Исҳоқова Абағай Рафаэловна (16.03.1916, ш. Самарқанд — вафот номаълум) — артисткаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1939). Фаъолияташро дар Театри драмаи мусиқии яҳудиёни Самарқанд соли 1932 сар карда, солҳои 1935—1939 сарояндаи Театри мусиқии тоҷик, 1940—1960 артисткаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ буд. Дар бисёр балетҳо, чун «Лайлӣ ва Маҷнун», «Дилбар», «Писари Ватан», «Темурмалик», «Лауренсия», «Эсме-ралда», «Золушка», «Кӯли қувон», «Эҳтиёткории беҳуда», «Фав-вораи Боғча¬сарой», «Жизел», «Баядерка», «Дон Кихот» партияҳо иҷро кардааст. Рақс¬ҳои тоҷикӣ, аз ҷумла рақси классикии «Мор»-ро бо ҳара¬кати мавзуну нафосат адо менамуд, дар иҷрои рақсҳои тоторӣ, лулиёӣ, русӣ, испанӣ, ва дигар халқҳо низ маҳорат нишон додааст.

Абиғай Исҳоқова

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.