Абуисҳоқи Исфаройинӣ

Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Исфаройинӣ (949, Исфаройин, Устони Хуросони шимолӣ20 феврал 1027, 1027[1] ё 1020[2], Исфаройин, Устони Хуросони шимолӣ) — мутакаллими ашъария, фақеҳи шофеия, тарғиботчии таълимоти ашъария дар Нишопур.

Абуисҳоқи Исфаройинӣ
араб. ар. أبو إسحاق الإسفراييني
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: олим, фақеҳ, мутакаллим, муфассир, муҳаддис
Таърихи таваллуд: 949
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 20 феврал 1027, 1027[1] ё 1020[2]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом, суннӣ ва ашъарӣ
Самти фаъолият: фиқҳ, усули фиқҳ[d], илми калом, тафсир ва илми ҳадис
Устодон: Абулҳасани Боҳилӣ[d][3][2]
Шогирдон: Ибни Тоҳири Бағдодӣ ва Абдулкарими Қушайрӣ[4]
Вироиши Викидода

Зиндагинома вироиш

Илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, соли 962 ба Бағдод омад ва дар он ҷо таълимоти каломи ашъарияро фаро гирифт. Сипас ба Нишопур баргашта, мадрасаи худро таъсис дод, ба шарҳу таъбир ва тарғибу ташвиқи каломи ашъария пардохт. Абуисҳоқи Исфаҳонӣ роҷеъ ба фиқҳи шофеӣ ва каломи ашъарӣ асарҳои бисёре таълиф намудааст, ки мутаассифона аз байн рафтаанд. Вале иқтибосу ишораҳои бешумор ба онҳо аз нуфузу мартабаи баланди ӯ дар байни пайравони ашъария шаҳодат медиҳанд. Ба қавли ӯ, сифати фарқкунандаи Худо ҳастӣ мебошад ва маҳз ҳамин сифат ӯро аз тамоми коинот фарқ мекунонад. Ақидаҳои Абуисҳоқи Исфаҳонӣ роҷеъ ба назарияи маърифат, нубувват, табиати Қуръон, афъоли инсонӣ ва ғайра аз таълимоти мутакаллимини ашъарӣ дида, ба афкори мӯътазила бештар қаробат дорад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш