Адабиёти тасаввуф — маҷмӯъи осори адабӣ ба назму наср, ки дар онҳо андеша ва таълимоти намояндагони тасаввуф ва ирфон ифода ёфта ва тарғиб шудааст. Тасаввуф ҷараёни мазҳабию фалсафӣ ва мафкуравиест, ки асоси онро худошиносӣ, камолоти маънавии инсон ва роҳҳои расидан ба ҳақиқат ташкил мекунад.

Таърихи тасаввуф вироиш

Тасаввуф дар ибтидо ба сифати як падидаи иҷтимоӣ, яъне чун эътирози иддае аз муслимин зуҳур кард ва сипас ба ҷараёни хоси динию фалсафӣ мубаддал гашт. Баъд аз вафоти Пайғамбари акрам (с) дар сарзамини Арабистон, ки маҳди ислом аст, ҳараҷу мараҷи зиёде ба амал омад. Мардуми араб, ки то ин замон дар шакли ҷомеаи авлодӣ мезистанд, ҳар гурӯҳе мехост, то намояндаи авлоди онҳо халифа таъйин гардад. Дар баробари ин, интишори дин идома дошт ва барои паҳн кардани дини Ислом дар кишварҳои дуру наздик ғазавот эълон шуда буд, ки аз ин ҷангҳо ғанимати зиёде ҳам ба даст меомад. Махсусан, дар давраи хилофати Умавиён байни муслимин ду тамоили мухталиф дида мешуд: дунёдориву ҳирс ба сарвату макнат аз тарафе ва майл ба зӯҳду тақво ва порсоии шадид ва пайравӣ аз равиши Пайғамбар (с) аз тарафи дигар. Аз ин миён гурӯҳе ба шакли эътироз аз хулафои вақт гӯшанишинӣ ихтиёр карданд ва тадриҷан ин амали онҳо ба оини хоси гурӯҳи зоҳидон табдил ёфт. Зоҳидон либоси пашмина пӯшида, ба ибодату риёзат ва сабру қаноат машғул шуданд, тарки дунё ва лаззатҳои онро талқин мекарданд, зеро маънии зӯҳд тарки дунё ва баҳраҳои онро дорад. Касеро, ки барои расидан ба лаззати охират аз лаззати дунё эъроз мекунад, зоҳид мегӯянд. Ҳамин пашминапӯшии зоҳидон боис гашт, то онҳоро суфӣ гӯянд. Аввалин касе, ки бо исми «суфӣ» мавсум шуд, Абуҳошими Кӯфӣ буд. Хуллас, дар байни мусулмонон сабаби пайдоиши тасаввуф зӯҳд ва хавф аз Худо буд, ки омилҳои иҷтимоӣ низ дар амри пайдоиши ин ҷараён муассир буданд. Дар садаи VIII суфизане ба исми Робиаи Адавияи Басрӣ масъалаи муҳаббатро бар зӯҳди сӯфиён афзуд ва онро асоси тариқати тасаввуф қарор дод. Ҳамин муҳаббат аст, ки баъдтар ба ишқи илоҳӣ дар ирфон ва тасаввуф маъруф шуд. Дар садаи IX Зуннуни Мисрӣ масъалаи маърифати Ҳақро ба миён гузошт, ки тасаввуфро як тариқаи амалӣ ба мактаби фикрию фалсафӣ таҳаввул дод. Дар ҳамин давра Боязиди Бистомию Мансури Ҳаллоҷ истилоҳоти фаною бақоро ба кор бурданд, ки ин заминаи таълимоти ваҳдати вуҷуд мебошад. Таълимоти ваҳдати вуҷуд дар садаи XIII аз ҷониби Ибни Арабӣ аз ҷиҳати назарӣ такмил дода шуд ва орифони бисёри баъдинаро таҳти таъсир гузошт. Тадриҷан аҳли тасаввуф ва ирфон ба таълифу тасниф рӯ оварданд ва ба шарҳ додани мабонию мақомоти тасаввуф ва ирфон шурӯъ карданд. Дар ибтидо таълифи кутуби суфия ба забони арабӣ сурат гирифт ва дар садаи X чанд асар ба ин забон навишта шуд, аз қабили «ал-Ламаъ фӣ-т-тасаввуф»-и Абунасри Сарроҷи Тусӣ, «Қут-ул-қулуб»-и Абутолиби Маккӣ, «ат-Таъарруф ли мазҳаб ит-тасаввуф»-и Абубакр ибни Абуисҳоқи Бухорӣ, «Табақот-ус-суфия»-и Абуабдурраҳмони Сулламӣ. Ба забони форсии тоҷикӣ низ аз садаи X сар карда китобҳои назарӣ оид ба тасаввуф навишта шудаанд: «Шарҳи Таъарруф»-и Абуиброҳим Мустамиллии Бухорӣ (асри 10), «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Абулҳасан Алӣ ибни Усмон Ҷуллобии Ҳуҷвирӣ, «Рисолаи Қушайрия»-и Абулқосими Қушайрӣ (тарҷумаи мурид ва шогирди ӯ Абуалӣ Ҳасан ибни Аҳмади Усмонӣ), «Нур-ул-улум»-и Абулҳасани Харақонӣ (асри 11) ва ғайра Чун тасаввуф ва ирфон ҷанбаи назарӣ касб кард, барои суфиён зарурати сухан гуфтан ва изҳори афкору ақоид ва ваҷду ҳол падид омад.

