Аброр Зоҳир (Имомов Аброр Зоҳирович; 15 январи соли 1965, Сарбанд23 ноябри соли 2015, Душанбе) — нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Аброр Зоҳир
Имомов Аброр Зоҳирович
Таърихи таваллуд: 15 январ 1965(1965-01-15)
Зодгоҳ: Сарбанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт: 23 ноябр 2015(2015-11-23) (50 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Нависандаи болаёқат Аброр Зоҳир 15 январи соли 1965 дар Сарбанд дида ба ҷаҳони равшан кушодааст. Фориғуттаҳсили (соли 1989) факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аст. Солҳои 1989-1992 нозир ва мудири шуъбаи кумитаи комсомоли вилояти Қурғонтеппа, 1993-1994 мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», 1994-1999 ёвари раис, сардори раёсати иттиҳодияи «Тоҷиккино», 1999-2000 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, 2000-2004 директори Телевизиони Тоҷикистон, 2004-2005 директори киностудияи «Тоҷикфилм», 2005-2007 сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007-2011 директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Лоҳутӣ кор кардааст. Аз соли 2012 директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе буд. Ӯ 23 ноябри соли 2015 дунёро падруд гуфтааст.

Эҷодиёт вироиш

Аброр Зоҳир аз пурмаҳсултарин адибонест, ки баъди соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба майдони адабиёти тоҷик ворид гардидааст. Муддати бист сол аст, ки қиссаю романҳояш анқариб яке аз паси дигаре ба нашр мерасанд. Нависандаи тасвирнигор аст, на воқеасоз, зиндагии инсон бо ҳама бешу камиаш, шодиву нишот ва ғаму андӯҳаш тариқи амалиёти образу персонажҳо ба риштаи тасвир меоянд. Тасвирнигориаш мавриди фурӯ рафтан ба умқи масъала, баёни мушкилот ва печутоби зиндагии инсон, ибрози ошкоро ва урёни масоили доғи рӯз, чун касодии маънавӣ, харобии ахлоқ ва амсоли инҳо ҷолиб аст. Ӯ аз силки нигорандагонест, ки образҳои мусбаташ чун соир инсонҳои хокӣ дар баробари хислатҳои ҳамида дорои камбудию амалҳои номақбуланд, яъне наметавон симоҳои офаридаашро ба гурӯҳи мусбат ё манфӣ дохил кард. Аксари мавзӯъҳои тасвиркардааш аз ҳаёти мардуми деҳа сарчашма мегиранд ва тасвири зиндагии деҳотиён бо ҳама камию костӣ ва шебу фароз дар нигоштаҳояш ба чашм мехӯрад. Аммо дар таҷассуми мавзӯъҳои таърихӣ, офаридани симоҳои намоёну барӯманди миллат (Абӯрайҳони Берунӣ, Мунтасир, Носири Хисрав) низ муваффақ гардидааст. Эссе, қиссаю романҳои «Моҷрои хурд дар шаҳри калон», «Як рӯзи ҳаёт», «Меҳмони нохонда», «Васвасаи дунё», «Мунтасир», «Бозгашт», «Ғуруби офтоб», «Мурофиа», «Бомдоди ишқ», «Беном», «Бармахида», «Бозии тақдир», «Чароғи мунаввар» ва ғайраҳо баёнгари онанд, ки ин нависанда бо сабку нигориши хоса дар адабиёти муосири тоҷик мавқеъи устувор пайдо кардааст. Аб¬рор Зоҳир мураккабии ҳаёти инсонҳоро хуб эҳсос мекунад ва дар нақли ҳодисоти зиндагӣ, рафтору кирдори одамон, муомилаю муносибаташон ба якдигар маҳорати назаррас дорад. Қиссааш «Душанбе» ба забони немисӣ тарҷума шудааст. Аброр Зоҳир муаллифи даҳ китоб, аз ҷумла 15 роман, 20 повест, филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ мебошад.[1]

Осор вироиш

  • Дуроҳа: Қисса // Садои Шарқ. – 1996. – №1-4. – С.60-89.
  • Моҷарои қабр: Қисса // Садои Шарқ. – 1998. – №1-6. – С.60-94.
  • Мусофири ҷодаи ишқ: Повест // Садои Шарқ. – 2006. – №5. – С.22-76.
  • Рақс дар сояи девори оҳанин: Роман // Садои Шарқ. – 2008. – №1. – С.21-71.
  • Майдон: Роман // Садои Шарқ. – 2009. – №7. – С.9-70; №8. – С.49-69.
  • Ибни Лодан: Роман // Садои Шарқ. – 2010. – №12. – С.10-82.
  • Душанбе: Қисса. – Душанбе, 2010. – 114 с.
  • Дар ҷилди одам. - Майдон: Ду роман. – Душанбе, 2011. – 213 с.
  • Шикасти зулмот: Роман // Садои Шарқ. – 2012. – №3. – С.8-67.
  • Ёри ғор: Роман. – Душанбе, 2013. – 172 с.

Адабиёт доир ба Аброр Зоҳир вироиш

  • Исрофилиён Ш. Майдони нангу номус.//Адабиёт ва санъат. – 2011. – 9 июн.
  • Салим М. Арсаи набарди гургон. // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 23 июн.
  • Идизода, А. «Бозгашт» асарест хонданӣ ва омӯзанда. // Адабиёт ва санаът. – 2013. – 1 август.
  • Хонандаи имрӯзро ҳатто Робинзон Крузо ба худ ҷалб намекунад. Мусоҳибаи Баҳман бо нависанда Аброр Зоҳир // Рӯзгор. – 2013.– 11 ноябр.
  • Саидов, С. Бозгашт ба оянда. Андешаҳо перомуни романи «Бозгашт»-и Аброр Зоҳир // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 3 апрел

Эзоҳ вироиш

Манобеъ вироиш

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.