Имороти Муттаҳидаи Арабӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 45:
 
== Табиат ==
Ҳудуди АМА аз ҳамвориҳои паст, кӯҳҳои начандон баланд (то 1127 м, дар Ш.шарқ) ва рифҳои марҷонӣ (қад-қади соҳилҳои Халиҷи Форс) иборат аст.

=== Наботот ===
Бештари ҳудуди АМА биёбон буда, дар Ҷ.ҷануб ва қисми ҷан.ҷанубу шарқии мамлакат ду воҳаи бузурги сердолударахт мавҷуд аст, ки дар онҳо хурмо, ангур, лиму, норҷил, ақоқиё, буттаҳои тамариск мерӯянд.

=== Ҳайвонот ===
Аз ҳайвонот харгӯш, оҳу, қашқалдоқ, мор ва калтакалос мавҷуданд.

=== Иқлим ===
Иқлими АМА хушки тропикӣ ва дар соҳилҳои халиҷ субтропикист. Дарёҳои доимӣ надорад, майдони зиёдро шӯразору биёбони регзор ташкил мекунад. Ҳарор.Ҳарорати ҳаво аз +10°С (дар моҳи дек.) то +45°С (июл) мебошад. Боришоти миёнаи солона аз 130 мм беш нест. Тӯфони регӣ зиёд рух медиҳад. Муҳимтарин сарвати зеризаминии мамлакат нефт ва гази табиӣ мебошад.
 
== Аҳолӣ ==
Line 51 ⟶ 60:
 
== Таърих ==
Ҳудуди АМА ҳанӯз ҳазорсолаи 6 то м. маскун буда, дар ҳазораи 4 то м. соҳилҳои Халиҷи Форс маҳали муҳими тиҷорати байни Байнаннаҳрайн ва Ҳинди Қадим буд. Соли 300 то м. дар мавзеи Малейҳа юнониён колонияи тиҷоратии хешро асос гузоштанд. Тиҷорат махсусан бо Сосониён (дар а-ҳои 5 — 6) хуб роҳандозӣ шуда, дар соҳили шарқӣ, дар Дибба то а.асри 7 европоиёни масеҳӣ ибодатгоҳ ва бандар сохта буданд. Хилофатҳои соҳилҳои ҷан. Халиҷи Форс ва шим. ғарбии Уммон дар ҳайати Хилофати араб буда, ш-ҳои Дубай, Шарҷа, Фуҷайра ҳамон замон бино гаштаанд. Дар а-ҳои 10 — 11 қисми шарқии Нимҷазираи Араб дар тасарруфи қарматиҳо буд ва баъди таназзули ин сулола зери таъсири Уммон афтод. Ох. а. 15 ба минтақа таваҷҷӯҳи европоиён афзуд. Аввалин шуда ин ҷо португалиягиҳо маъво гирифтанд. То а. 12 моҳидорони маҳаллӣ, сокинони ҳудуди ҳозираи АМА ба сафарҳои баҳрии тӯлонӣ баромада, то соҳилҳои Кения, Шри-Ланка, Хитой ва Вйетнам мерасиданд. Ширкати Ост-Индияи Британияи Кабир дар а. 18 тиҷорати баҳрии байни бандарҳои Халиҷи Форсро бо баҳонаи хотима бахшидан ба роҳзании баҳрӣ монополияи худ кард ва аҳолии аморатҳоро, ки асосан бо тиҷорат машғул буданд, аз манбаи асосии зиндагӣ маҳрум гардонд. Ин боиси задухӯрдҳои доимии байни ширкати Ост-Индия ва аҳолии маҳаллӣ мешуд (англисҳо арабҳоро роҳзан ва ноҳияи аморатҳоро «Соҳили роҳзанон» номида буданд). Соли 1820 ин ширкат шартномаеро зӯран ба гардани амирон ва шайхони 7 аморати араб бор кард, ки он ибтидои муқаррар шудани назорати Британияи Кабир бар ин сарзамин буд. Ҳамин тариқ, с. 1838 «Соҳили роҳзанон» (АМА), Уммон, Масқат, Баҳрайн ва Кувайт таҳти назорати Англия даромад ва дар халиҷ киштиҳои ҳарбии он ба таври ҳамеша ҷой гирифтанд. Аз миёнаҳои а. 19 ин ҳудуд бо номи Уммони Аҳдӣ тобеи Британияи Кабир шуд. Солҳои 20 а. 20 дар Уммони Аҳдӣ ҳаракати миллии озодихоҳӣ оғоз ёфта, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 — 45) хеле авҷ гирифт; таъсири Британияи Кабир дар Халиҷи Форс суст шуд ва 2 дек. 1971 дар қатори дигар давлатҳои халиҷ таъсиси давлати мустақили АМА эълон гардид. Дар аввал аморати Раъс-ул-Хайма ба ин иттиҳод ворид шудан нахост, вале февр. 1972 ба он шомил шуд. Дек. 1971 байни АМА ва Иттифоқи Советӣ муносибатҳои дипломатӣ муқаррар гардид.
 
== Иқтисодиёт ==