Аҳли тасаввуф вироиш

Аҳли тасаввуф барои баёни таҷрибаҳои ботинӣ ва тарғиби орои худ ба шеъру шоирӣ пардохтанд. Азбаски шеър, тасаввуф ва ирфон дар бисёр маврид ҷиҳатҳои муштарак доранд ва дар ҳар ду ҳам эҳсос ва завқ мавҷуд аст, барои суфиён беҳтарин василаи баёни таҷрибаҳои рӯҳонӣ ва ҳолоту авотиф шеър буд. Аз садаи IX ашъоре ба забони арабӣ аз Робиаи Адавия, Боязиду Ҳаллоҷ боқӣ мондаанд. Абунасри Сарроҷи Тусӣ дар китоби «ал-Ламаъ фи-т-тасаввуф» номи 20 нафар суфӣ, аз қабили Яҳё Маози Розӣ, Иброҳими Хаввос, Ҷунайди Бағдодӣ, Абубакри Шиблӣ ва дигаронро зикр карда, 197 байт шеър аз онҳо иқтибос овардааст, ки ба забони арабӣ навишта шудаанд. Аҳли тасаввуфи Хуросону Мовароуннаҳр низ тадриҷан ба шеъру шоирӣ пардохтанд ва замони вуруди аҳли тасаввуф ба адабиёти бадеӣ садаи X аст. Қадимтарин шеърҳои суфиёна ба забони форсии тоҷикӣ ба садаи X мансубанд. Дар сарчашмаҳои адабию ирфонӣ, аз ҷумла «Асрор-ут-тавҳид»-и Муҳаммад ибни Мунаввар, «Тамҳидот» ва «Номаҳо»-и Айнулқуззоти Ҳамадонӣ порчаҳои алоҳидаи шеърӣ дар қолаби рубоӣ ва ғазал аз Абулқосим Бишри Ёсин, Юсуфи Омирӣ, Абузари Бузҷонӣ, Абуалии Даққоқ, Воизи Сарахсӣ оварда шудаанд, ки дар садаи X зистаанд. Дар садаи XI интишори шеър дар ҳалқаҳои суфиён ба ривоҷи хонақоҳҳо ва хондани шеър дар маҳфилҳои суфиён вобастагии калон дорад. Дар шаҳрҳои хурду бузурги Хуросону Мовароуннаҳр хонақоҳҳо таъсис ёфтанд, ки маҳали таҷаммӯъ ва таълиму иршоди аҳли тасаввуф буданд. Аввалин касе, ки дар маҳфилҳои суфиён хондани шеърро ҷорӣ кард, Абусаиди Абулхайр буд. Абусаиди Абулхайр дар маҳфилҳову маҷлисҳои худ дар баробари ашъораш аз шеърҳои шоирони гузашта ва ҳамзамони худ, аз ҷумла абёти муршидаш Абул­қосим Бишри Ёсин истифода мекардааст. Бино ба таъкиди Муҳаммад ибни Мунаввар (набераи Шайх ва муаллифи китоби «Асрор-ут-тавҳид фӣ мақомоти Шайх Абусаид») худи Шайх мункири ҳирфаи шоирии худ будааст ва тибқи ривояти ин сарчашма ашъори Абусаид аз як рубоӣ ва як фард байт иборат аст. Ба ин ориф як миқдор шеър нисбат дода шудааст, ки асосан дар қолаби рубоӣ суруда шудаанд ва донишманди эронӣ Саид Нафисӣ маҷмӯаи ашъореро бо номи «Суханони манзуми Абусаиди Абулхайр» (Т., 1334 ҳ. ш. — 1956 м.) ба чоп расондааст. Абдуллоҳи Ансорӣ низ илова бар рисолаҳои суфиёна ашъори пароканда дар қолаби ғазалу рубоӣ сурудааст. Баёни ҳақоиқи ирфон ва сӯзу гудози ишқи ҳақиқӣ дар осори мансур ва ашъори ӯ нишондиҳандаи дониши амиқ ва таҷрибаи бойи ӯ дар шеъру ирфон аст. Бештари ашъори Ансорӣ чун Наҷмиддини Розӣ (Доя) дар миёни осори насрӣ ва рисолаҳояш оварда шудаанд. Дар садаи XI ягона шоири мутасаввиф, ки аз худ девони ғазалиёт боқӣ гузоштааст, зиндагӣ ва эҷод намудааст, Бобо Кӯҳии Шерозӣ мебошад. Дар девони шоир бо ғазалҳое вомехӯрем, ки бисёр содаву равон ва дар марҳалаи ибтидоии шеъри суфия қарор доранд ва ба услуби шуарои суфии давр Абдуллоҳи Ансорӣ, Бишри Ёсин, Абусаиди Абулхайр ва ҳатто Абузари Бузҷонӣ наздиканд. Дар садаи XI, дар баробари назм, насри тасаввуфӣ низ хеле ривоҷ ёфт ва дар радифи таълифоти назарии суфиёна осори адабии зиёде навишта шуд («Табақот-ус-суфия», «Манозил-ус-соирин», рисолаҳои «Канз-ус-соликин», «Қаландарнома», «Муҳаббатнома», «Дилу ҷон», «Воридот», «Ҳафт