Махдум Абдураззоқ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хушнавис ва хаттоти тоҷик (охири садаи XIX – аввали садаи XX).

Махдум Абдураззоқ
Зодгоҳ: Шош
Навъи фаъолият: хаттот ва хушнавис

Зиндагинома вироиш

Зодгоҳаш Шош. Дар навиштани анвои хати арабӣ маҳорати баланд дошта, осори классикони адабиёти форс-тоҷикро китобат кардааст. Аз намунаи осори китобаташ то имрӯз маҷмӯаҳои ашъори «Девони Юсуф» (китобаташ 1908, таҳти рақами 902), «Девони Фирӯз» (китобаташ 1908, таҳти рақами 3442) ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ (китобаташ 1904, таҳти рақами 7768) боқӣ мондаанд, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

Сарчашма вироиш