Амр ибни Лайс: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х навсозӣ
No edit summary
Сатри 27:
[[Акс:Saffarid dynasty 861-1003.png|thumb|250px|Давлати [[Саффориён]]]]
 
'''Амр ибни Лайси Саффорӣ''' (? – [[22 апрел|20 апрели]] [[902]], [[Бағдод]]) – фармондеҳи [[Сипоҳ|сипоҳи]] [[Хуросон]], дуюмин амир аз [[Саффориён|дудмони Саффорист]].
'''Амр ибни Лайс''' – амири давлати [[Саффориён]], баъд аз [[Яъқуб ибни Лайс]] (873-879) дар давлат амир шудааст.
[[Яъқуб ибни Лайс]] пеш аз марг, бародараш Амрро ҷойнишини худ эълон карда, сипоҳиёнро даъват кард, ки аз ӯ итоат намоянд. Амр нахуст ба халифаи [[Аббосиён|аббосӣ]] [[нома]] навишта, изҳор дошт, ки нисбат ба [[Аббосиён]] вафодор аст. Халифа дар ҷавоб фармони ҳукумати Форс, Кирмон, Исфаҳон, Табаристон, Сиистон, Ироқи Аҷам ва шаҳнагии [[Бағдод]]ро ба номи ӯ содир кард. Амр ният дошт, ки [[Мовароуннаҳр]]ро ҳам зери итоати худ оварад. Ягона ҳарифе, ки дар қисматҳои шарқии хилофат ҳанӯз аз Амр итоат намекард, [[Исмоили Сомонӣ]] буд. Халифаи маккори [[Аббосиён|аббосӣ]] аз қудратёбии ду саркардаи [[тоҷик]] ҷиддан нороҳат буда, интизори раќобату даргирии низомии ду саркардаи машҳур ва ду силсилаи маҳаллӣ буд. Халифа ҳар ду ҷонибро ҳам дастгирӣ карда, корро ба ҷое расонид, ки ҷанги ду сипаҳсолори тоҷик ногузир шуд.
 
== Ҳукмронӣ ==
Солҳои 899-900 миёни Амр ва [[Исмоили Сомонӣ]] ҷанг рух дод. Дар ин мубориза [[Исмоили Сомонӣ]] тавонист, ки рӯҳияи мардуми [[Мовароуннаҳр]]ро бар муқобили Амр бархезонида, аз тамоми табақаҳои аҳолӣ дар мубориза бар алайҳи ӯ истифода намояд. Дар муҳорибаи ҳалкунанда, ки соли 900 рух дод, Амр асир гардид ва Исмоил ӯро ба Бағдод фиристод, ки ҳамон ҷо аз олам даргузашт. Бо асир шудани Амр қудрати [[Саффориён]] ба анҷом расид. Кишвари Хуросон ба ҳайати [[давлати Сомониён]] ҳамроҳ гардид.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011. –с. 99.</ref>
Амр пас аз марги бародараш [[Яъқуби Лайс]] ҷонишини ӯ шуд. Вай барои қувват ёфтани [[давлати Саффориён]]'','' бар хилофи бародараш Яъқуби Лайс, саъй кард бо халифаи аббосӣ Мӯътамид иртиботи хубе дошта бошад. Ба ин манзур ба ӯ тобеъ шуд. Халифа аз ин иқдоми Амри Лайс хушҳол шуд ва ҳокимии Форс, Кирмон, Исфаҳон, Табаристону Систон ва ҳатто Ироқи Аҷамро ба ӯ дод. Амр ӯҳдадор шуд, ки ҳар сол ба халифа 20 ҳазор дирҳам хироҷ супорад. Амр дар ин солҳо бо шӯришҳои дохилӣ мувоҷеҳ шуд. Дар ин давра амир [[Исмоили Сомонӣ]] – волии Бухоро Хоразмро ба тасарруфи худ даровард ва асоси воқеии давлати сомониёнро бино гузошт. Сипоҳи Амр аз Исмоили Сомонӣ шикаст хӯрд ва худ низ асир гардид (900 – 901). Аммо амир Исмоил бо ӯ ба нармӣ бархӯрд кард ва ӯро ба Самарқанд фиристод. Мӯътазиди аббосӣ аз ин огоҳ шуда тақозои ирсоли Амрро кард. Амр бо амри халифа муддате дар Бағдод зиндонӣ буд. Кишвари Хуросон ба ҳайати [[давлати Сомониён]] ҳамроҳ гардид<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011. –с. 99.</ref>.
 
== Зиндагинома ==
Амр фарди фозил ва донишдӯсте буд ва ӯро бархе аз шуарои асри сомонӣ мадҳ ҳам кардаанд. Чунончи, [[Рудакӣ]] дар борааш гуфтааст:
 
Амр ибн ул-Лайс зинда гашт ба-д-ӯ боз,
 
Бо ҳашами хешу он замонаи эшон.
 
Амрро ҳамроҳ бо бародараш ҳомии нахустин шуарои форсигӯй гуфтаанд.
 
Пас аз қатли Амр давлати Саффориён дигар он қудрати собиқро наёфт.
 
== Пайнавиштҳо ==
<references />