Абдулвоҳидов Саттор

Абдулвоҳидов Саттор — файласуф, тав. 02.05.1947 дар деҳаи Даҳана, ноҳияи Кӯлоб, дар оилаи хизматчи ба дунё омадааст. Моҳи августи соли 2016 аз олам гузашт.

Абдулвоҳидов Саттор
Абдулвоҳидов Саттор
Таърихи таваллуд 2 май 1947(1947-05-02)
Зодгоҳ Даҳана, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2016(2016)
Маҳалли даргузашт Даҳана (деҳа, н. Кӯлоб) (2016)
Кишвар  ИҶШС,  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1969-2016)
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб (1969)

Зиндагинома вироиш

Абдулвоҳидов Саттор файласуфи тоҷик, 02.05.1947 дар деҳаи Даҳана, ноҳияи Кӯлоб дар оилаи хизматчи ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи №16, ба номи А.С.Макаренко, деҳаи Даҳана, ноҳияи Кӯлобро солҳои 1954-1965 хатм намудааст. Факултети забон ва адабиёти тоҷик, Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлобро солҳои 1965-1969 хатм намудааст. Моҳи Августи соли 2016 аз олам гузашт.

Фаолият вироиш

Абдулвоҳидов Саттор солҳои 1965-1969 ассистент, солҳои 1969-1974 ҳамчун муаллими калони Институти Давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб ва солҳои 1974-1991 аспиранти кафедраи фалсафаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин. Солҳои 1977-1979 мудири кафедраи фалсафа, солҳои 2004-2013 дотсенти кафедраи фалсафа ва ҳамзамон раиси иттифоқи касабаи омӯзгорон ва кормандон солҳои 2013-2014. Аз соли 2014 дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Дар мавзӯи "Барҳам додани фарқияти иҷтимоӣ-психологии синфҳо, омили табдилёбии якҷинсии ҷамъияти Шӯравӣ" соли 1982 дар шаҳри Душанбе рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Оид ба масъалаҳои мубрами фалсафаи иҷтимоӣ тадқиқот бурда аст. Муаллифи беш аз 350 асару мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ. Солҳои 1972-1989 дар Институти такмили ихтисоси фанҳои ҷамъиятии шаҳри Тошканд такмили ихтисос кардааст. Бо медали "Рӯзи КМ СССР барои ташвиқу тарғиботи идеологӣ" соли 1995 ва нишони сарисинагии "Аълочии маорифи Тоҷикистон" соли 1978 сарфароз гардидааст. Моҳи августи соли 2016 аз олам гузашт.

Адабиёт вироиш

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш