Абуюсуф

фақеҳ, шогирди Имом Абуҳанифа

Абуюсу́ф Яъқу́би Ансорӣ ибни Иброҳим ибни Ҳабиб ибни Асъади Куфӣ, бештар маъруф ба Абуюсу́ф Ансорӣ (ар. أبو يوسف الأنصاري‎; 731, Куфа798, Бағдод) — фақеҳ ва донишманди бузурги ислом. Шогирди содиқи Абуҳанифа. Аз хурдӣ дар назди Абуҳанифа дарс омӯхтааст. ӯ дар давраи хилофати Ҳорунуррашид қозии Бағдод буд ва 18 сол ин вазифаи пурмасъулро адо кардааст. Вай аввалин фақеҳест, ки соҳиби унвони қозиюлқузот гардидааст.

Абуюсуф
араб. ар. أبو يوسف
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: қозӣ, муҷтаҳид, файласуф
Таърихи таваллуд: 731[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 13 сентябр 798
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: фиқҳ
Корфармо:
Устодон: Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва Shu'ba Ibn al-Ḥajjāj[d]
Шогирдон: Муҳаммади Шайбонӣ[d][2], Аҳмад ибни Ҳанбал[3] ва Ahmad bin Abi Taybah al-Darimi[d]
Осор:
Вироиши Викидода

Осор вироиш

Абуюсуф мусаннифи осори фаровонест, ки китобҳои зерин аз намунаи онҳоянд:

  • «Китобу-с-салот»
  • «Китобу-з-закот»
  • «Китобу-с-сиём»
  • «Китобу-л-фароиз»
  • «Китобу-л-ваколат»
  • «Китобу-л-васоё»
  • «Китобу-с-сайд ва-з-забоеҳ»
  • «Китобу-л-ҷавомеъ»

Баъзе муҳаққиқон китобҳои ӯро аз 36 то 40 ҷилд номбар кардаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

Пайвандҳо вироиш