Абдукарим Ҳалимов (12.05.1947, деҳаи Шаҳбачаи н. Муъминобод – 27.06.2015, шаҳри Кӯлоб) — олим, доктори илмҳои педагогӣ (2012), профессор (2013).

Абдукарим Ҳалимов
Таърихи таваллуд 26 июн 1970(1970-06-26)
Зодгоҳ ноҳияи Муъминобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 27 июн 2015(2015-06-27) (45 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Зиндагинома вироиш

Соли 1982 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакиро хатм намуда, дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба сифати китобдор, раиси Иттифоқҳои касаба (1982-1985), муовини директор (1985-1990) ва директор (1990-1999) кор кардааст. Солҳои 1999-2010 директори Коллеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ, 2011-2012 муовини ректор оид ба таълими шабона буд. Аз соли 2013 то поёни умр вазифаи профессори кафедраи педагогика ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлобро адо намудааст. 652 Доир ба афкори педагогии мутафаккирони форс-тоҷик, бахусус ақоиди педагогию башардӯстии Абулқосим Фирдавсӣ, илму маориф дар давраи Сомониён, тарбияи экологии хонандагон, асосҳои психологияи умумӣ ва ғайра қариб ҳафтод таълифот ба табъ расондааст.

Осор вироиш

  • Ақидаҳои педагогӣ ва гуманистии Абулқосим Фирдавсӣ. – Кӯлоб, 1991;
  • Система профориентация в учебно - воспитательном процессе старших школьников. – Кӯлоб, 1992;
  • Таълим ва тарбияи экологии хонандагони синфҳои ибтидоӣ. – Кӯлоб, 2003;
  • Мактаб ва ақидаҳои педагогии халқи тоҷик дар давраи Сомониён. – Д., 2008;
  • Илм ва мактабҳо дар давраи Сомониён. – Д., 2010;
  • Воспитание, зарождение школ и педагогической мысли таджикского народа. – Д., 2011;
  • Асосҳои психологияи умумӣ. – Д., 2012 (ҳаммуаллиф);
  • Воспитание, зарождение школ и педагогической мысли таджиков в эпоху Саманидов. – Д., 2012.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.