ҳисор», «Мақулот», «Илоҳинома»-и Абдул­лоҳи Ансорӣ; «Савонеҳ-ул-ушшоқ», «Лубоб-ул-эҳё», «Китоб-уз-захират фӣ илм-ал-басират», «Баҳр-ул-ҳақиқат»-и Шайх Абулфатҳ ибни Аҳмад, «Яздоншинохт», «Рисолаи ҷамолӣ», «Тамҳидот» ва «Номаҳо»-и Айнулқуззоти Ҳамадонӣ, «Одоб-ус-суфия», «Рисолат-ут-тайр» ва «Кимиёи саодат»-и Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ ва ғайра. Дар ин осор ҳам баёни усулҳои тасаввуф аст, ҳам ҳикоёти бузургони суфия ва ҳам таҷрибаҳои ирфонӣ. Абдуллоҳи Ансорӣ бо таълифи «Табақот-ус-суфия» бунёди маноқибномаҳои тасаввуфиро ба забони форсӣ гузошт. Ин асари Ансорӣ тарҷумаи «Табақот-ус-су­фия»-и Абуабдурраҳмони Сулламӣ мебошад, ки ба лаҳҷаи ҳиравӣ навишта шуда, тадриҷан дар натиҷаи тасарруфоти котибону адибон ба забони адабии форсии дарӣ хеле наздик карда шудааст. Ин асар маъхази «Тазкират-ул-авлиё»-и Аттори Нишопурӣ ва «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад. Асри 12 дар таърихи Адабиёти тасаввуф марҳилаи бисёр муҳим аст. Дар ин аср суфияи Хуросону Мовароуннаҳр беш аз пеш ба шеъру шоирӣ рӯ оварданд. Муҳаққиқон ин давраро чун замони ривоҷи шеъри суфиёна эътироф кардаанд. Интишори шеъри суфия дар ин аҳд ба ҳадде буд, ки на танҳо пайравони ирфон ва тасаввуф, ҳатто шоирони ғайрисуфӣ низ ба сурудани шеъри суфиёна майлу рағбат пайдо карданд. Яке аз бузургтарин шоирони садаи XII Саноӣ мебошад, ки чун бунёдгузори шеъри ирфонӣ эътироф гардидааст. Агарчи пеш аз Саноӣ ашъори суфиёна эҷод шуда бошад ҳам, ӯ аввалин шоирест, ки истилоҳот ва таъбироти ирфониро дар шеър ҷорӣ кард. Дар радифи калимоту таъбироти ашъори ошиқона — чашму абрӯ, зулфу холу хат, руху лаб, ки дар шеъри Саноӣҳомили маонии ирфонӣ гаштанд, инчунин ӯ дар ғазалиёти қаландарӣ ва зӯҳдиёташ истилоҳоти хосе чун харобот, маю майхона, зуннору буту тарсо, қаллош ва ғайраро ба кор бурдааст, ки минбаъд дар шеъри суфия васеъ истифода шудаанд. Хидмати Саноӣ дар таҳаввули шеъри ирфонӣ, бахусус дар таҳаввули ғазал ва маснавӣ хеле бузург аст. Дар ғазалиёти шоир маъшуқа мақоми арҷманду воло меёбад, дараҷаи улуҳият пайдо мекунад ва ифодаи ранҷу азоби ошиқ, сӯзу гудоз ва фироқу ҷафои ёр сухани ӯро беш аз дигарон муассир ва дилнишин сохтааст. Саноӣ бо ворид намудани мазмунҳои ирфонӣ, оҳангҳои зоҳидонаю қаландарӣ мундариҷаи ғазалро бой гардонида, дар ҷараёни минбаъдаи ғазалсароӣ ҳам ба шуарои ориф (Аттор, Ҷалолуддини Румӣ), ҳам ба шоирони ғайриориф (Анварӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Хоҷуи Кирмонӣ ва дигар) таъсири азиме расондааст. Аҳли тасаввуф ва ирфон барои баёни асосҳои таълимоти суфия ба эҷоди маснавӣ пардохтанд, зеро паҳновартарин ва густурдатарин майдони таҷаллии афкори ирфонӣ ҳамоно маснавӣ аст, ки ҳамаи матолиби ирфонӣ ва суфиёнаро дар худ меғунҷонад. Маснавии таълимии суфия бо «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат»-и Саноӣ оғоз меёбад. Шоир дар даҳ боб масоили муҳимми динӣ, ирфонӣ ва ахлоқиро баррасӣ намудааст. Ин маснавӣ муҳаррики Ҷалолуддини Румӣ дар эҷоди «Маснавии маънавӣ» будааст. Боб ва фаслҳои алоҳидаи асар ба масъалаҳои тасаввуф ва зӯҳд, ихлосу шавқ, ризою таслим, зикру сукр, қаноату фақр ва ғайра бахшида шудаанд. Дар боби аҳли тасаввуф мегӯяд:

