Абдусалом Ҳафизович Қодиров — биологи тоҷик, номзади илмҳои биология, профессор.[1]

Қодиров Абдусалом Ҳафизович
Зодгоҳ , ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Профессор Абдусалом Ҳафизович Қодиров аз соли 1992 то соли 2008 роҳбарии кафедраи зоологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба уҳда дошт. Вай аз соли 1967 то ҳол дар ин кафедра кор ва фаъолият намуда, 46 соли бобаракати хешро дар тарбияи мутахассисони баландихтисос, омӯзиши олами ҳашароти Тоҷикистон ва эҷоди китобу дастурҳои таълимӣ бахшидааст. Қодиров А.Ҳ. аз соли 1981 то 1984 ба сифати устод дар донишгоҳи Кобул кор кардааст. Таи солҳои тӯлонӣ профессор Қодиров А.Ҳ. нисбати ҳашароти зараррасон ва гамбускҳои осебрасони дарахту буттаҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тадқиқотҳои илмӣ бурдааст. Аз ҷониби ӯ барои 7 оилаи гамбускҳо таҳқиқ гардидааст (Scolotidae -39, Cerambicidae 167, Buprestidae -230, Elateridae-100, Scarabaeidae -260, Staphulinidae -180) дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷувор муайян намуда ва биология, экологияи аксарияти онҳоро омӯхтааст. Доир ба систематика, биология, экология, зоогеография, пӯстлоқхӯракҳою, чӯбхӯракҳо ва дигар гурӯҳҳои ҳашарот корҳои зиёди илмиро ба анҷом расонида ва барои пешгирии хавфи зараррасонҳо тавсияҳои муфид пешниҳод намудааст.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Профессор Қодиров А.Ҳ. зиёда аз 200 мақола, 10 дастур ва шаш китоби дарсиро бо забони тоҷикӣ ба табъ расонида, пешкаши донишҷӯён намудааст («Зоологияи ғайрифақория» – 16 ҷ.ч., «Биологияи умумӣ» – 18 ҷ.ч., «Курси мухтасари ҳашаротшиносӣ» – 7 ҷ.ч., «Ҳашароти зарарррасони дарахту буттаҳои Тоҷикистон» – 13,5 ч.ч.), «Машғулиятҳои лабараторӣ ва амалӣ аз Зоологияи бесутунмуҳра». Ғайр аз ин зиёда аз 15 барномаи таълимиро бо забони тоҷикӣ тартиб додааст. Аввалин бор китоби «Мифтоҳи ташхиси марҳалаҳои ҳашарот» ва «Пайдоиш ва ташаккули назарияи такомул»-ро бо забони тоҷикӣ навиштааст.[1]

Эзоҳ вироиш