Жан-Жак Ампер: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Олим}} '''Жан-Жак Ампер''' ({{lang-fr|Jean-Jacques Ampère}}; {{СанаиТаваллуд|12|8|1800}}, Лион — {{СанаиМарг|27|3|1864}},...
(бе тафовут)

Нусха 04:44, 6 июни 2018

Жан-Жак Ампер (фр. Jean-Jacques Ampère; 12 август 1800, Лион27 марти 1864, По) — филолог, адабиётшиноси франсавӣ, узви Академияи Фаронса (1846).

Жан-Жак Ампер
фр. Jean-Jacques Ampère
Таърихи таваллуд 12 август 1800(1800-08-12)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 27 март 1864(1864-03-27)[4][3][5][…] (63 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Имзо Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Писари физик ва математики маъруф Андре-Мари Ампер. Донандаи якчанд забони дунё.

Асарҳои ӯ «Таърихи адабиёти Франсия то қарни XII» (1839), «Мадхали таърихи адабиёти франсавии асрҳои миёна» (1840), «Юнон, Рим ва Данте» (1848) ва ғ. байни мутахассисони адабиёти асрҳои миёнаи Аврупо маъруфанд.

Жан-Жак Ампер донандаи хуби ҳамосаҳои қаҳрамонии адабиёти Шарқу Ғарб буд. Оид ба тамаддуни халқҳои Машриқзамин рисолаҳо дорад, ки дар китоби «Илм ва адабиёт дар Шарқ» (1865) фароҳам омадаанд.

Тарҷумаи «Шоҳнома»

Дар рисолае оид ба нашри ҷилдҳои аввали тарҷумаи франсавии «Шоҳнома», ки шарқшиноси франсавӣ Жул Мол анҷом дода буд, баҳс оростааст. Жан-Жак Ампер ба «Шоҳнома» аз дидгоҳи эстетикаи романтизм баҳо додааст. Дар адабиётшиносии франсавӣ Жан-Жак Ампер нахустин касест, ки ғояи муборизаи некӣ ва бадиро дар «Шоҳнома» пай бурда, гуфтааст, ки «муборизаи байни некию бадӣ, ки асоси теологияи Зардушт аст, асоси достони Фирдавсиро ташкил медиҳад». Дар адабиёти ҷаҳон достонҳои ҳамосӣ бисёранд, вале ба гуфтаи Жан-Жак Ампер «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «беҳтарин достони миллист». Дар бобҳои дигари рисолааш Жан-Жак Ампер «Шоҳнома»-ро бо ҳамосаҳои дигари адабиёти ҷаҳон муқоиса кардааст. Асари Жан-Жак Ампер оид ба «Шоҳнома» ба забонҳои кишварҳои Аврупо, аз ҷумла русӣ тарҷума шудааст.

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.