Ҳар гадое, ки бинӣ аз кам кам,
Подшоҳест бо хаюлу алам.
Ҳама дурдикашон, вале безарф,
Ҳама муқрӣ, лек на савту на ҳарф.
Чун сари ишқи он ҷаҳон доранд,
Ҳамчу шамъанд, сар зи ҷон доранд…

Аз «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат»-и Саноӣ сар карда, дар манзумаҳои таълимии суфия шарҳу баёни масоили ирфонӣ бо ҳикоёту тамсилот расм шуд ва ин кор дар манзумаҳои Аттору Ҷалолуддини Румӣ ба авҷи аъло расид. Баъд аз Саноӣ шоири дигари арҷманди мутасаввиф Аттор мебошад, ки дар ривоҷи ашъори суфия нақши бисёр муҳим дорад. Аттор дар анвои гуногуни шеър, аз қабили қасида, ғазал, маснавӣ, тарҷеъбанд ва рубоӣ мазмунҳои ирфониро ворид намуда, дар паҳнои шеъри ирфонӣ уфуқи тозае кушодааст. Махсусан, дар таҳаввули ғазал ва маснавиҳои ирфонӣ мақоми арзанда дорад. Шоир дар такомули шаклу мундариҷаи ғазал низ саҳм гузоштааст. Ғазалиёти ӯ назар ба ғазалҳои Саноӣ лутфу завқи бештаре дошта, шоир дар онҳо ҳам мавзӯоти одию маъмулӣ (ғазали ошиқона), ҳам зӯҳду ирфон ва ҳам қаландариётро матраҳ кардааст. Дар ғазалиёти ирфонию қаландарии Аттор рамз фаровон ба кор рафтааст. Агарчи Саноӣ пеш аз Аттор забони ғазалро аз луғоту истилоҳоти рамзӣ бой намудааст, маҳз ба тавассути Аттор ва ғазалиёти ӯ рамзиёти ирфонӣ ривоҷи тоза ёфтаанд. Чунончи:

Тарсобачае ногаҳқасди дилу ҷонам кард,
Савдои сари зулфаш расвои ҷаҳонам кард.
З-ӯ ҳар кӣ нишон дорад, дил бар сари он дорад,
Тарсобача он дорад, девона аз онам кард.
Дӯш он бути шангона май дод ба паймона
В-аз Каъба ба бутхона занҷиркашонам кард.

