Абуъубайди Ҷузҷонӣ

нависанда, шогирд ва шарҳдиҳандаи осори Ибни Сино

Абуъубайдуллоҳ Абдулвоҳид ибни Муҳаммади Ҷузҷонӣ (форсӣ: ابوعبیدالله عبدالواحد بن محمد جوزجانی‎; тақрибан 980[1], Хуросон ё Гузгонна пештар аз 1037) — нависанда, шогирд ва шарҳдиҳандаи осори Ибни Сино.

Абуъубайди Ҷузҷонӣ
Таърихи таваллуд тақрибан 980[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт на пештар аз 1037
Кишвар

Зиндагинома вироиш

Ӯ дар дар Ҷузҷон ба дунё омадаву то поёни умри устодаш дар хидмати ӯ зист.

Соли 1012 ҳангоми мусофирати Ибни Сино аз Деҳистон ба Гургон бо ӯ ошноӣ пайдо намуд ва то охири умри устодаш ӯро ҳамроҳӣ кард. ӯ ҳар рӯз назди Шайхурраис китоби «Ал-Маҷастӣ»-ро қироат мекард ва Ибни Сино рисолаи «Ал-Мухтасар-ул-авсат»-ро дар Гургон ба вай имло менамуд. Вақте Ибни Сино дар Исфаҳон бо дастури Алоуддавла хост, ки расади кавокиб ва зичи ҷадиде тадвин кунад, Абуубайди Ҷузҷонӣ таҳияи абзору олоти ин корро ба уҳда гирифт ва санъатгаронро ба кор қабул кард. Бо исрори Абуубайди Ҷузҷонӣ «Китоб-уш-шифо» навишта шуд. Абуубайди Ҷузҷонӣ муқаддимае ба «Китоб-уш-шифо» навишт. ӯ баъди марги устодаш бахши риёзии китоби «Китоб-ун-наҷот»-ро таҳия кард ва ба он китоб афзуд. Бахши мусиқӣ ва риёзиёти «Донишномаи»-и Ибни Сино ва тарҷимаву талхиси бахши риёзиёти осори дигари Шайхурраис низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Абуубайди Ҷузҷонӣ пас аз марги устодаш рӯйхати пурраи асарҳои Абӯалии Синоро тартиб дода, ӯро, ки худи Сино оғоз намуда буд, ба анҷом расонид. Ин рисола ягона манбаи эътимодбахш оид ба ҳаёт ва фаъолияти Ибни Сино. Аз зиндагии Абуубайди Ҷузҷонӣ пас аз марги устодаш низ иттилооте дар даст нест. Таълифоти Абуубайди Ҷузҷонӣ асосан ба шарҳи ҳол ва тавсифи осори Ибни Сино тааллуқ дорад. «Рисолаи саргузашт», "Шарҳи «Қасидаи айния», "Шарҳи «Ал-қонун фи-тиб», «Китоб-ул-ҳайвон», «Ҳай ибни Яқзон», «Дебоча»-и «Китоб-ун-наҷот», "Шарҳи қиссаи "Шарҳи қиссаи «Саломон ва Абсол» аз ин ҷумлаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Султонов. М., Аҳамияти рисолаи саргузашт дар омӯзиши аҳвол ва осори Ибни Сино. Д., 1980;
  • Муин Муҳаммад. Муқаддима бар илоҳиёти Донишномаи Аълоӣ, Т., 1331;
  • Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 5, Т., 1383.