Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х (GR) File renamed: File:Ahmad Faisal - football - A.jpgFile:Zohib Islam Amiri (in red uniform) vs Jeje Lalpekhlua (in blue uniform).jpg Criterion 5 (violation of policies or guidelines) · Zohib Islam Amiri (in red uniform) vs Jeje Lalpekhlua of India during the 2011 SAFF Championship. Ahmad Faisal is Author.
No edit summary
Сатри 123:
Дар айни ҳол Британия ҳокими Панҷоб Ранҷит Сингхро алайҳи Афғонистон барангезонда, вилоятҳои Мултон, Кашмир ва Пешоварро забт намуд. Соли 1833 байни Шоҳ Шуҷоъ ва Ранҷит Сингх бо машвараи Ширкати Ост-Индия шартнома ба имзо расид, ки тибқи он Ранҷит бояд ба Шоҳ Шуҷоъ барои соҳиб шудан ба тахти Кобул мадад расонад ва Шоҳ Шуҷоъ ҳокимияти Сингхро дар Пешовар, Мултон ва Кашмир эътироф намояд. Охири соли 1838 лашкари сершумори англисию ҳиндӣ Қандаҳор ва Кобулро забт намуданд. Шоҳ Шуҷоъ подшоҳ эълон гардид, вале дар мамлакат муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ шиддат гирифт. Соли 1842 Шоҳ Шуҷоъ ҳангоми фирор аз Кобул ба қатл расид. Аввали соли 1843 Дӯстмуҳаммадхон, ки ҳанӯз августи 1839 асири англисҳо гардида, ба Ҳиндустон фиристода шуда буд, аз асорат раҳида, ба Афғонистон баргашт. Дӯстмуҳаммад дар Кобул ҳамчун интиқомҷӯи мардуми азияткашида истиқбол шуда, барои тавсиаву таҳкими қаламрави худ вилҳои Кобулу Ҷалолобод, Ғазнӣ, Қандаҳор, Балх, Хулм, Оқча, Ши­бир­ғон, Андхуй, Маймана, Систон ва Кундузу Бадахшонро тасхир кард. Ҷиҳати таъмини амнияти мулк­ҳои дар тасарруфбудаи худ бо ҳукумати Ҳинду Британия муоҳидаи дифоию ҳамлавӣ ақд намуд ва ҳамчун амири Афғонистон эътироф гардид. 29 майи 1863 Дӯстмуҳаммади 92-сола зиндагиро падруд гуфт. Дӯстмуҳаммад писараш Шералихонро валиаҳди худ интихоб карда буд, вале ӯ бар асари муборизаи рақибонаш моҳи майи 1866 дар яке аз муҳо­рибаҳо шикаст хӯрд. Афзалхон – писари Дӯстмуҳаммадхон, бародари нотани Шералихон аз маҳбас озод ва амири Кобул эълон шуд, вале дере нагузашта вафот кард ва бародари дигари нотани ӯ Муҳаммад Азимхон худро амир эълон кард. Пас аз фавти ӯ (окт. 1867) Абдурраҳмонхон – писари Афзалхон, ки дар Самарқанд зери ҳимояи русҳо зиндагӣ мекард, ба Афғонистон баргашта, соли 1880 бо мақсади ба Кобул ҳуҷум кардан, дар навоҳии шимол Афғонистон лашкари бисёреро ҷамъ овард. Англия маҷбур шуд амирии Абдурраҳмонхонро ба расмият шиносад ва дар навбати худ Абдурраҳмонхон розӣ шуд, ки нуктаҳои асосии Аҳдномаи Гандумакро риоя кунад. Абдурраҳмонхон дар давраи ҳукмрониаш (1880–1901) бо мақсади аз байн бурдани парокандагии феолалӣ ба лашкаркашиҳо ва баъзе ислоҳот оғоз кард. Бар асари ин лашкаркашию ҷангҳо Қандаҳор, Ҳирот, Ҳазораҷот, Кофаристон ба ҳукумати марказӣ то­беъ ва як қисми заминҳои рӯҳониён дав­латӣ кунонда шуданд, минбаъд рӯҳониён аз давлат маош мегирифтанд. Соли 1859 англисҳо Балуҷистонро ба Ҳинди Британиявӣ ҳамроҳ карда, Афғонистонро аз роҳи баҳрӣ маҳрум сохтанд. Соли 1893 «Хатти Дюранд» – сарҳадди доимии байни Афғонистон ва Ҳинди Британиявӣ муқаррар шуд. Солҳои 1850–60 Осиёи Миёнаро империяи Россия тасарруф намуд ва Афғонистон низ аз доираи таъсироти он берун намонд. Аз соли 1873 то соли 1895 дар асоси якчанд созишнома сарҳадди доимии байни Россия ва Афғонистон муайян шуд. Баъд аз вафоти Абдурраҳмонхон писараш Ҳабибуллоҳхон (1901–1919) ба сари ҳокимият омад. Инқилоби Руси соли 1905–1907 ба худшиносии миллии афғонҳо таъсири амиқ гузошт; дар мамлакат ҳаракати машрутахоҳон – ҷавон­афғонон оғоз шуд.
