Гладиатор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х VASHGIRD moved page Гладиаторҳо to Гладиатор
No edit summary
Сатри 1:
[[File:Jean-Leon Gerome Pollice Verso.jpg|thumb|400px|<center>[[Жером, Жан-Леон|Ж.-Л. Жером]]. «[[Pollice verso (мусаввара)|Pollice verso]]» (1872)</center>]]
'''ГладиаторҳоГладиа́тор''' (аз{{lang-la|gladiator}} — лот.«шамшерзан», аз ''gladius'' — «шамшер)», «[[гладиус]]») — ҷан­го­ва­ро­ни мусаллаҳе, ки дар амфитеатрҳои [[Руми Қадим]] байни ҳамдигар қувваозмоӣ мекарданд.
 
Аксари гладиаторҳоро ғуломону аси­рон ва баъзан ҷинояткорон, зархаридон ё шахсони озо­ди ниёз­манд ташкил медоданд. Набарди гладиаторҳоҳо аз анъанаи этруск­ҳо (бошандагони шимоли Итолиё), ки дар маросими дафни ашроф одам қурбонӣ мекарданд, ибтидо мегирад. Мин­баъд румиён мувофиқи ин анъана шахсони ба марг маҳ­кум­шударо мусаллаҳ карда, онҳоро дар сари қабр ба ҷанги бай­ни ҳамдигар водор мекарданд. Тибқи маъ­лумоти Тит Ливий, қувваозмоии гладиаторҳо дар Рум аз соли 264 то  м. баъди маросими дафни Десим Юний Брут ба ҳукми анъана даромад. Дертар набарди гладиаторҳо моҳияти маросимиашро аз даст дода, ба намоиши шавқоваре табдил ёфт, ки онро магистратҳо (эдилҳо ва преторҳо) — намояндагони ҳукумати Рум барои сокинони шаҳр баргузор мекарданд. Ҷангҳои гладиаторҳо сараввал дар саҳнаи сирк ва аз асри 1 то  м. дар амфитеатрҳои махсус (Колизей ва Помпей дар Рум) мегузаштанд. Ҳамчунин набарди гладиаторҳо ҳангоми тантанаҳои сиё­сӣ, пирӯзиҳо дар забткориҳо, ба тахт нишастани императо­рон ва дигар ҷашнҳои давлатӣ доир мегашт (Юлий Сезар ҳангоми расидан ба маснади эдилӣ соли 65 то  м. набарди беш аз 320 ҷуфт гладиаторҳоро ба мардуми Рум намоиш дод). Гладиаторҳо ба таври ҷуфт, дастаҳои ҷудогона, ҷанговарони савора ва ё гардунадорон набард ороста, аз силоҳҳои гуногун (шамшер, найза, шашпар, гурз, табарзин ва хан­ҷар) истифода мекар­данд. Барои шавқовар гаштани тамошо гладиаторҳоро бо даранда­ҳо (шер, паланг, хирс) ҳам ҷанг меандохтанд.
 
Гладиаторҳоро дар мактаб­ҳои махсуси хусусӣ, шаҳрӣ ва давлатӣ тарбия мекарданд (аввалин мактаб барои тарбияи гладиаторҳо дар асри 1  м. дар ш. Кам­пания таъсис ёфта буд). Гладиаторҳоҳои ғолиб агар шахси озод мебуданд, мукофоти зиёд ва агар ғулом мебуданд, озодӣ ба даст меоварданд. Ба қатл маҳкум шудан ва нашудани гла­диатори мағлуб ба тамошобинон ва ё император вобас­та буд, ки онро тавассути нарангушт (ба боло ё поин) ишора мекарданд. Гладиаторҳо вобаста ба навъи силоҳ ва либосашон ба зиё­да аз 20 гурӯҳ ҷудо мешуданд (бестиарий, галл, фракӣ, гопломах, самнит ва ғ.). Дар ибтидои асри 3 қувваозмоии гладиаторҳо ба му­қовимати шадиди дини насронӣ дучор шуда, соли 326 бо қарори император Константин (306–337306—337) ва дертар соли 404 бо фармони император Гонорий (395–418395—418) расман манъ кар­да шуд, вале дар шаклҳои дигари варзишу қув­ваозмоӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиё боқӣ монд. Набард­ҳои паҳла­во­нони ниёгони тоҷикон дар тимсоли Рустам, Суҳроб, Сиё­вуш, Исфандиёр, Зарасп, Гев, Гударз ва дигарон ба муҳо­ри­баҳои гладиаторҳо шабоҳат дошта бошад ҳам, ниёгони мо оини ҷа­вон­мардии размоварию паҳла­во­ни­ро риоя кар­даанд.
 
== Эзоҳ ==
Line 9 ⟶ 10:
 
== Адабиёт ==
* Хёфлинг гладиаторҳо Римляне, рабы, гладиаторы. М., 1992;
* Носов К.  С.  Гладиаторы: история, типы вооружения, организация зрелищ. СПб., 2005;
* Забеҳулло Сафо, Гударзиён. Андеша. Фаслномаи илми фар­ҳан­гӣ. Шумораи 1. Д., 2012.
 
== Пайвандҳо ==
{{Навигатсия}}
* {{cite web|url=http://antik-yar.ru/events/cl-civ-2011/papers/voloshinda|title=Гладиаторские бои как политическое массовое зрелище и средство «социальной дрессуры» (Рим эпохи империи)|author=Волошин Д. А.|publisher=Центр антиковедения ЯрГУ|accessdate=2017-07-23}}
* {{cite web|url=http://www.historytoday.com/keith-hopkins/murderous-games-gladiatorial-contests-ancient-rome|title=Murderous Games: Gladiatorial Contests in Ancient Rome|subtitle= |author=Хопкинс К.|authorlink=Хопкинс, Кит|publisher=History Today |accessdate=2017-07-23 |lang=en|description=Published in History Today Volume 33 Issue 6 June 1983}}
 
== Сарчашма ==
{{ЭМТ}}
{{пайвандҳои беруна}}
 
[[Гурӯҳ:Гладиаторҳо|*]]