Осору-л-вузаро

(Тағйири масир аз «Осор ул-вузаро»)

«Осору-л-вузаро»[1] (ар. آثار الوزراء‎) — асари таърихиест дар бораи вазирони мамолики исломӣ аз давраи ибтидои Хилофати араб то замони салтанати Темур ва темуриён. Муаллифи асар Сайфуддинҳоҷӣ ва котиби он Ибни Дарвеш Имомқули Шайх Ҳасан аз силсилаи кубравия будааст. Асари мазкур 10 моҳи раб-ул-аввали соли 1066 ҳиҷрӣ (7 моҳи январи с. 1656 мелодӣ) рӯйнавис шудааст.

Нусхаи дигари «Осору-л-вузаро» дар шаҳри Сринагари Кашмир дар китобхонаи Институти Осиёи Марказӣ (назди донишгохи Кашмир) маҳфуз аст. Китоб сана ва номи котибро надорад. Номи муаллиф таври зайл омадааст: Сайфиддин ҳоҷӣ бини Низом ул-Ақидӣ. Дар асар иттилооnи таърихӣ дар бораи вазирони давлати Сомониён оварда шудааст

Таърихи иншои асар вироиш

Муаллиф барои навиштани асри худ аз китобҳои «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома» — и А. Фирдавсӣ, «Ҷомеъ ул-таворих», «Таърихи Ҷоҳонгиршоҳи Ҷувайнӣ», «Таърихи Саҷуқӣ», «Қобуснома» ва ҳоказо истифода бурдааст. Ба андешаи муаррихи тоҷик Аҳрор Мухторов "дар амал боби охири «Осору-л-вузаро», «Дар зикри Темур ва авлоди ӯ» номида шуда, воқеаҳои таърихиро то соли 875 ҳиҷрӣ (1470—1471) то замони вазирии Ҳоҷи Низомулмулки Хавфӣ дарбар кардааст. Аз ин таърих хулоса мешавад, ки муаллиф асари худро дар ибтидои ҳукумронии Султон Ҳусайн Мирзо (1469—1506) хатм кардааст. Бинобар ин номи вазири кабири ин давр Алишер Навоӣ дар ин асар зикр наёфтааст.[2]

Қисматҳои асар вироиш

«Осору-л-вузаро» аз дувоздаҳ бобби зерин иборат аст:

  1. Дар зикри вузарои салотини мутақаддимин
  2. Дар зикри вузарои хулафои Рошиддун
  3. Дар зикри вузарои Бини Уммия
  4. Дар зикри вузарои Бини Аббос
  5. Дар зикри вузарои Оли Сомон
  6. Дар зикри вузарои Ғазнавиён
  7. Дар зикри вузарои Оли Буя
  8. Дар зикри вузарои Оли Салҷуқ
  9. Дар зикри вузарои Хоразмшоҳиён
  10. Дар зикри вузарои Чингизхон
  11. Дар зикри вузарои Музаффар ва мулки Ғур
  12. Дар зикри вузарои Темур ва авлоди ӯ.

Дар нусхаи мазкур омадааст, ки Сомониён «саду ду солу ним бист рӯз» ҳукм рондаанд.[3]

Эзоҳ вироиш

  1. Наҷотова Н. Б., Иноятова С. Э. Баъзе маълумот перомуни вазирони аҳди ғазнавӣ. Равшанфикр. Муаррих, №2 (30) 2022.
  2. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997, — с. 58-59.
  3. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997, — с. 58-59.