[[Акс:King Amanullah of Afghanistan.jpg|alt=Шоҳ Амонуллоҳ, 1930|thumb|Шоҳ Амонуллоҳ, [[1930]]]]
Дар давраи солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Афғонистон сиёсати бетарафӣ ва дахолат накарданро пеш гирифт, вале таҳти таъсири Ин­қилоби Октябр гурӯҳҳои навандеш ва пеш­рафт­хоҳи мамлакат фаъолияти густарда намуда, барои истиқлоли комили Афғонистон мубориза мебурданд. Соли 1919 (20 феврал) Ҳабибуллоҳхон дар наздикии Ҷалолобод ба қатл расид. Ба сари давлат писари ӯ [[Амонуллоҳхон]] (1919–1929) омад. 28 феврали1919 Афғонистон давлати соҳибистиқлол эълон карда шуд. Дар навбати аввал истиқ­лоли Афғонистонро Россияи Шӯравӣ ба расмият шинохт. 7 апрели 1919 Амонуллоҳхон бо мактуб ба В. И. Ленин муроҷиат карда, барои бо Россияи Шӯравӣ доштани робитаҳои дӯстона изҳори хоҳиш намуд. 27 майи 1919 бо имзои В. И. Ленин ва М. И. Калинин ҷавоби мусбати мактуби Амонуллоҳхон ба Афғонистон расид. Дар баробари ин, Амонул­лоҳ­хон эълон дошт, ки дар мамлакат бояд фавран ислоҳоти дохилидавлатӣ карда шавад, вале англисҳо истиқлоли Афғонистонро қабул надоштанд ва моҳи майи 1919 байни Афғонистон ва Британия боз ҷанг (ҷанги сеюми афғону англис) оғоз гардид. Муқовимати шадиди афғонҳо англисҳоро ба оштӣ маҷбур сохт ва 8 августи 1919 дар Равалпиндӣ Шартномаи сулҳи байни Афғонистон ва англисҳо ба имзо расид, ки тибқи он англисҳо расман истиқлоли Афғонистон-ро пазируфтанд. 28 феврали 1921 дар Маскав байни Россияи Шӯравӣ ва Афғонистон шартномае имзо шуд, ки тибқи он дар байни ду давлат муносибатҳои дипломатӣ муқаррар гардиданд ва тарафайн уҳдадор шуданд, ки бар зидди якдигар бо давлати сеюм тааҳҳуд нахоҳанд кард. Давлати Шӯравӣ розӣ шуд, ки ба Афғонистон ёрии иқтисодӣ ва техникӣ расонад. Ин нахустин шартномаи баробарҳуқуқии Афғонистон бо яке аз давлатҳои бузурги он давр буд. Ноябри 1921 байни Британия ва Афғонистон низ шартномаи дигарон ба имзо расид. Вале аз муҳтавои шартнома бармеомад, ки нақшаҳои худхоҳонаи мустамликадорони англис қатъ нагардиданд, баръакс Британия ният дошт ба корҳои дохилии давлат мудохила кунад ва мушкилоти иқтисодию иҷтимоии онро ба манфиати худ истифода барад. Соли 1923 нахустин Конститутсияи Афғонистон қабул карда шуда, сардорони ақвому қабоил аз ҳуқуқи ҷамъ кардани андоз маҳрум шуданд; таъсири рӯҳониён ба мактаб ва умури адлия маҳдуд гардид, чанд мактаби дунявӣ, аз ҷумла, мактабҳои махсус барои занону духтарон ба кор шурӯъ карданд.
