Ноҷии Боло: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
No edit summary
Сатри 14:
|Раис =
}}
'''Ноҷии Боло'''  — [[деҳа]] дар [[Ҷамоати Мирзо Ризо]]. Аҳолиаш 3350 нафар. Дар қисми шимолии шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар масофаи 2  км аз маркази ҷамоат ва 11  км аз маркази [[ноҳияи Ҳисор]] воқеъ гардидааст. Калимаи «Ноҷӣ» аз вожаи суғдӣ буда, маънояш Ноҷӣ (Новжи): нов-гузаргоҳи об, дараи обдор гуфтан аст. <ref>С. Садриддин. Номи диёр — таърихи диёр. - — Душанбе,2000. </ref>
Ноҷи дар роҳи корвонгузар бунёд ёфта, тоҷирон ҳангоми аз ин мавзеъ гузаштан дар Ноҷи як-ду шаб истироҳат карда, баъд ба сафарашон идома медоданд.
Чанд тан ҷавонмардони ғаюри деҳа корвониёнро то ҷойҳои бехавф ҳамроҳӣ мекарданд. Савдогарон дар замонҳои нотинҷ аз ҳамлаю ғорат наҷот меёфтанд. Мумкин номи «Ноҷӣ» ба «Наҷот» ягон алоқамандӣ дошта бошад. Таърихи 800 сола дорад. Мардуми таҳҷоии деҳа аввалҳои асри 12 аз мавзеи Даҳбеди [[Самарқанд]] муҳоҷир шуда омадаанд. Қадимӣ будани деҳаро кофтукови бостоншиносии солҳои 90-уми а.20 гузаронидаи АИ ҶТ дар Ноҷи собит месозад. Роҳи қадимаи абрешим аз Ноҷи мегузашт. Масҷиди мобайнии Ноҷи ссоли 1928 аз маҷмӯаи меъмории қалъаи «Насрулло»-и арки Ҳисор аз тарафи Ҳоҷӣ Турсун харида оварда бунёд карда шудааст. Мардуми Ноҷи дар хоҷагии «Москва» (ҳоло хоҷагиҳои «Баракат» ва «Баракати Чорводор») кор мекунанд ва ба боғдорию зироатпарварӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд. Дар деҳа мактаби миёна, масҷиди ҷомеъ, 2 масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ, маркази фарҳангӣ,
нонвойхона, 7 мағозаю дӯкон ва осиёби барқӣ мавҷуд аст. <ref>Донишномаи Ҳисор. - — Душанбе: "«Ирфон"», 2015, - — с. 427 </ref>
 
== Пайнавиштҳо ==
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо]]