Абдуллоҳхоҷа Абдӣ (1870, Бухоро1922, ҳамон ҷо), тазкиранигор ва шоири тоҷик.

Абдуллоҳхоҷа Абдӣ
Таърихи таваллуд: 1870(1870)
Зодгоҳ: Бухоро
Таърихи даргузашт: 1922(1922)
Маҳалли даргузашт: Бухоро
Навъи фаъолият: тазкиранигор, шоир

Зиндагинома вироиш

Аз оилаи шахси фозилу донишманд, мударриси мадрасаи Искандархони Бухоро Мухторхоҷасри Ин шахс дар вилоятҳои гуногуни Аморати Бухоро машғули корҳои давлатӣ буд. Абдӣ таҳсили ибтидоиро дар назди падараш гирифт ва баъдан таҳсилро дар мадрасаҳои Бухоро идома дод. Баъд аз анҷоми таҳсил ба мударрисӣ шурӯъ кард. То охири умр ба ин касб машғул буд. Аз Абдӣ асаре бо номи «Тазкират-уш-шуаро», қасидаҳо, ғазалҳо ва пораҳои ба шакли маснавӣ навишташуда, ки дар тазкираҳову баёзҳо сабт гардидаанд, боқӣ мондаанд.

Абёти зерин аз ӯст
Хуршеди рухат чун зи сари кӯй барояд,
Фарёди зану мард зи ҳар сӯй барояд.
Афтода ба рух холи ту чун мурда аҷаб нест,
Бар оташ агар мурдаи ҳиндуй барояд.
Абдӣ зи хамири сухан ар мӯй ҷудо кард,
Аз ҳар суханаш боз дусад мӯй барояд.

Осор вироиш

  • Тазкиратушшуарои Абдуллохоҷаи Абдӣ, Д., 1983.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Тазкиратушшуарои Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, Д., 1975.

Сарчашма вироиш