Шоир бо касби таҷрибаи бойи ирфонию адабӣ луғоту маонии наве ба рамзҳои мутадовил дар шеьри суфия шомил сохт, ки минбаъд мавриди истифодаи васеи шуарои мутасаввиф қарор гирифтанд. Бетардид Атторро бояд яке аз бунёдгузорон ва мураввиҷони рамзиёти ирфонӣ шинохт. Дар ҳамин давра дар шеъри суфия поэтикаи хосе бо рамзиёту истилоҳоти ирфонӣ ба вуҷуд омад, ки қисмате аз ин рамзиёту истилоҳот марбут ба вожаҳои маъмул дар шеъри ошиқона буда, қисмати дигар бо илҳом аз шатҳиёти суфиёна марбут ба шеъри қаландарӣ мебошанд. Дар таҳаввули рубоии ирфонӣ низ Аттор нақши муҳим дорад. Вай маҷмӯаи рубоиёти худро бо номи «Мухторнома» мураттаб намудааст, ки баъд аз маҷмӯаи рубоиёти Абусаиди Абулхайр комилтарин маҷмӯаи рубоиёти ирфонӣ аст. Ин маҷмӯа аз 3000 рубоӣ иборат аст. Баъд аз Саноӣ маснавии таълимии суфия ба воситаи Аттор ривоҷи тозае ёфт. Вай маснавиҳои «Илоҳинома», «Асрорнома», «Мусибатнома» ва «Мантиқ-ут-тайр»-ро дар мавзӯъҳои гуногуни ирфонӣ навишта, дар онҳо мабонии тасаввуф ва ирфонро шарҳу тавзеҳ додаст. Аз миёни ин маснавиҳои ирфонии дилангез аз ҳама муҳимтар ва шевотар «Мантиқ-ут-тайр» аст. Дар ин маснавӣ шоир марҳилаҳои сулук ва душвориҳои онро баён намудааст, ки мурғон (соликон) бо матонату садоқат марҳилаҳои мушкилро тай намуда, ба мақсуди худ мерасанд. Шоир дар асараш тайи ҳафт водии душвор, ки ишора аст ба ҳафт марҳила аз марҳилаҳои сулук (яъне талаб, ишқ, маърифат, истиғно, тавҳид, ҳайрат ва фақру фано)-ро нишон додааст. Аз шоирони дигари суфимашраб дар садаи XII Аҳмади Ҷом мулаққаб ба Жандапил мебошад. Эҷодиёти ин шоир, ки дар баробари дигарон осори манзуму мансур шомили девони ғазалиёт аст, дар таҳаввули ғазал, хусусан, ғазалиёти ирфонӣ таъсири азим доштааст. Дар садаи XII насри суфиёна ба ривоҷи назаррасе ноил шудааст. Дар осори мансури ин давра ҳам мавзӯъҳо ва масоили назариву амалии тасаввуф ва ирфон дарҷ ёфтаанд. Бузургтарин асари насрии ин давра «Тазкират-ул-авлиё» мебошад, ки дар заминаи «Табақот-ус-суфия»-и Ансорӣ ва маъхазҳои дигари тасаввуфӣ дар шарҳи аҳвол ва суханони 96 нафар шайхони суфия таълиф шудааст. Осори дигари нас­рии ин давра «Рисола фӣ-с-сулук», «Рисолат-ут-тариқ», «Ҳидоят-ут-то­либин», «Одоб-ул-муридин», «Сакинат-ус-солеҳин», «Вусул илаллоҳ»-и Наҷмуддини Кубро, рисолаи «Са­фар»-и Маҷдуддини Бағдодӣ, «Маориф»-и Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайни Хатибии Балхӣ, «Авориф-ул-маориф»-и Шаҳобуддини Суҳравардӣ мебошанд. Асри 13 давраи авҷи тасаввуф ва Адабиёти тасаввуф ба шумор меравад. Дар ин аср бо зуҳури Ҷалолуддини Румӣ шеъри суфиёна ба қуллаи таҳаввулу такомул расид. «Девони кабир» ё «Куллиёти Шамси Табрезӣ» ва «Маснавии маънавӣ»-и ӯ аз беҳтарин ва бузургтарин шоҳкориҳои шеъри ирфонӣ мебошанд. Ғазалиёти шӯрангези ӯ бар асари самоъ ва ваҷд суруда шуда, дорои оҳанги хосанд, баёни ишқу ҳақиқати ирфонро фаро гирифтаанд. Қисмате чун қаландариёти Аттор ҳовии и

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш