Абдулбоқии Наҳовандӣ

Абдулбоқи́и Наҳовандӣ (1570, деҳаи Ҷулак, Наҳованд1633, Ҳиндустон) — шоир, адиб, таърихнигори форсизабони Ҳиндустон.

Абдулбоқии Наҳовандӣ
Таърихи таваллуд: 1570(1570)
Зодгоҳ: деҳаи Ҷулак, Наҳованд, Ҳиндустон
Таърихи даргузашт: 1633(1633)
Маҳалли даргузашт: Ҳиндустон
Навъи фаъолият: шоир, адиб, таърихнигор
Забони осор: порсӣ

Зиндагинома вироиш

Аҷдодаш аз курдони Ироқ буданд. Бобову падараш дар давраи ҳукмр. Исмоили Сафавӣ (1501 – 24) аз Ироқ ба Эрон кӯчиданд. Падари Абдулбоқии Наҳовандӣ, бародараш Оқо Ҳизр чун омилон, волӣ, ҳукуматдорони баъзе минтақаҳои атрофи давлат хидмат мекарданд. Аҷдоди Абдулбоқии Наҳовандӣ шахсони фозил буданд, табъи шоирӣ доштанд. Дар ҳамин муҳит, дар муошират бо аҳли илму адаб, ки ба даргоҳи падару бародараш меомаданд, айёми наврасӣ ва камолоти Абдулбоқии Наҳовандӣ сипарӣ гаштааст. Муддате ӯ ҳам дар корҳои давлатӣ иштирок доштааст. Ба сабаби зиддиятҳои дарборӣ, ҳасодати байниҳамдигарии омилон Абдулбоқии Наҳовандӣ маҷбур мешавад ватанашро тарк карда, рӯ ба Ҳинд биёрад. Дар Ҳиндустон аввал ба дарбори Абдураҳими Хони Хонон ворид шуд ва то соли 1619 дар хидмати ӯ буд. Сипас ба хидмати шоҳзода Парвиз даромад ва то охири умр ҳамроҳи ӯ буд.

Осор вироиш

Аз Абдулбоқии Наҳовандӣ асари таърихиву бадеии «Маосири Раҳимӣ» (дар бораи таърихи хонадон ва осори хайрияи Абдураҳими Хони Хонон), 391 байт дар анвои гуногуни шеър (қасида, ғазал, рубоӣ, байт), дебочаҳои ба «Куллиёт»-и Урфии Шерозӣ ва «Девони рубоиёт»-и Амир Муғаййисиддин Маҳвии Ҳамадонӣ навиштааш боқӣ мондаанд.

Китобҳо вироиш

  • Маосири Раҳимӣ (бахши зиндагиномаҳо). Т., 1381 ҳ. ш.,
  • Куллиёти Урфии Шерозӣ, ҷ. 1, Т., 1378 ҳ. ш.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Мухаммадиев Ш. М. «Маосири Рахими» Абдулбаки Нахованди как литературный источник по истории персоязычной литературы Индии XVI – XVII веков, Д., 2009.

Сарчашма вироиш