Замин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 259:
Дар давраи тоархей (то 4 млрд сол пеш), ки даво­моти онро баъди аккретсия олимон аз 10 то 150 млн сол муайян кардаанд, Замин хеле гарм ва гудохта буд. Он ба ҳастаи филиззии моеъ (асосан оҳан) ва мантияи силикатӣ, ки қисми болоии он «уқёнуси тафта»-и ғафсиаш якчанд сад км буд, ҷудо мешуд. Массаи асо­сии об як қисми атмосфераи қадимии аз буғи об ва газҳо (асосан гази карбон ва нитроген) таркибёфта буд. Баъзе олимон нисбатан дер­тар дар натиҷаи бегазшавии қаъри Замин дар рафти тадриҷан сардшавии сайёра ба вуҷуд омадани атмосфераро тахмин мекунанд.
 
Замин дар давоми 1 млрд сол бо суръати 100оС100°С ба сардшавӣ сар кард. Ҳангоми сардшавии «уқёнуси тафта» дар сатҳи он қишри сахт — қишри ибтидоии заминӣ, шояд, таркибаш базалтӣ ба вуҷуд омад. Замин аз ҷониби шиҳоб­пораҳо бомбаборон шуд, ки дар натиҷаи он дар рӯйи Замин танӯраҳои сершумори андоза­ашон гуногун ташаккул ёфтанд. Дар ҷойҳои афтиши шиҳобпораҳо гудозаҳо ҷорӣ шуданд. Вақте ки ҳарорати Замин аз ҳарорати ҷӯшиши об паст шуд, аз атмосфераи қадимӣ миқдори зиёди об борид, ки он уқёнуси Оламро ба вуҷуд овард: об дар натиҷаи сардшавӣ ва шӯшабандии мантия қисман ҷудо шуд.
 
Ба плитаҳо (порчаҳо)-и андозаашон хурд тақсимшавии литосфераи ибтидоӣ қариб 4,3-4 млрд сол пеш ба амал омад, ки ба он селҳои конвексионӣ дар мантия ва баландшавии ҷараёни моддаҳои гармшудаи қаърии мантия мусоидат намуданд. Ғайр аз ин дар натиҷаи ҷоришавии гудозаи таркиби фавқуласосӣ қитъаҳо бо литосфераи ибтидоӣ зич ташаккул ёфтанд, ки онҳо ба мантияи пои­нии қисман гудохташуда фурӯ рафтанд. Тектоникаи «ҷа­нинӣ»-и плитаҳо сар шуд. Дар ноҳияҳои аз ҳам дуршавии плитаҳо қишри уқёнусии нав ва дар ноҳияҳои наздикшавии плитаҳо мавзеъҳои зичшавии литосфераи ибтидоӣ пайдо шуданд. Дар ноҳияҳои зичшавии лито­сфераи ибтидоӣ, ҷойҳои зичшавии тектоникӣ ва ғафс­шавии қишри базалтии ибтидоӣ манбаъҳои тафтаи ан­дезитӣ пайдо шуданд, ки барои ташаккули моддаҳои қиш­ри континентӣ (хушкӣ) ҳамчун асос хидмат карданд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Замин"