои бузурги инкишофи олами органикии Замин мувофиқат мекунанд.
 
Дар давраи тоархей (то 4 млрд сол пеш), ки даво­моти онро баъди аккретсия олимон аз 10 то 150 млн сол муайян кардаанд, Замин хеле гарм ва гудохта буд. Он ба ҳастаи филиззии моеъ (асосан оҳан) ва мантияи силикатӣ, ки қисми болоии он «уқёнуси тафта»-и ғафсиаш якчанд сад км буд, ҷудо мешуд. Массаи асо­сии об як қисми атмосфераи қадимии аз буғи об ва газҳо (асосан гази карбон ва нитроген) таркибёфта буд. Баъзе олимон нисбатан дер­тар дар натиҷаи бегазшавии қаъри Замин дар рафти тадриҷан сардшавии сайёра ба вуҷуд омадани атмосфераро тахмин мекунанд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Замин"