Абдусалом Абдуқодиров

Абдусалом Абдуқодиров (тав. 19 сентябри 1949, Ғончӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — адабиётшиноси ӯзбекзабони Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ (1999). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998), профессор (2015)

Абдусалом Абдуқодиров
Таърихи таваллуд 19 сентябр 1949(1949-09-19) (74 сол)
Зодгоҳ Ғончӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров
Ҷоизаҳо медали «Барои шуҷоати ҳарбӣ»(1970), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998)

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1974). Пас аз хатми мактаби миёна мудири китобхонаи мактаб, омӯзгор буд ва дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст (1966 — 2970). Лаборанти калон (1974 — 2976), муаллим (1976 — 2988), мудири кафедраи адабиёти ӯзбекӣ (1988 — 98), декани факултети филологияи ӯзбекӣ (1998 — 2999), ҷонишини декан (1999—2000), мудири кафедраи усули таълими забон ва адабиёти ӯзбекии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2001 — 2004). Аз соли 2004 мудири кафедраи адабиёти ӯзбекии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муаллифи 8 монография, 5 рисола, 1 китоби дарсӣ, 13 дастури таълимӣ-методӣ, беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ. Дар оғози фаъолияти илмӣ ба масъалаҳои анъана ва навоварӣ, поэтикаи назми ӯзбекии давраи ҶБВ (1941 — 45) машғул шудааст («Назми ҷанговар», 1990). Аз солҳои 90 садаи XX ба пажӯҳишу баррасии масъалаҳои тасаввуф ва робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек дар мисоли эҷодиёти Навоӣ машғул аст («Амир Алишери Навоӣ ва шоирони классики тоҷик» 2007). Мавзӯи рисолаи докториаш «Тасаввуф ва эҷодиёти Алишери Навоӣ (дар асоси масъалаи ваҳдати вуҷуд)» мебошад. Зимни баррасии ин мавзӯъ Абдуқодиров ба эҷодиёти шоирони орифи форс-тоҷик Саноӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигар таваҷҷуҳ намудааст. Фарҳанги мухтасари тафсирии истилоҳоти тасаввуфии (дар 2 китоб; 1997 ва 2002) тартибдодаи Абдуқодиров дар асоси маводи ҳамин мавзӯъ ба миён омадаанд.

Абдуқодиров барои мактабҳои таҳсилоти умумии ӯзбекзабони ҶТ китобҳои дарсии «Адабиёт» (2007) ва «Адабиёти Ватан»-ро (2003) таълиф намудааст. Дастурҳои таълимии Абдуқодиров оид ба назмшиносӣ, хониши ифоданок ва ғайра барои мактабҳои олии ҶТ таъйин гардидаанд. Корҳои илмии Абдуқодиров дар ҷумҳуриҳои ӯзбекистон, Қирғизистон маъруфанд. Бо роҳбарии Абдуқодиров 4 нафар унвонҷӯ рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Ҷоизаҳо вироиш

Осор вироиш

  • ӯзбекӣ: Назми ҷанговар. — Тошканд: Укитувчи, 1990;
  • ӯзбекӣ: Навоий ва тасаввуф. — Хужанд, 1994;
  • ӯзбекӣ: Навоий ва нақшбандия. — Хужанд, 1994;
  • ӯзбекӣ: Навоий ва вахдатулвужуд таълимоти. — Хужанд: Нашриёти давлатии ба номи Р.Ҷалил, 1995;
  • ӯзбекӣ: Амир Алишер Навоий. — Хужанд: Нури маърифат, 2003;
  • ӯзбекӣ: Тасаввуф ва Алишер Навоини эжодиёти. — Хужанд: НашПайвандҳориёти давлатии ба номи Р.Ҷалил, 2004 ва ғ.

Эзоҳ вироиш

Пайванҳо вироиш

  • Мелиқӯзи Иброҳимов. ПРОФЕССОР АБДУҚОДИРОВ(рус.). «ХАЛҚ ОВОЗИ» - Тожикистон Республикаси Ҳукуматининг ӯзбек тилидаги расмий нашрияси. www.khalkovozi.tj. 13 июни 2017 санҷида шуд.

Сарчашма вироиш