Аванти́тул (аз фр. avant — пеш ва лот. titulus — навишта, унвон) — саҳифаи китоб, ки аз варақи унвон пеш меояд. Дар авантитул, одатан, як қисми маълумоти варақи унвон, аксаран номи нашриёт ё логотипи он, номгӯи силсила ё дигар маълумоти болои сарлавҳа дарҷ мешавад.

Истифодаи авантитул аз тарҷумаи китоби асл.

Китобҳое, ки тарҷума шудаанд дар авантитул варақи унвони забони аслро меоранд. Ҳамчунин метавон (frontispice) акси муаллиф, шахсеро ки китоб ба ӯ бахшидашудааст ва ё акс ё расмеро, ки муҳтавои китобро баён мекунад гузошт. Барои ороиши беҳтар ва гузоштани соядасти муаллиф дар шакли чоппӣ ва ё бо гузоштани чанд хат барои навиштан, аз саҳифаи аввали авантитул метавон истифода бурд. Саҳифаи аввали авантитул озод аст. муаллиф ва ё тарроҳи китоб ин саҳифаро метавонад самаранок истифода барад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш