Худнигора

(Тағйири масир аз Автопортрет)

Худнигора (форсӣ: خودنگاره‎), автопортрет — нигораи рассом, як навъи жанри портрет, ки дар он рассом симои худашро меофарад (бо ёрии як ё якчанд оина).

Автопортрети Рембрандт, тахминан 1655

Дар автопортрет рассом, одатан, тимсоли маънавӣ ва шахсияти худро кушода, зимни робитаи фарду ҷамъият қисмати ҳамзамонон, синфҳо ва табақаҳои ҷудогона, инчунин афкору ғояҳои мухталифи эҷодиро таҷассум месозад. Аксар вақт рассом автопортретро барои ҳамтарафа донистани сирату сурати хеш бо мақсади таҷрибаю ҷустуҷӯҳои эҷодӣ меофарад.

Таърих вироиш

Офариниши автопортрет дар санъати атиқа (Фидий) ва асрҳои миёна (ҳайкалтароши новгородӣ Аврам) маълум буд. Рассомони италиявии давраи аввали Эҳё (Мазаччо, Доменикко, Гирландайо, Ботичеллӣ) шабеҳаи худро ба сужети композитсияҳои динӣҷой медоданд. Автопортрет чун жанри ҷудогонаи портретнигорӣ дар садаи XVI шакл гирифт. Автопортрет дар санъати давраи Эҳё мақоми ҷамъиятӣ ва худшиносии рассом (Рафаэл, Автопортрет Дюрер) ва дар санъати манеризм таҳрикоти олами ботиниро (Титсиан, Тинторетто) ифода мекунад. Дар автопортретҳои садаи XVII тасвири драматизм ва эҳтиросоти психологӣ инкишоф ёфта, симои иҷтимоии рассом, тарафҳои гуногуни муносибати ҷамъиятию шахсӣ ва ақидаю афкори эҷодии ӯро мекушояд (Н. Пуссен, П. П. Руббенс ва Рембрандт). Дар садаи XVIII тасвири ҷиҳатҳои маҳрамона, муҳи­ти корӣ ва оилавӣ афзалият пайдо кард (Ж. Б. Шарден, Ҷ. Рейнолдс, Ф. И. Шубин). Бузургтарин рассомони садаи XIX (Ж. Л. Давид, О. Рунге, И. Н. Крамской) дар тимсоли худ на танҳо қимати эҷодии шахс ва ҳаёти маънавии он, балки мақсаду мароми ҳамзамонон ва гурӯҳи иҷтимоии худро таҷассум кардаанд. Дар санъати реалистии пешқадами садаи XX (К. Колвите, Д. Ривера, Р. Гуттузо), ҳамчунин дар санъати тасвирии шӯравӣ (С. Т. Конёнков, М. С. Сарян, П. П. Кончаловский) автопортрети беҳтарин ягонагӣ ва равобити фарду омма ва афзудани мақоми ҷамъиятии рассомро ифода месохт. Рассомони тоҷик А. Ашӯров, Р. Абдурашидов, Н. А. Матасов низ А. офаридаанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш