Абдол Султон, Абдумалик

Абдо́л Султо́н, Абдумалик (? — 1580, Ҳисор) — яке аз салотини Шайбониён, фарзанди Абдуллатифхон ва набераи Кӯкунчихон.

Абдол Султон, Абдумалик
Таърихи даргузашт: 1580(1580)
Маҳалли даргузашт: Ҳисор
Навъи фаъолият: султон, шоир

Зиндагинома вироиш

Абдол Султон дар аҳди Искандархон (1561—1583) ҳокими Зомин будааст. Вай дар талошҳои худ барои касби тахту тоҷ аз рақибонаш шикаст хӯрда, ба Кӯҳистон ва аз он ҷо ба Ҳисори Шодмон рафт ва дар мубориза бо ӯзбек Султон ба қатл расид. Пас аз қатлаш ҷасади ӯро ба Самарқанд оварданд ва дар мадрасаи Кӯкунчихон ба хок супурданд. Абдол Султон табъи шоирӣ дошта, бо тахаллус «Хуш» ба забонҳои форсӣ ва ӯзбекӣ шеър сурудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Мухторов А., Ҳисор. Очерки таърихӣ (Охири асри XV — аввали асри XX), Д., 1995;
  • Ӯзбекистон миллий энциклопедияси, 1 ж., Тошкент, 2000.