Амр ибни Лайс: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 31:
 
== Ҳукмронӣ ==
Амр пас аз марги бародараш [[Яъқуби Лайс]] ҷонишини ӯ шуд. Вай барои қувват ёфтани [[давлати Саффориён]]'','' бар хилофи бародараш Яъқуби Лайс, саъй кард бо халифаи аббосӣ Мӯътамид иртиботи хубе дошта бошад. Ба ин манзур ба ӯ тобеъ шуд. Халифа аз ин иқдоми Амри Лайс хушҳол шуд ва ҳокимии Форс, [[Кирмон]], [[Исфаҳон]], [[Табаристон|Табаристону]] [[Сиистон|Систон]] ва ҳатто Ироқи Аҷамро ба ӯ дод. Амр ӯҳдадор шуд, ки ҳар сол ба халифа 20 ҳазор дирҳам хироҷ супорад. Амр дар ин солҳо бо шӯришҳои дохилӣ мувоҷеҳ шуд. Дар ин давра амир [[Исмоили Сомонӣ]] — волии Бухоро Хоразмро ба тасарруфи худ даровард ва асоси воқеии давлати сомониёнро бино гузошт. Сипоҳи Амр аз Исмоили Сомонӣ шикаст хӯрд ва худ низ асир гардид (900—901). Аммо амир Исмоил бо ӯ ба нармӣ бархӯрд кард ва ӯро ба Самарқанд фиристод. Мӯътазиди аббосӣ аз ин огоҳ шуда тақозои ирсоли Амрро кард. Амр бо амри халифа муддате дар Бағдод зиндонӣ буд. Кишвари Хуросон ба ҳайати [[давлати Сомониён]] ҳамроҳ гардид<ref>Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011. — С. 99.</ref>. Пас аз қатли Амр давлати Саффориён дигар он қудрати собиқро наёфт.
 
== Эзоҳ ==