Абдукарим Қосимов

ходими ҳизбӣ ва давлатии ҶШС Тоҷикистон

Абдукарим Қосимов (10 марти 1933, деҳаи Кулангири ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 19 октябри 1997, Тоҷикистон) — ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, муҳандис-обёр. Ирригатори хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1984).

Абдукарим Қосимов
1972 — 1984
Пешгузашта Т. М. Муҳаммадов
Ҷонишин Ҳ. Насриддинов
Таваллуд 10 март 1933(1933-03-10)
Даргузашт 19 октябр 1997(1997-10-19) (64 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Абдукарим Қосимов
Ҳизб
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
Мукофоти ленинӣ
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома вироиш

Абдукарим Қосимов 10 маоти 1933 дар деҳаи Кулангири ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1956 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ вироиш

Солҳои 1956—1958 усто, прораб, прораби калони СМУ-и № 3 (ш. Ленинобод). 1959—1963 саринжинер, сардори Управленияи сохтмону монтажи № 22 (ш. Уротеппа), 1963—1971 сардори трести «Тоҷикцединсторой», 1971—1972 котиби Комитети партиявии вилояти Ленинобод, 1972—1984 вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон, 1984—1988 котиби партиявии вилояти Қурғонтеппа, 1988—1996 сардори иттиҳодияи сохтмонии «Таджикводстрой»-и Вазорати хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон.

Аз 7.05.1996 —19.10.1997 директори Филиали тоҷикистонии маркази илмӣ-иттилоотиии Комиссияи байналдавлатӣ оид ба рушду устувори Бунёди байналмилалии наҷоти Арал.

Вакилӣ вироиш

Дар съездҳои 16-20-уми ҲК Тоҷикистон узви КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст. Депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 8-11).

Мукофоту орденҳо вироиш

Лаурети мукофоти ленинӣ (1972). Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Презедиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Гиромидошт вироиш

Пойгоҳи обкашии ноҳияи Зафаробод ба номи Абдукари Қосимов гузошта шуда, ҳамчунин осорхона-утоқи кории ӯ дар ин мавзеъ ташкил шудааст.

Осор вироиш

  • Касимов А., Хамраев М. Развитие орошения земель Советского Таджикистана. — Д.: Ирфон, — 1985.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Сарчашма вироиш

  • Қосимов Абдукарим // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).