Морхӯр: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 23:
'''Морхӯр''', бузи [[кӯҳ]]ӣ, бузи пармашох ({{lang-la|Capra falconeri}}) — ҷонвари [[ҷуфтсум]]и ваҳшиест аз ҷинси [[буз]].
 
== Морхӯр дар Тоҷикистон ==
Дар [[Тоҷикистон]] як зернамуди морхӯр маълум аст. Ҷуссааш калон (дарозии наринааш 155—170 см, вазанаш 80-109 кг; модинааш 140—150 см, вазнаш 32-41 кг), пойҳои дарози пурқувват, шохи пармашакли вазнин (3735 г) дорад (ҳаҷм ва шакли шохи морхур ҳар хел аст). Рангаш бӯри малла, ашҳабӣ ё хокистарранги [[сафед]]. Морхури нар «риш» (дарозиаш то 30 см) дорад. Пашми Морхур вобаста ба фасли сол тағйир меёбад ([[зимистон]] дарози маҳин ва тобистон нисбатан кӯтоҳи тунук мешавад). Даври ҳамлаш 5-6 моҳ; 1-2 бача (апрел ё июн) мезояд. Морхур ҷонвари хоси кӯҳистон (баландиҳои 2000—2800 м аз с. б.) аст. Дар Тоҷикистон фақат дар ҷанубу ғарби кӯҳсори [[Дарвоз]] ва [[Ҳазратишоҳ]] сукунат дорад. Хӯрокаш [[алаф]] ва шоху [[барг]]и баъзе [[дарахт]]он мебошад. Мувофиқи баъзе маълумотҳо саршумори Морхур дар Тоҷикистон аз 1000 сар бештар нест. Солҳои охир саршумори Морхур боз ҳам камтар шудааст. Бино ба маълумоти Идораи шикору [[шикоргоҳ]]ҳоишикоргоҳҳои Кумитаи давлатии ҷангалдории Тоҷикистон саршумори морхур ҳамагӣ 400 сар аст (1984). Сабаби асосии кам шудани Морхур шикори ғайриқонунӣ, сохтани роҳҳои мошингард, ҳуҷуми даррандагон ва ғайра мебошад. Бо мақсади муҳофизати Морхӯр дар [[Тоҷикистон]] парваришгоҳи «Дашти Ҷум» бунёд карда шудааст, ки дар он камобеш 150 сар Морхӯр зиндагӣ мекунад. Морхӯр ба «Китоби сурхи байналхалқӣ», «Китоби сурхи Иттиҳоди Шӯравӣ» ва «Китоби сурхи ҶШС Тоҷикистон» дохил шудааст. Шикори Морхӯр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли [[1956]] то кунун манъ мебошад.
[[File:Capra falconeri hepteneri.jpg|thumb|Морхӯри Бухороӣ дар [[Боғи Вуҳуши Лос Анҷелес]]]]
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Морхӯр"