Абдулмӯъмини Ҳофиз

Абдулмӯъмини Ҳофиз (порсӣ: عبدالمؤمن حافظ ) - сароянда, оҳангсози тоҷик-форс, аз намояндагони машҳури мактаби мусиқии Самарқанди замони Темуриён.

Абдулмӯъмини Ҳофиз
Абдулмӯъмини Ҳофиз
Таърихи таваллуд 1367(1367)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 1440(1440)
Пеша(ҳо) сароянда, оҳангсоз

Зиндагинома вироиш

Бино ба ахбори манобеъи хаттӣ (Давлатшоҳи Самарқандӣ «Тазкирату-ш-шуъаро», Шарафуддини Яздӣ «Зафарнома») аз аҳли Самарқанд буда, аз Хоҷа Абдулқодири Гӯянда (Абдулқодири Мароғӣ) асосҳои назарӣ ва амалии шеъру мусиқӣ ва иҷроиро омӯхтааст. Абдулмӯъмини Ҳофиз ду бор ҳамроҳи устодаш Абдулқодири Мароғӣ ба Бағдод рафта (фирорӣ), муддати кӯтоҳе дар дарбори Султон Аҳмади Ҷалоирӣ ба сифати ҳофиз ва котиб (хатти хеле хуб доштааст) хидмат намуда, табъи баланди шеъргӯӣ ва ҳаззолӣ дошта ва Темуру наздиконашро масхара менамудааст.

Эҷодиёт вироиш

Аз иҷрогарони хеле машҳури асарҳои «Амали гесӯ», «Амали Бӯстон», «Амали Хористон»-и Хоҷа Абдулқо-дир буда, дар ҳаёти мусиқии Самарқанд, Ҳирот, Бағдод шуҳрати зиёд доштааст. Абдулмӯъмини Ҳофиз дар ҷараёни иҷро аз авҷҳои хеле мураккаби овозхонӣ истифода менамуда ва ӯро «Ҳофизи зилхон», «Ҳофизи авҷӣ» ҳам меномиданд. Ғазалро некӯ мегуфта ва ба ғазалҳои Саъдӣ тазминҳо бастааст.

Адабиёт вироиш

  • Раҷабов А. Маданияти мусиқии тоҷик дар ас. 13-14. - Душанбе, 1987;
  • Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар ас. 12-15. - Душанбе, 1989;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. - Душанбе, 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред вироиш

Сарчашма вироиш

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - с. 12-13 ISBN 978-99947-49-13-3