Абулҳасан Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алии Масъудӣ (ар. أَبُو ٱلْحَسَن عَلِيّ ٱبْن ٱلْحُسَيْن ٱبْن عَلِيّ ٱلْمَسْعُودِيّ‎; тақрибан 896, Бағдод956[1][2], Қоҳира) — таърихнавис, ҷуғрофиёдон ва ҷаҳонгарди арабинависи эронитабори мусулмон ва аз аъзои Дорулҳикма.

Масъудӣ
ар. المسعودي
Таърихи таваллуд тақрибан 896
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 956[1][2]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ таърих ва ҷуғрофиё
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Насаби вай ба Абдуллоҳ ибни Масъуд яке аз ёрони Паёмбари ислом (с) мерасад. Дар ҳудуди соли 294 қ. Бағдодро тарк гуфт ва бақияи умрро дар сафар ба Ховари Миёна, Ҳинд ва Африқои Шарқӣ гузаронид. Масъудӣ нависандаи пуркор дар мавзӯъҳои мутанаввеъ буд. Таърих, ҷуғрофиё, фиқҳ, илоҳиёт, таборшиносӣ ва фанни кишвардорӣ ҳавзаҳои кории ӯ буданд. Вай дар заминаи таърихнигорӣ маншаи хадамоти барҷастае будаст. Бовар дошт, ки таърихнигор бояд ба манобеи дасти аввал муроҷиат кунад, на ба гуфтаҳо ва навиштаҳои дигарон. Муҳимтарин асари Масъудӣ «Муравиҷу-з-заҳаб» ва «Маъдану-л-ҷавоҳир» ном дорад, ки ҳовии баҳсҳои таърихӣ, ҷуғрофиёӣ, заминшиносӣ ва ғайра аст. Китоби дигараш «ат-Танабийя ва-л-ашроф» ба назариёти ӯ дар бораи ҷаҳон ихтисос дорад. Масъудӣ ҷуғрофиёро зарурати муқаддам барои таърихнигорӣ мешумурд. Барои зиндагии ҳайвонӣ ва наботӣ дар ҳар ноҳия аҳаммияти хоссе қоил буд ва ба фалсафаи юнонӣ алоқаи зиёд дошт. Ӯ аз мутафаккирони навандеши садаҳои миёна дар ҷаҳони ислом ба ҳисоб меояд.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Badawi A. R. Histoire de la philosophie en Islam (фр.) // Études de Philosophie MédiévaleParis: Librairie philosophique J. Vrin, 1972. — Vol. 60. — P. 472. — 886 с. — ISSN 0249-7921

Адабиёт вироиш

  • Shboul, Ahmad A. M.Al-Mas’udi and His World, Ithaca Press, London, 1979
  • Mas’udi, The Meadows of Gold, The Abbasids, transl. Paul Lunde and Caroline Stone, Kegan Paul, London and New York, 1989
  • Haywood. John A. Mas’udi, al-." Encyclopædia Britannica. 2006. Encyclopædia Britannica Online. 7 December 2006.
  • «Masūdī, al-.» Encyclopædia Britannica. Encyclopædia Britannica 2007 Ultimate Reference Suite. Chicago: Encyclopædia Britannica, 2006.
  • Tolan, John, Giles Veinstein, and Henry Laurens, Europe and the Islamic World: A History Princeton University Press. 2013. ISBN 978-0-691-14705-5.