Адабиёти форс-тоҷик

Адабиёти форс-тоҷик — истилоҳи нисбатан нав дар адабиётшиносист, ки бори нахуст аз тарафи Садриддин Айнӣ барои ифодаи мафҳуми адабиёти классикии асрҳои 10 – 15 истифода шудааст.

Агар чанде асоси ин адабиёт дар ватани аслии тоҷикон Мовароуннаҳр гузошта шуда, аввалин осораш ба забони мардуми маҳаллии ин сарзамин – дарӣ ё порсии дарӣ ба вуҷуд омадааст ва шоирони даризабон ин ҷо дар рушди баъдинаи он саҳми намоён гузоштаанд, танҳо ба мардуми эрони имрӯза мансуб дониста мешуд. Шарқшиносон бархилофи ҳақиқати таърихӣ ҳуқуқи тоҷиконро ба мероси мадании гузашта инкор мекарданд. Ба ақидаи барғалати онҳо гӯё адабиёти тоҷик танҳо пас аз садаи XVI ибтидо гирифтааст. Истилоҳи адабиёти форс-тоҷик ангезаи сиёсӣ дошт. Он вақт таъйиноти ҳудудҳои миллӣ дар Осиёи Миёна шурӯъ гардида буд. Дар арафа ва ҷараёни ин маъракаи сарнавиштсоз дар минтақа гурӯҳҳои сиёсӣ ва шахсиятҳое пайдо шуданд, ки мавҷудияти қавми тоҷик ва ҳуқуқи онро ба адабиёти беш аз ҳазорсолааш инкор мекарданд. Садриддин Айнӣ бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) исбот намуд, ки дар ин сарзамин аз қадим

«як қавми муаззам бо номи тоҷик, ё ин ки тозик»

Садриддин Айнӣ

зиндагӣ дошта, адабиёти классикии асрҳои 10 – 15, ки бо унвони адабиёти форсӣ шуҳрат ёфтааст, аслан офаридаи тоҷикон аст. Бунёди онро Абуабдуллоҳи Рӯдакии Панҷрӯдӣ гузоштааст ва баъди ӯ низ садҳо адибони барҷаста, мисли Рашидии Самарқандӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Амъақи Бухороӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Сайфи Исфарангӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон. аз ҳамин сарзамин бархоста, барои пешрафти ин адабиёт ҳиссаи арзандае гузоштаанд. Вале аз сабаби он ки дар равнақи адабиёти асрҳои 10 – 15 тоҷикон, форсҳо (эрониён) ва мардуми форсизабони Афғонистону Ҳиндустон саҳм гузоштаанд, Садриддин Айнӣ ва мураттибону муҳаррирони «Намунаи адабиёти тоҷик» (1940), ба таври ҳаққонӣ барои адабиёти ин давра истилоҳи Адабиёти форс-тоҷикро пешниҳод кардаанд. Адабиёти форс-тоҷик на танҳо таъкиди муштарак будани адабиёти классикии асрҳои 10 – 15 барои мардуми тоҷик ва Эрони имрӯза аст, инчунин эътирофи саҳми дигар халқҳои форсизабон (Афғонистон, Ҳиндустон) дар рушди он низ мебошад. Вақте ки баъд аз садаи XVI дар натиҷаи ҷудо шудани сарҳадҳои давлатӣ ва шиддат ёфтани низоъҳои мазҳабӣ алоқаҳои маданӣ ва иқтисодии байни Мовароуннаҳру Хуросон ва Форс (Порс) торафт суст гардида, ягонагии сиёсии онҳо аз байн мерафт, ҳаёти маданӣ ва адабӣ дар ин сарзаминҳо тадриҷан истиқлол пайдо карда, ҳамчун шохаи мустақил – ба унвонҳои «адабиёти форсӣ», «адабиёти дарӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ» ҷараён гирифт. Адабиёти муосири форсӣ, адабиёти дарӣ ва адабиёти даврони шӯравии тоҷик давоми ҳамин шохаи адабиёт мебошанд. Истилоҳи адабиёти форс-тоҷик дар адабиётшиносии даврони шӯравӣ зуд мавқеъ пайдо карда буд, вале дар Ғарб маротибаи аввал консепсияи Адабиёти форс-тоҷик дар асари шарқшиноси чех Ян Рипка «Таърихи адабиёти форс-тоҷик» (1963) амалӣ шуд.

Азбаски адабиёти форс-тоҷик ба истиснои давраи қадим ва марҳалаи оғози ташаккули он дар асрҳои миёна, дигар дар ҳамаи давраҳои баъдӣ ба забони форсии нав – форсии дарӣ навишта шудааст, онро маъмулан бо номҳои «адабиёти форсӣ» ё «адабиёти форсии дарӣ» ё «адабиёти форсии тоҷикӣ» ё «адабиёти тоҷик» зикр менамоянд. Бинобар ин адабиёти форс-тоҷикро имрӯз бештар «адабиёти форсӣ-тоҷикӣ» меноманд.

Сарчашма вироиш

Сарчашма вироиш