Абдураҳим Кеиб(англ. Abdurrahim El-Kib 2 март 1950, Таробулус-ал-Ғарб21 апрел 2020[1], Tuscaloosa[d], Алабама ) - сиёсатмадор ва муҳандиси Либиё .

Абдураҳим Кеиб
ар. عبد الرحيم الكيب
24 ноябр 2011 — 14 ноябр 2012
Пешгузашта Алӣ Тарҳунӣ
Ҷонишин Алӣ Зейдан
Таваллуд 2 март 1950(1950-03-02)
Даргузашт 21 апрел 2020(2020-04-21)[1] (70 сол)
Таҳсилот
Эътиқод ислом
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Ӯ Донишгоҳи Триполиро бо дараҷаи бакалаврӣ дар соҳаи муҳандисии барқ хатм карда, таҳсилашро дар Иёлоти Муттаҳида, дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ ва Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ идома дод ва дар соли 1984 дар он ҷо унвони доктории худро гирифт [2] . Аз соли 1985 дар Донишгоҳи Алабама ба ҳайси ассистенти кафедраи муҳандисии электрикӣ кор мекард, соли 1996 профессор шуд. Шаҳрвандии Амрико дорад. Муаллифи мақолаҳои сершумори илмӣ буда, таҳти роҳбарии ӯ дар соҳаи электротехника як қатор рисолаҳо дифоъ шудаанд.

Соли 2005 ширкати либиёвии International Company for Energy and Technology таъсис дод.

Аз соли 2006 то соли 2011 ӯ мудири шӯъбаи электрикии Донишкадаи нафти АМА буд ва тобистони соли 2011 ба Либиё рафт ва дар он ҷо узви роҳбарияти Шӯрои миллии гузори Либиё шуд. 31 октябри соли 2011 сарвазири Шӯрои миллии гузори Либиё интихоб шуд [3] .

 
Мулоқот бо вазири дифои ИМА Леон Панетта 17 декабри соли 2011

Рӯзи 26 ноябр сӯиқасд ба ҷони ӯ сурат гирифт. Абдулраҳим Кеиб ва як гурӯҳи ҳамроҳонаш дар ҳошияи шаҳри Триполи ҳангоми ворид шудан ба бинои радиои давлатии воқеъ дар он ҷо аз сӯи афроди ношинос тирборон шуданд. Дар натичаи суиқасд сарвазир осеб надидааст, вале ду узви хайати вакилони у кушта ва 5 нафари онхо ярадор шудаанд. [4]

21 апрели соли 2020 даргузашт.

Эзоҳ вироиш