Фарқият байни намунаҳои "Омударё"

17 bytes removed ,  3 сол пеш
no edit summary
|Номгузории миллӣ = ps/د آمو سيند/tg/Амударё/uz/Amudaryo/tk/Amyderýa
|Тасвир = Afghanistan - Tajikistan Bridge Completion.jpg
|Зернависи тасвир = Купруки болиболjи дарёи Аму байни Тоҷикистону Афғонистон
|Тӯл = 1415
|Масоҳати ҳавза = 309000
|Харитаи мавзеъ = Ӯзбекистон
}}
'''Аму''', '''Ому''', '''Ҷайҳун''', '''Амударё''' ({{lang-fa|آمودریا}}, ба {{lang-la|Oxus}})  — калонтарин дарё дар [[Осиёи Марказӣ]]. Дар қисми болообаш [[Тоҷикистон]] ва [[Ӯзбекистон|Ӯзбекистонро]]ро аз [[Афғонистон]] ҷудо мекунад. Ба он [[Вахш]], [[Кофарниҳон (дарё)|Кофарниҳон]], Сурхон, Кӯкча ва Қундуздарё мерезанд ва сипас номи Амударё мегирад.
 
Амударё оқибат ба [[Баҳри Арал]] мерезад. Дарозиаш 1415  км, аз саргаҳи Панҷ  — 2540  км. Масоҳати ҳавзааш то шаҳри Каркӣ 309 ҳазор км<sup>2</sup> (ғайр аз ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё). Майдони обҷамъшавӣ (якҷоя бо ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё) 227 ҳазор км<sup>2</sup>.
 
== Таърих ==
Дар даврони бостон рӯди Вахшро сарчашмаи аслии Амударё мешумурдаанд, аз ин рӯ номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.
 
Гетинигорони даврони исломӣ Ҷарёбро сарчашма медонистанд, ки акнун [[Панҷ (рӯд)|Панҷ]] номида мешавад ва саргаҳи он Вахоб хонда мешавад, ки аз Вахон ояд. Чунончи, нависандаи гумноми «Ҳудуд-ул-олам» дар фасли ''«Сухан андар рӯдҳо»'' мегӯяд: «Ва дигар рӯдест ӯро Харноб хонанд, аз мағриби кӯҳи Қасак биравад ва миёни [[Вилояти Бадахшон|Бадахшон]] ва [[Ноҳияи Фархор|Порғар]] андар [[Дарёи Аму|Ҷайҳун]] афтад. Ва ин Харноб аз Ҷайҳун меҳтар аст, валекин ҳама ба Ҷайҳун бозхонанд аз баҳри он, ки Ҷайҳун аз раҳе дуртар равад»<ref>«Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда.  — Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983  м саҳ. 40</ref>.
 
Ҷарёб бояд таҳрифе бошад аз вожаи Харвоб, ки онро Харбобу Харноб низ овардаанд: ({{lang-fa|جریاب <- خرناب <- خرباب <- خروآب}}). Аммо росту дурусташ бояд «Харвоб» ({{lang-fa|خروآب}}) бошад, зеро вожаи «харв» ва гунаҳои дигари он  — «шарв», «шорв» ва «шор»  — ба маънои «чашма, чашмасор; рӯди кӯҳӣ ё даргов»  — ҳамакнун низ дар ҷойномҳои Муҷихарв дар [[Ноҳияи Нуробод|Дарбанд]], Сабзихарв, Ушхарв, Харвундо, Ҳидошор, Висхарв, Вишхарв, Пшихарв дар [[Ноҳияи Дарвоз|Дарвоз]], Вишхарвак, Пошхарв, Рохарв, Техарв дар [[Ноҳияи Ванҷ|Ванҷ]], Рошорву Ҳидошарв дар [[Ноҳияи Рӯшон|Рӯшон]], Сохчарв, Миденшор, Пашор, Тишор, Дишор дар [[Ноҳияи Шуғнон|Шуғнон]] ва Абхарву Шитхарв дар [[Ноҳияи Ишкошим|Вахон]] зинда аст. Рӯди Панҷро дар Дарвозу Ванҷ «Оби Панҷ» ва дар Рӯшону Шуғнон «Панҷдарё» меноманд.
 
Амударё дар «[[Авесто]]» «vanhuyā daityayā» хонда шуда ва «daityayā» баргирифта аз «dātya» дар эронии бостон (имрӯз «дод» гӯем ба маънии «адл») ва баргардонаш «бар пояи доду адл» аст. «vanhuyā» лақабест сифатгуна ва имрӯз «беҳ» гӯем. Ин рӯдро дар «Авесто» «airyanǝm vaējō vanhuyā daityayā» номидаанд, ки дар порсии миёна ба «Эронвеҷ веҳ дод рӯд» баргардон шудааст ва сипас эрониён онро Веҳрӯд (Беҳрӯд) гуфтанд.
 
