Кармен (опера)

(Тағйири масир аз «Кармен» (опера))

«Кармен» — операи композитор Ж. Бизе, ки с. 1875 дар мавзӯи новеллаи П. Мериме навишта шудааст. Ба машҳур шудани опера, на танҳо мусиқии генеалӣ – равшан, хушрангубор, бо оҳангҳои дилчасп дар сурудҳои рақсӣ ва ритмҳои испанӣ саршор будан, балки бо навоварӣ дар саҳнаи театр нишон додани Бизе одамони одил, ҳиссиёти онҳо, ҳис кардану шавқи онҳо комёб гардидааст. Нахустнамоиши «Кармен» (3 марти с. 1875 дар «Опера-Комик»-и Порис) нобарор буд. Аммо баъди чанд моҳ он ба муваффақият ноил гашт. Суханони пайғамбаронаи П. Чайковский, ки с. 1876 баъди шинос шудан ба шоҳасари Бизе навишта буд: «Баъд аз даҳ сол «Кармен» машҳуртарин опера дар дунё хоҳад шуд». Имрӯз «Кармен» дар саҳнаҳои беҳтарин театрҳои мамлакатҳои дунё намоиш дода мешавад.[1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.172. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)