[[Акс:King Zahir Shah of Afghanistan in 1963.jpg|alt=Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ, 1963|thumb|Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ, [[1963]]]]
Ислоҳоти буржуазии ҳукумати Амонуллоҳхон харҷу сарфи бисёреро ба вуҷуд овард, ки бори гарони зиндагии мардуми одии заҳматкаш боз ҳам вазнинтар шуд ва ба ҳамин сабаб солҳои 1924–1928 дар манотиқи алоҳидаи мамлакат шӯришҳои мардумӣ сар заданд. Пешвои калонтарин шӯриши тоҷикони Куҳистон ва Куҳдоман [[Ҳабибуллоҳи Калаконӣ]] буд, ки душманон ба ӯ лақаби Бачаи Саққоро дода буданд ва бо ин ном машҳур шуд. Дар нати­ҷаи фишори шӯришчиён моҳи январи соли 1929 Амонуллоҳхон аз амирӣ даст кашид ва пешвои шӯришиён – Ҳабибуллоҳхон амири Афғонистон эълон шуд. Бешубҳа, рӯҳониён, ки аз ислоҳоти пеш аз вақти Амонуллоҳхон норозӣ буданд, аз Ҳабибуллоҳи Калаконӣ пуштибонӣ менамуданд. Бинобар ин подшоҳи нав ислоҳоти Амонуллоҳро бекор кард ва ба манфиати мардум чораҳои муҳим андешид. Тамоми боқидории молиёти гузаштаро барҳам дод, хидмати аскариро бекор кард. Ҳар кас ихтиёрӣ ба давлат бояд хидмат мекард. Барои ҳар аскар моҳона 20 рупияи нақд ва 4 ир (1 ир – 7 кг) гандум маош муайян кард, молиёте, ки болотар аз шароити вазъшуда бошад, бекор карда мешуд. Мизони молиёт аз рӯйи шароити ахлоқӣ муайян карда мешуд. Ҳабибуллоҳ тамоми боқиёт аз хироҷи замин, боғу молиёти тоҷирон ва пешаваронро, ки аз давраи Амонуллоҳ ва падари ӯ Ҳабибуллоҳ монда буданд, барҳам дод. Яъне маҳз ба фоидаи мардуми заҳматкаш чораҳои мушаххас андешид. Аммо кишварҳои хориҷӣ Ҳабибуллоҳи Калакониро дастгирӣ накарданд. Сталинро тоҷик будани ӯ ба ташвиш оварда буд, англисҳоро истиқлолхоҳиаш. Бинобар ин Британия Нодирхонро, ки барояш одами худӣ буд, ёрӣ ва мусаллаҳ намуда, бар зидди Калаконӣ таҳрик намуд. Аз фурсати муносиб истифода намуда, генерал Нодирхон бо мадади қабилаҳои ҷануби Афғонистон бо таҳрики эҳсосоти қавмии онҳо ба Кобул ҳамла оварда, онро ишғол намуд ва Ҳабибуллоҳхон (Бачаи Саққо)-ро қатл кард. Ҳукумати Нодирхон бо Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои дӯстонаро боз ҳам мустаҳкамтар карда, соли 1931 (24 июн) дар байни ИҶШС ва Афғонистон шартномаи бетарафӣ ва ба ҳамдигар ҳуҷум накардан ба тасвиб расид. Худи ҳамон соли 1931 Конститутсияи нави Афғонистон қабул карда шуд, ки дар асоси он сохти давлатӣ шакли монархияи конститутсионӣ гирифт.