Аммо Аму бархоста аз номи амардҳо  — бумиёнест, ки пеш аз кӯчидани ариёҳо дар канораҳои рӯди Вахш зиндагонӣ мекарданд ва сарзаминашонро Амард мехонданд, ки сипас Амуй гашт: порсии бостон «Amard» => [[порсии миёна]] «Amol» => [[Забони Форсӣ|порсии нав]] «آموی» (бар асари қоидаи табдили rd => l ва d => y дар забони порсӣ. Чунончӣ, ПБ «θard» => [[Порсии миёна|ПМ]] «sāl» => [[Забони Форсӣ|ПН]] «сол»; ПБ *baudah- => [[Порсии миёна|ПМ]] «bōy» => [[Забони Форсӣ|ПН]] «бӯй»).
 
Амуй муҳимтарин гузаргоҳи Вахш дар роҳи [[Марв]] ба [[Бухоро]] буд ва аз ин рӯ номаш бар рӯду регзори гирду канораш низ гузашт. Аз инҷост ки Одам-уш-шуаро [[Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] ин рӯдро «Оби Ому» ва Қароқумро «Реги Ому» хондааст.
 
== Сарчашма ==
Қисми асосии оби Амударё аз дарёҳои Панҷ ва Вахш аст, ки сароби онҳо  — пиряхҳо ва барфҳои доимӣ дорад (масоҳ. пиряхҳо қариб 8 ҳазор км²). Аз ҷойи пайваст шудани дарёҳои Панҷу Вахш то тангнои Илчик (байни Келиф ва Каркӣ) бари водии ҳозираи Амударё аз 4 то 25  км аст. Баъди аз тангно гузаштани он бари водӣ 2-4  км мешвад ва дарё ба сӯи шим. ғарб тоб хӯрда минбаъд аз байни биёбонҳои Қароқум ва Қизилқум ҷорӣ мегардад. Дар тангнои Туямуюн Амударё аз таҳнишастҳои аллювиалии делтаи қадима мегузарад. Минбаъд водии дарё васеъ шуда, бари он ба даҳҳо км мерасад; делтаи ҳозираи Амударё аз деҳаи Тахиатош сар мешавад. 180 км-и аввали Амударё шохобҳо дорад, дар масофаи боқимонда оби он барои обёрӣ сарф мегардад, қисман бухор ва дар поёноб камоб мегардад. Шохобҳои асосиаш  — Вахш, Кофарниҳон, Сурхондарё ва Сурхон, Қундуздарё ва Кӯкча.
 
== Корбурди иқтисодӣ ==
Истифодабарии оби Амударё барои обёрӣ, одатан, аз март сар шуда, моҳҳои июн  — авг. ба дараҷаи баланд мерасад. Сарфи солонаи об дар моҳҳои январ  — феврал, дар баъзе солҳо моҳи март ҳам кам аст. То соли 1960 сарфи миёнаи об дар назди ш. Каркӣ дар як сония 2000 м<sup>3</sup>-ро ташкил медод. Оби Амударё тира аст (3,3 кг/ м<sup>3</sup>). Поёноби Амударё ях мебандад, дар ҳаволаи ш. Нуқус он тақр. 4 моҳ ях мекунад.
 
Амударё ва шохобҳои он барои обёрӣ аҳамияти калон доранд; аз он заминҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон обёрӣ мешаванд. Соли 1962 канали Қароқум ба номи Ленин (дарозиаш 800 км) ба истифода дода шуда, оби Амударё то ба Ашқобод бурда шуд. Ҳамин тавр, дар воҳаҳои Мурғоб ва Таҷани Туркманистон 170 ҳазор га замини нав обёрӣ гардид. Барои обёрии заминҳои Бухоро соли 1962 канали Аму  — Қарокӯл, соли 1965 канали Аму  — Бухоро канда шуд. Оби Амударё ба воситаи насосҳои пуриқтидор ба системаи обёрии дашти Қаршӣ равон гардид. Амударё аҳамияти нақлиётӣ низ дорад. Аз Тирмиз то поёноби Амударё дарё киштигард мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон киштӣ то Панҷи Поён ҳаракат карда метавонад. Қисми киштигарди дарё (бо Панҷ) бештар аз 1400 км-ро ташкил медиҳад. Ба воситаи Амударё маҳсулоти саноати нефт, чӯбу тахта, нуриҳои минералӣ, пахта ва ғ. кашонда мешавад. Муҳимтарин бандарҳои Амударё Тирмиз, Каркӣ, Чорҷӯй ва Нуқус мебошанд. Дар ҳавзаи Амударё давлатҳои қадими Осиёи Марказӣ  — Хоразм, Суғд ва Бохтар ҷой гирифта буданд. Тадқиқи Амударё асосан аз охирҳои Амударё 19 оғоз ёфт. Дар ҳудуди Тоҷикистон аз болои дарё Панҷ якчанд кӯпрукҳои пуриқтидор сохта шудаанд, ки барои рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.
 
== Набототу ҳайвонот ==
{{эзоҳ}}
 
== Пайвандҳо ==
==Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.ferghana.ru/article.php?id=5782 Водные проблемы возникают из-за «несоответствия интересов верховий и низовий»] (статья о современном водном балансе бассейна Амударьи)
 
== Сарчашма ==