Абулфаворис Бектузун

Бектузун Абулфаворис (с. тав. ва ваф. номаълум), мулаққаб ба «Синонуддавла» — сипаҳсолор, инчунин ҳоҷибсолор (дарбон)-и Хуросон дар охирҳои ҳокимияти Сомониён.

Абулфаворис Бектузун
Таърихи даргузашт 1024
Кишвар
Пеша сарлашкар, волӣ

Фаъолият вироиш

Фаъолияти сиёсӣ ва низомии ӯ дар хидмати оли Бӯя оғоз шудааст. Муиззуддавла Мавасилро (Мосул) забт намуда (964), Носируддавлаи Ҳамадониро (929—964), ки ҳокими он буд, аз он ҷо ронд ва чанде аз туркону дайламиёнро барои ҳифзи Мавасил (Мосул) таъйин кард. Чанде пас Носируддавла дар набарди дувум-бора барои Мавасил Б.-ро асир гирифт. Баъдтар сулҳ бастанд ва Б. ба Бағдод рафт. Минбаъд дар бораи Б. 30 сол ягон маълумоте нест. Танҳо Низомулмулк овардааст, ки дар замони фармонравоии Мансур ибни Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ (961—977) Б. аз амирони муқими дарбор ба шумор мерафт. Фоиқ аз ашхоси андалузии румитабор, ки аз пояи ғуломӣ то ба волигию сипаҳсолорӣ расида буд, Б.- ро фармондеҳи сипаҳсолорон таъйин кардааст. Гардезӣ ва Ҳамдуллоҳи Муставфӣ зикр мекунанд, ки Б.-ро Абулҳорис Мансур ибни Нӯҳ сипаҳсолорӣ додааст. Ба эҳтимоли қавӣ Абулҳорис барои пешгирӣ аз қудрат ва нуфузи рӯзафзуни Фоиқ Б.-ро сипаҳсолорӣ дод, то таносуб дар мақомоти олии давлатӣ нигаҳ дошта шавад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

، بیهقی ابو الفضل. تاریخ بیهقی. تهران، ۱۳۷۸ ؛ گردیزی. زین الاخبار. تهران ۱۳۶۳ ؛ دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج ۱۲. تهران، ۱۳۸۳

Сарчашма вироиш