Абдувоҳид Абдуқаҳҳорович Розиқовиқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1984), профессор (1987).

Абдувоҳид Розиқов
Абдувоҳид Абдуқаҳҳорович Розиқов
Таърихи таваллуд 2 август 1942(1942-08-02) (81 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон, мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, ДДОЛ ба номи С.М.Киров, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров

Зиндагинома вироиш

Дастпарвари Институти политехникии Тоҷикистон (1965). Ассистенти кафедраи Институти политехникии Тоҷикистон (1965-1967), муҳандис-муҳаққиқ ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи марказии иқтисодиёту математикаи АИ ИҶШС (1967-1972), мудири шуъбаи Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон (1972-1976), мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (1976-1994). Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1994-1995). Муассис ва аввалин декани факултаи бизнеси муҳандисӣ ва менеҷменти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1995-1997). Мудири кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти истеҳсолии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (аз с.1997). Солҳои 1983-1990 дар таҳияи барномаи комплексии прогресси илму техникаи ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1986-2005 ва 1990-2010 фаъолона ширкат варзидааст. Дар ин барнома таҳияи қисматҳои ҳифзи табиат, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои табиӣ ба зиммаи ӯ гузошта шуда буд. Солҳои охир роҳбарии самти нави илмӣ оид ба ислоҳоти низоми инфрасохтори истеҳсолӣ дар шароити бозор, масоили сармоягузории миёнамӯҳлат ва назарияи қабули қарорҳои идоракуниро ба зимма дошт.[1]

Адабиёт вироиш

  • А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.

Эзоҳ вироиш