Абдунабӣ Сатторзода

Абдуннабӣ Сатторзода (27 феврали 1941, деҳаи Варзиканда, ноҳияи Панҷакент) — адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1985), профессор. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980).

Абдунабӣ Сатторзода
Абдунабӣ Сатторов
Таърихи таваллуд 27 феврал 1941(1941-02-27) (83 сол)
Зодгоҳ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология[d]
Ҷоизаҳо
Ордени «Шараф»

Зиндагинома вироиш

Абдунабӣ Сатторзода 27 феврали соли 1941 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин идома додааст.

Корнома вироиш

Фаъолияти кориашро соли 1963 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси коршинос оғоз карда, баъд ҳамчун аспирант, устод ва мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик то соли 1993 давом додааст. Дар ин фосила як муддат мудири шӯъбаи танқиди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» (1967-1968), командири қисми ҳарбии 3408 Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравии собиқ (Тошканд, 1969-1971), докторанти Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов (1979-1980) ва устоди Пуҳантуни Кобул (Афғонистон, 1985-1987) буд.

Аз соли 1993 то 2000 дар кори Маркази ҳамоҳангии нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, Музокироти сулҳи тоҷикон, Комиссияи муштараки назорат бар оташбас ва Комиссияи оштии миллӣ иштирок дошт.

17 марти соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид ва дар ин вазифа то 30 январи соли 2006 кор кард.

Солҳои 2006-2012 Сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои иқтисодии берунаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар айни ҳол сардори шуъбаи таърихи адабиёт ва нашри осори Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ, раиси Бунёди байналмилалии «Рудакӣ» ва раиси Шӯрои нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад[1].

Пажӯҳишҳои илмӣ вироиш

Абдунабӣ Сатторзода соли 1975 рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдурраҳмони Ҷомӣ» ва соли 1985 рисолаи докторияшро дар мавзӯи «Арасту ва назариёти адабии форсии тоҷикӣ» ҳимоя кардааст.

Таҳқиқоти мутаадиди илмию адабияш дар риштаҳои адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, назарияи шеър, поэтика, нақди адабӣ, сиёсати хориҷӣ, таърихи дипломатияи миллӣ, фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ сурат гирифта, то имрӯз 15 китобу рисола ва беш аз 400 мақолаи ӯ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, ҷопонӣ, форсӣ, дарӣ, пашту, олмонӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, ва ғ. дар Душанбе, Маскав, Киев, Теҳрон, Тошканд, Боку, Степанакарт, Берлин, Токио, Лондон, Осло, Стокҳолм, Севул, Деҳлӣ, Қарочӣ, Алмаато, Бишкек, Кобул ва ғайра чоп шудаанд.

Таълифот вироиш

Китобу маҷмӯаҳои Абдунабӣ Сатторзода «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ» (1975), «Нуқтаи пайванд. Баъзе масъалаҳои инкишофи шеъру нақди адабӣ» (1982), «Нақди адабӣ» (дар ҳамкорӣ бо Абдулқайюми Қавим, Асадулло Ҳабиб ва Латифи Нозимӣ; Кобул, (1987), «Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ» (2001), «Аристотель и таджикско-персидкая литературная мысль IX—XVвв» (2002), «Кӯҳна ва нав (дар шеър, нақд ва забон» (2004), «Дипломатияи муосири тоҷик» (дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров; 2006), «Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 8» (2009), «Баёзи адабиёт» (барои хонандагони синфи 8) (2010), «Дипломатияи порлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2010)» (дар ҳамқаламии Муҳаммадато Султонов; 2010), «Такмилаи бадеи форсии тоҷикӣ (дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён)» (2011), «Дипломусии муосири Тоҷикистон» (дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров; Кобул, 2013), «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ» (2013) ва ғ. аз биҳин намунаҳои тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон ва саҳми назаррасе дар пешрафти адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва фарҳангшиносии тоҷик ба ҳисоб мераванд[1].

Фаъолияти сиёсӣ вироиш

Абдунабӣ Сатторзода аз ҷумлаи 10 нафар аз муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон ба шумор меомад ва намояндаи ин ҳизб дар музокироти сулҳи байни тоҷикон (1994—1997) буд. Ӯ ба намояндагӣ аз ҲДТ зери санади сарнавиштсози «Пешниҳодҳо дар бораи ҳалли мусолимматомези низои низомӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон» (7 декабри соли 1993) имзо гузошт ва санади мазкур асоси музокироти таърихӣ миёни ИНОТ ва Ҳукумати Тоҷикистон гардид.

Фаъолияти Абдунабӣ Сатторзода ба ҳайси узви зеркомиссияи сиёсии Комиссияи оштии миллӣ муассир ва назаррас буд. Абдунабӣ Сатторзода аз соли 1993 иштироккунандаи доимии муколимаи тоҷикон дар чаҳорчӯбаи конфронси Дартмут якҷо бо сиёсатшиносон ва дипломатҳои варзидаи амрикоӣ ва русӣ мебошад.

Абдунабӣ Сатторзода тибқи саҳмияи сидарсадӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин гардида буд.

Унвону ҷоизаҳо вироиш

Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Барои хидматҳои арзандааш ӯ соли 1999 бо фармони  Президенти кишвар бо Ордени «Шараф» ва соли 2011 ба медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» қадр шудааст.

Рутбаи дипломатии Кордори фавқулода ва мухтори дараҷаи як ва рутбаи тахассусии Мушовири давлатӣ дорад.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Соҳиби рутбаи дипломатии кордори фавқулоъода ва мухтори дараҷаи аввал ва рутбаи тахассусии мушовири давлатист[1].

Осор вироиш

Китобҳо
  • Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ. Д., 1975. 104 c.
  • Нуқтаи пайванд (Баъзе масъалаҳои инкишофи шеър ва танқиди адабӣ). Д., 1982. 240 c.
  • Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ. Д., 2001. 144 с.
  • Аристотель и таджикско-персидская мысль (9-10 вв.). Д., 2001. 264 с.
  • Куҳна ва нав (Дар шеър, нақд ва забон). Д., 2004. 253 с.
  • Дипломатияи муосири тоҷик. Д., 2006. 224 с. (ҳам­муал­лиф).
  • Адабиёти тоҷик. Д., 2009. 289 с; 2015. 292 с.
  • .بیاض ادبیات (صنف ۹). تهران، ۱۳۸۹. ۱۳۶ ص
  • Дипломатияи парлумонӣ ва сиёсати хориҷии ҶТ (2000—2010). Д., 2010. 140 с. (ҳаммуаллиф).
  • Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ (Дар заминаи навиш­та­ҳои пешиниён ва имрӯзиён). Д., 2011. 380 с.
  • Аз Рӯдакӣ то Лоиқ. Д., 2013. 176 с.
  • .دیپلوماسی معاصر تاجیکستان. کابل، ۱۳۹۲. ۱۷۸ ص
  • Актуальные проблемы внешней политики Таджикистана (Многовекторность в действии). Д., 2014. 520 с.
  • Назариёти адабии Абдураҳмони Ҷомӣ. Д., 2014. 163 с.
  • Адабиёти тоҷик (Барои синфи 8.Нашри дуюм). Д., 2015. 336 с.
  • Арзишҳои Ваҳдати миллӣ. Д., 2017. 260 с.
  • Асосгузори давлати навини тоҷикон. — Д., 2022. 368 с. (ҳам­муал­лиф).
Ҷузва
  • Омилҳои дохилӣ ва хориҷии сулҳи тоҷикон. Д., 2000

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш